Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Юрий Хачатуров

№108 (3745) 09.09.2017

37097507225_de89ca1f49_oҲаштуми сентябри соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қас­ри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуровро, ки ҳамчун роҳбари ин ниҳод нахустин маротиба ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор мегардад, инчунин дигар мавзӯъ­ҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­к­­­­­­­­­и­­с­­­­­­­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои корҳо ҷиҳати таъсиси сис­темаи ягонаи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштироккунанда дар соҳаи мудофиа ва амният, ки дар давоми 25 соли имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15 соли таъсисёбии созмон амалӣ шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо оид ба мавқеи ягонаи кишварҳои аъзои созмон доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон барои таъмини амнияти ҳудуди давлатҳо ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгаройӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карданд.

Ҳамчунин, масъалаи ҳамкории дастаҷамъии сохторҳои марбутаи кишварҳои аъзо дар самти баланд бардоштани самаранокии кори амалиётҳои муштараки фаврӣ — ҷустуҷӯйӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

www.president.tj