Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил

№128 (4078) 25.10.2019

24 октябри соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳа суханронӣ ва таъкид карданд, ки ҳадафи вохӯрӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти кунунии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории Ҳукумати кишвар бо ин ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ ва иштироки ин ниҳод дар тадбирҳои ободонию созандагӣ ба хотири рушду пешрафти кишвар аст.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи Ташкилоти байналмилалии меҳнат мебошад, ки аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи ташкилоти мазкур пазируфта шудааст. Ҳамаи ин санадҳо бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидааст.

Аз ин хотир, иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадор аст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.

- Инчунин, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаашон назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ намоянд, — таъкид дош­танд Президенти мамлакат.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор намуданд, ки роҳбарону фаъолон ва аъзои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон минбаъд низ барои фароҳам овардани шароити шоистаи кор ва зиндагӣ ба мардуми шарифи Ватани азизи мо — Тоҷикис­тон содиқона хизмат хоҳанд кард.

www.president.tj