Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

№81 (4187) 04.07.2020

50070546953_51a812b7fb_oСеюми июли соли 2020 пас аз мавриди истифода қарор додани як зумра иншооти нави истеҳсолию иҷтимоӣ, шиносоӣ бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии сокинон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии «Ваҳдат» бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, сохтору мақомот ва фаъолон мулоқот намуданд.

Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат тамоми соҳа ва паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоятро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам суръат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд. Роҳбари давлат зикр намуданд, ки ҳарчанд оид ба пешгирии паҳншавии бемории нави коронавирус Давлату Ҳукумати кишвар чораҳои фаврӣ ва саривақтӣ андешида бошанд ҳам, пайомадҳои манфии он ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, расид.

- Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID — 19 ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи он иқдомоти Ҳукумати мамлакат мебошад, ки ба дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, махсусан, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, нигаронида шудааст. Хушбахтона, ин ташаббус аз ҷониби аҳолӣ, роҳбарону кормандони корхонаҳо ва соҳибкорон бо хушнудӣ пазируфта шуд ва татбиқи босамари он натиҷаҳои самарабахш ба бор оварданд ва мо тавонистем ба зудӣ пеши роҳи паҳншавии босуръати ин бемории хавфнокро бигирем, — таъкид намуданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Вобаста ба нақшаҳои бунёдкорие, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тарҳрезӣ гардидаанд, масъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки назорати босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда татбиқ гардидани лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро таъмин намоянд. Бо таваҷҷуҳ ба таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ, ҷалби бештари сармояи мустақими дохилию хориҷӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолоту содирот ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ зарур шуморида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба масъалаи рушди соҳаи саноати вилоят таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки дар панҷ моҳи соли 2020 дар вилоят 29 корхона бо 370 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла, 10 корхона доир ба истеҳсоли хӯрокворӣ, 5 корхонаи дӯзандагӣ, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон таъсис дода шудааст. Ҳарчанд ки ин нишондиҳанда дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар ҳиссаи вилояти Суғдро ба 51 фоиз ва суръати рушди онро то ба 18 фоиз расонад ҳам, дар муқоиса бо имконияту захираҳои вилоят ночизанд. Ба андешаи Роҳбари давлат, бо чунин нишондиҳандаҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар мушкил мегардад. Дар ин росто, зарур дониста шуд, ки барои таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Роҳбари давлат, ҳамчунин, ба ­масъалаи истифодаи оқилонаи замин ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат дахл карда, таъкид доштанд, ки дар шароити паҳншавии пандемияи коронавируси COVID — 19 ва маҳдуд шудани содироти масолеҳи ғизоӣ, аз ҷумла, гандум аз ҷониби як қатор кишварҳои шарик, андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ муҳим мебошад. Дар робита ба ин, роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гардиданд, ки вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои президентӣ, гузаронидани кишти тақрорӣ, ташкили гармхонаҳо ва боз ҳам баланд бардоштани маданияти истифодаи замин корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷоннок намоянд.

Вобаста ба вазъи соҳаи тандурустӣ қайд гардид, ки танҳо дар 5 моҳи сипаришудаи соли равон дар вилояти Суғд 123 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар соли 2021 ифтитоҳи боз 60 иншооти тандурустӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар вилоят 1114 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла, 1073 муассисаи давлатии тиббӣ ва 41 муассисаи хусусӣ фаъолият доранд. Ба хотири боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои тандурустии вилоят ба ҳолатҳои фавқулода, ба мисли хурӯҷи дигарбораи бемориҳои гуногуни сироятӣ, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ ва ташхису табобати бемориҳо зарур шуморида шуд. Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир ба ҳалли ин ­масъалаҳо тадбирҳои фаврӣ андешад.

- Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти нави тандурустӣ, таҷдиду таҷҳизонидани муассисаҳои тиббии таъмирталаб ва баланд бардош­тани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Илова бар ин, масъулон бояд хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардониро ҷиддӣ назорат намоянд, — гуфтанд Пешвои миллат.

Дар мулоқот, инчунин, масъалаҳои вобаста ба иҷрои қонунгузорӣ оид ба молия ва буҷети давлатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, санҷишҳои прокурорӣ оид ба тақсимоти замин, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии сокинони вилояти Суғд мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо дас­тур доданд, ки ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода, бахусус, омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, инчунин, бо дарназардошти вазъи бозори ҷаҳонӣ ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани мушкилиҳо дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ дар ҳар як оила барои ду сол захира намудани маҳсулоти ғизоӣ ва риояи сарфаю сариштакорӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешанд.

Дар интиҳо Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсиву иқтисодии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон, тақозо менамояд, ки неруи ҷисмониву зеҳниро ба ҳимояи дастовардҳои муқаддастарини халқамон-истиқлолу озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватан равона созанд.

Сипас, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба комёбиҳои мардуми вилоят, камбудию норасоиҳое, ки дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинон ба чашм расиданд, маълумот дод. Аз ҷумла, гуфт, ки бо мақсади зиёд кардани ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ Ситоди вилоятӣ таъсис дода, тасмим гирифтанд, ки то таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят боз 300 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ, асосан, корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, сохта ба истифода диҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилоятро вазифадор карданд, ки ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ, дар ҳар як шаҳру ноҳия то ҷашни 30-солагӣ бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ ва омодагии ҷиддии муассисаҳои тандурустии вилоят ба мавҷи дуюми эҳтимолии бемории COVID — 19 — ро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамин тариқ, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҳолати кунунии рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ба Сарвари давлат маълумот пешниҳод намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони шаҳру ноҳияҳоро ба суръат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷоннок намудани корҳои саҳроӣ, аз ҷумла, дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани кишти такрории замин ва баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳо ҳидоят намуданд.

www.president.tj