Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон ва масъулони шаҳри Душанбе

№16 (3653) 16.02.2017

32788231341_815ffe2d00_o15 феврали соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он раёсат ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон, зиёиён, иттиҳодияҳои эҷодию динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар ҳузури иштирокчиён Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз гузашта ва имрўзаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ва мушкилоту дастовардҳои он дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти онрўзаро идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар роҳи таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки он барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи пойтахти мамлакат ва таҳияи нақшаю барномаҳои наву муосири таъминкунандаи пешрафту тараққиёти бемайлони он дар оянда шароити созгор фароҳам хоҳад овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал вазъи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳри Душанбе, аз ҷумла, роҳу нақлиёт, барқу гармидиҳӣ, обу корезӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бозору марказҳои савдо, тандурустӣ, варзиш, мактабу муассисаҳои маорифу фарҳанг, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро мавриди таҳлил қарор дода, роҳбарият ва масъулони онҳоро барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ доданд. Ҳамчунин, тақвият бахшидани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятиро дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, барои таҳким бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат тақозо карданд.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию таваҷҷуҳи пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ ва таъкид намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳнамунсози Сарвари давлат роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои ободонию пешрафти пойтахти мамлакат тамоми тадбирро амалӣ хоҳад кард.

www.president.tj