Соли 2017 – Соли ҷавонон

Мулоқоти Пешвои миллат бо ҷавонони Бадахшон

№82 (3719) 11.07.2017

Барои бархӯрдорӣ аз он намояндагони ҷавонони вилоят 100 километрро пиёда паймуданд

19921097080_923e2da134_oҚиссаи сафари нахустини ҷавонони ВМКБ ба шаҳри Душанбе ва мулоқоти онҳоро бо Сарвари давлат борҳо шунида будам. Аз ин мулоқот 20 сол сипарӣ гардид. Иштирокчиёни вохӯрӣ дар соҳаҳои мухталиф фаъолият доранд, аммо мулоқоти нахустин бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ёдашон боқӣ мондааст. Зуҳробек Бӯрибеков, ки сарвари гурӯҳ буд, хотираҳояшро чунин нақл кард.

- Моҳи марти соли 1998 хабар расид, ки дар шаҳри Душанбе нахустин мулоқоти Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир мегардад.

Бояд сафар дар аввали моҳи май сурат мегирифт, вале бо баъзе ­сабабҳо ба нимаи дуюми моҳи май гузаронида шуд. Ҳавои номусоиди кӯҳистон барои парвози чархбол монеъ мегардид. Аз барфу борон ағбаи Хобурубот низ маҳкам шуд. Рӯзи вохӯрӣ наздик мерасиду корвони ҷавонон ҳанӯз аз Бадахшон ба роҳ набаромада буд. Ноилоҷ рӯзи 13 май бо автобус ба роҳ баромадем. Банда-раиси Кумитаи кор бо ҷавонони ВМКБ, Перӯз Фидоиев — раиси шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Хоруғ, шоираҳо ­Руқияи Давроншоҳ ва Раънои Мубориз, овозхон Соҳиба Давлатшоева, Раъно-донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Додихудо Бахтулҷамолов-наворбардор (равонаш шод бод), мутрибон Ширин Беков, Замири Тиллозод, ҷавонони фаъол Содиқ Бахталиев, Зиё Шоҳқулиев, Зафар Файрӯзшоев, Варқаи Охонниёз, Ғарибмамад Ғарибмамадов, Зафар Буттабеков (равонаш шод бод) ва чанд нафари дигар ба ҳайат шомил буданд.

Шуғнону Рӯшон ва Ванҷ паси сар шуданду ба ноҳияи Дарвоз ворид гардидем. Ҳанӯз ба маркази он нарасида, дар нимароҳ кӯҳпораи азиме афтода, роҳро банд кард. Аз автобус берун шуда, ба тозакунии роҳ пардохтем. Қувваи мо дар кӯҳпораи азим оҷиз ба назар мерасид. ­Сангҳои сари роҳро ба ҷарӣ тела додем, ки шом шуд. Субҳи барвақт аз тарафи қисми низомӣ ба ёрии роҳсозон мошини «Урал» расида омад ва қувваи мо даҳчанд афзуд. Қарибии нисфирӯзӣ бо ёрии ҳарбиёну роҳсозон роҳ кушода шуд. Ронанда босуръат мошин меронд, вале ноомади корро бинед, ки чанде роҳ напаймуда, нозири БДА-и ноҳияи Дарвоз Раҷабалӣ Давлатов аз банд будани роҳ тӯли ду ҳафта хабар дод. Кӯпруки болои дарёи Жак-Марғро сел шустааст. Мошинҳои мусофиркаш, ки ҳамроҳи мо дар сафар буданд, аз нисфи роҳ пас гаштанд. Ҷавонон азм карданд, ки минбаъд роҳро пиёда тай мекунанд.

Сад километрро аз Дарвоз то Кӯлоб пиёда тай намудем.

Шоира Руқияи Давроншоҳ дар хотираҳояш аз он рӯзҳо навиштааст:

«Қадамзанон ба Яхчисор расидем. Дар хонаи бобои Ҷамол, ки дар мавзеи роҳсозон қарор дошт, меҳмон шудем. Садафмоҳ-духтари бобои Ҷамол ҳоли зори моро дида, дар ташвиш шуд, ки аз Девдараи касногузар чӣ тавр мегузашта бошем?».

Пиёда роҳамонро идома додем. Аз Девдараю аҷинадара бо кумаки Худованд гузаштем. Дар рӯзи сеюми сафар ба қароргоҳи даҳуми сарҳадӣ расидем. Сардори қароргоҳ Рустам Лоиқов супориш дод, ки бароямон дастархон ороянд. Зери садои марғуладори ҳофизони хушсадо Ширини Бек ва Соҳиба Давлатшоева хастагии роҳ рафъ шуд. Он шаб ҳамроҳ бо бародарони хатлонӣ дар сари як дастархон то бевақтии шаб суҳбат доштем.

Субҳи барвақт моро тавассути трактор аз дарёи тезоби Ниёв ба канори дигари роҳ гузаронданд. Ноҳияҳои Даштиҷуму Шӯроободро гузашта, ба Кӯлоб расидем. Дар чеҳраи мардум хурсандӣ ҳувайдо буд. Истиқболи гарму ҷӯшони сокинон ба мо болу пар бахшид.

Меҳмоннавозӣ интиҳо надошт. Рӯзи дигар вориди шаҳри Душанбе шудем. Афсӯс, ки вохӯрӣ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аллакай доир шуда буд. Президенти кишвар баъд аз мулоқот бо сафари корӣ ба Фаронса рафтанд. Аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат хабар доданд, ки мулоқоти мо бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашт доир мегардад, зеро Сардори давлат қарор додаанд, ки ҷавонони Бадахшонро дар алоҳидагӣ қабул мекунанд. Бесаброна интизор шудем.

Соати мулоқот фаро расид. Президенти ҷумҳурӣ изҳори миннатдориашонро барои пиёда омаданамон баён намуда, қайд карданд, ки барои сулҳу салоҳ ва пойдории ваҳдат паси сар кардани мушкилот ҳеҷ аст. Роҳе, ки шумо аз тариқи он ба шаҳри Душанбе омадед, то ағбаи Қулма пурра бозсозӣ мешавад. Вақт довар аст, ки Девдара Гулдара мешавад ва шумо шоҳиди ин муъҷиза хоҳед шуд. Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ду рӯз пеш дар шаҳри Париж бо сарвари исмоилиёни ҷаҳон Волоҳазрат Шоҳкарим-ал Ҳусайнӣ перомуни Бадахшон суҳбат доштаанд. Тобис­тони худи ҳамон сол бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳзода Карим Оғохони IV ба Тоҷикистон ташриф овард.

Суханони Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле самимӣ ва хоксорона буданд. Моро ташвиқ карданд, ки баъди бозгашт ба мардуми Бадахшон аз боби сулҳу ваҳдат ва ҳамгироӣ сухан гӯем. ҳамчунин ба ҷашни ҷавонон, ки 23 май дар Боғи истироҳати шаҳри Душанбе баргузор гардид, даъват намуданд. Баъдан бо супориши Роҳбари мамлакат намояндагони ҷавонони ВМКБ тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Хоруғ фиристода шуданд.

Бо гузашти солҳо гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд: Девдара Гулдара шуду роҳи Ваҳдат ағбаи Қулмаро убур кард. Ваҳдату ҳамдилӣ ва якдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо гардид.

Ба қадри ин неъмати бебаҳо бояд расид ва шукрона кард.

 Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»