Мулоқоти Пешвои миллат бо кормандони мақомоти судӣ

№141 (4091) 23.11.2019

49099049861_7d262ea802_o21 ноябри соли 2019 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди конститутсионӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони судҳо ва судяҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Ҳадаф аз баргузории мулоқот таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, таъмини адолати судӣ, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа буд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судиро дар давраи аз соли 2009 то 2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо, таъмини волоияти қонун ва дигар самтҳои асосии соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, беҳтар намудани таъминоти моддию техникии онҳо, такмили қонунгузории соҳа ба хотири баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тадбирҳои муҳиму мушаххасро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул шуд, ки онҳо дар пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.

Тибқи барномаҳо, чандин қонун, аз ҷумла, қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» аз нав таҳия ва қабул шуданд, ки дар самти такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмӯъ, таҳкими ҳокимияти судӣ, дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиҳои соҳа ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар фаъолияти кории судҳо баъзан риоя накардани муҳлати баррасии парвандаҳои судӣ ба мушоҳида мерасад. Бинобар сабаби ба талаботи қонунгузории амалкунанда ҷавобгӯ набудани сифати таҳияи санадҳои судӣ, онҳо аз тарафи судҳои болоӣ бекор карда мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар давоми даҳ сол, бинобар сабаби бемасъулиятӣ ва дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаи хизматӣ, ба ҷиноят даст задани баъзе аз судяҳо, 25 нафар бо ҳукми Суди Олӣ маҳкум шуданд. Дар ин давра, ҳамчунин, 16 нафар корманди дастгоҳҳои судӣ барои содир кардани ҷиноят маҳкум гардиданд.

Фаъолияти нокифояи судӣ дар аксар маврид боиси норозигии шаҳрвандон мегардад ва онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоӣ бо арзу шикоят муроҷиат менамоянд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат гузориши прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Суди Олии ҷумҳурӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода шунида шуд.

www.president.tj