Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Зубайр Маҳмуд Ҳаёт

№67 (3861) 31.05.2018

42399326022_c735f2c00f_o30 майи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон, генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаётро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии кишварҳо баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муносибати дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳо, ки бо талоши сарони давлатҳо мазмуну муҳтавои тоза касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар самти муборизаи муштарак бо терроризму ифротгаройӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ карданд.

Густариши робитаҳои сохторҳои амниятии Тоҷикистону Покистон дар бахши амнияту мудофиа, ҳамкории низомию техникии кишварҳо баҳри ҳалли мушкилоти минтақавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти низомиву сиёсӣ дар Афғонистон муҳим арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба рафти татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи САSA-1000 ва истифодаи имкониятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон табодули назар карданд.

www.president.tj