Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбари Ҷумҳурии Тотористон

№32 - 33 (3982 - 3983) 28.03.2019

40453663553_13ef8008e2_o19 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овард, мулоқот намуданд.

Маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ҳама соҳа, аз ҷумла шарикии минтақавӣ бо Ҷумҳурии Тоторис­тон, қаноатбахш арзёбӣ шуд.

Бо дарназардошти шароит ва имкониятҳои мавҷуда, соҳаҳои саноат, нақлиёту коммуникатсия ва комплекси агросаноатӣ аз самтҳои ояндадору тақвиятбахшандаи робитаҳои дуҷониба маънидод гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки бо сайъу талошҳои муштарак, хусусан робитаҳои мустақими доираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамгироии Тоҷикистон ва Тотористон ба сатҳу сифати беҳтар расонида мешавад.

Барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати нефту газ, коркарди маҳсулот, саноати вазнин, сабук, кимиёвию сохтмонӣ ва дорусозӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.

Аз имконоти бузурги таъминоти бозорҳои Тотористон бо меваю сабзавот ва полезиҳои аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ёдовар шуда, ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикис­тон ва Тотористонро дар соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд.

Баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Тотористон воситаи хуби густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, бахусус сармоягузорӣ, саноат, комплекси логистикӣ ва агросаноатӣ, бонкдорӣ, муҳоҷират ва тандурустӣ маънидод гардид.

Барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ҳамчунин истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, бунёд ва таъмини фаъолияти паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон, таъсиси биржаҳои муштараки меҳнатӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба барои соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба имкониятҳои фаровони рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф ва фарҳанг табодули афкор намуданд.

www.president.tj