Мулоқоти Пешвои миллат бо бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун»

№129 (4235) 17.10.2020

14 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мулоқот карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаи чорабинии муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар интихобот мардуми шарифи тоҷик пуштибониву садоқатро ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ояндаи ободу осудаи давлати соҳибис­тиқлол бори дигар исбот намуданд. Пешвои миллат ба мардуми сарбаланди тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар сипосу миннатдорӣ баён карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи ба кор андохтани агрегатҳои якум ва дуюми неругоҳ ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки тавассути онҳо аллакай 1,7 миллиард киловатт — соат неруи барқ истеҳсол ва ба шабакаҳои энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст. Аз аввали корҳои барқарорсозӣ ба иншооти неругоҳ, яъне, аз соли 2008-ум, 25 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст. Танҳо соли 2020 барои сохтмони он аз ҳисоби буҷети давлат қариб се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Таъкид гардид, ки айни ҳол дар сохтмон 12707 коргар ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла, 1990 корманди Ширкати «Вибилд», дар ду баст бо истифода аз 3824 мошину механизм ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Вобаста ба иҷрои корҳо дар қитъаҳои гуногуни иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки нақби чорум бояд дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба истифода дода шавад, зеро истифодаи он ба баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва обгирии обанбор дар нуқтаи 1100 метр имконият  дода, боиси афзоиши истеҳсоли қувваи барқ мегардад.

Ширкати «Вибилд», ки тибқи шартнома бунёди сарбандро ба уҳда дорад, вазифадор гардид, ки иҷрои корҳоро то сатҳи 1110 метр дар муҳлати муайянгардида таъмин намуда, ба масъалаи устувории сарбанд ва пешгирӣ намудани пуршавии обанбор аз обовардҳо диққати аввалиндараҷа диҳад.

Барои пешрафти кор дар иншоот зарур шумурда шуд, ки шумораи мошину механизмҳо дар сохтмони сарбанд бояд бамаротиб зиёд карда, ҳаҷми рехтану шибба кардани сангу шағал ва масолеҳи дигар ба сарбанд афзоиш дода шавад. Яъне, бо ин роҳ бунёди неругоҳ боз ҳам суръат гирифта, муҳлати пурра ба кор андохтани агрегатҳои боқимонда ҳар чӣ камтар карда шавад.

Таъкид гардид, ки бояд ба эътимоднокии корҳои сохтмон ва истифодаи масолеҳу таҷҳизоти босифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир гардад. Кормандони назорати техникии НБО «Роғун» вазифадор шуданд, ки якҷо бо мутахассисони Хадамоти давлатии назорати меъморӣ ва сохтмони назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ин масъаларо бо реҷаи шабонарӯзӣ таҳти назорат қарор диҳанд.

Баъди таҳлили пурраи ҷараёни корҳо дар иншооти муҳими кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти неругоҳ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Ширкати «Вибилд» — Петро Салини дар бораи иҷрои корҳо дар сарбанди неругоҳ андешаронӣ кард.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохт­мончиёни неругоҳ, аз ҷумла, ба онҳое, ки бо фаъолияти созанда кори бунёди иншооти тақдирсози миллат ва ба кор андохтани агрегатҳои боқимондаи онро вусъат бахшида истодаанд, аз номи мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.

www.president.tj