Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён

№ 20.03.2018

19 марти соли 2018 дар Муассисаи  давлатии «Китобхонаи миллӣ» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврўзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардуми ҳавзаи тамаддуни Наврўз ва зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфта, ба онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба зиёиёни кишвар неруи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки аҳли зиёи мамлакат, олимону донишмандон, муаррихон минбаъд ба омўзиш ва таҳқиқи асолати таърихии ҷашни Наврўз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аҳли эҷод беҳтарин асарҳоро ба ин мавзўъ мебахшанд ва нақши ҷаҳонии онро дар таҳкими сулҳу субот, дўс­тиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо боз ҳам равшану возеҳ месозанд.

Барои ба насли оянда шинос кардани ѓояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллӣ дастур доданд, ки зиёиёни кишвар бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, мунтазам вохўриҳо гузаронида, аҳамияти онҳоро фаъолона тарѓиб намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷомеа ба неруи созандаи зиёиёни Ватан эътимод дорад ва минбаъд низ пайваста ба ин неру такя карда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ давлат ва ҷомеаро ба сўйи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ хоҳем кард.

Чун соли 2018 аз ҷониби ­Президенти мамлакат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин дар бораи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни мулоқот Сулаймони Аҳтам, роҳбари маҳфили «Адибони ҷавон» — и Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон, Насима Қосимӣ, аспиранти соли дуюми Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии Академияи илмҳо ва Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баромад карда, оид ба дастгириҳои амиқи Пешвои миллат аз рушди бахшҳои иҷтимоӣ, ташаббусҳои аҳли зиёи мамлакат ва дигар тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд.

www.president.tj