Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ван И

№58 (4008) 23.05.2019

47100650854_7477a9781c_o20 май дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бис­ёрҷонибаи Тоҷикистон ва Хитой дар чаҳорчӯбаи барномаҳои шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушду гус­тариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Хитой манфиатдор мебошад.

Аз сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои робитаҳои дуҷониба, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаи сафарҳои ҷавобии расмӣ ва давлатии сарони давлатҳо, татбиқи нишондиҳандаи санадҳои байниҳукуматии ҳамкорӣ ва иштироки ҷониби Хитой дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориро, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, маориф, фарҳанг ва илму технология, баррасӣ карданд.

Инчунин, тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд як роҳ» ва афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳои Хитой ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид гардид.

Масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ, мусоидат ба ҳалли мусолиҳатомези вазъи сиёсию амниятӣ дар кишварҳои минтақа ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир аз мавзӯъҳои дигари мавриди баррасӣ буданд.

www.president.tj