Мулоқоти Пешвои миллат бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ

№28 (4290) 02.03.2021

50992326731_d80cc6c2fa_o1 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷирга (Маҷлиси намояндагон)-и Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро, ба ҳузур пазируфта, доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин, мавзӯъҳои мубрами байналмилаливу минтақавӣ суҳбат намуданд.

 Пешвои миллат аҳамияти ҳамкории байнипарлумониро барои таҳким бахшидан ба равобити гуногунҷанбаи ҳар ду кишвари ҳамҷавор муҳим арзёбӣ карда, ба раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки айни замон дар ҷараён аст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зарурати дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон зикр карда, бори дигар аз ҷонибдории Тоҷикистон нисбат ба иқдомот ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистон ёдовар шуданд.

Бо ишора ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон аз ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистони ҳамҷавор, Пешвои миллат дар охири моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардидани ҷаласаи сатҳи баланди ҳамоиши «Қалби Осиё – раванди Истанбул»-ро, ки Тоҷикистон раёсати онро ба уҳда дорад, аҳамиятнок арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, зимни суҳбат ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, иҷтимоиёт, инчунин, бо дарназардошти бемории COVID-19 дар соҳаи тандурустӣ ва нақши парлумонҳо дар ин ҷода, ишора гардид.

Масоили амният, хусусан мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир — терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин, таъмини амнияти сарҳадот дар ҳамкории мутақобила низ мавзӯи суҳбати ҷонибҳо буд.

Дар анҷоми суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Афғонистон сулҳу амонӣ ва шукуфоиву нумӯи рӯзафзун таманно намуданд.