Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сооронбай Жээнбеков

№81 (3718) 08.07.2017

35365419830_c48d55ba33_oШашуми июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистонро марзҳои муштарак, истифодаи умумии ҳавзаи дарёҳо ва инфрасохтори зарурии роҳу нақлиёт ба ҳам мепайвандад. Барои рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо шароити мусоид ва имкониятҳои фаровон муҳайё мебошад.

Ҳамкории ду давлати ҳамсоя дар доираи татбиқи Лоиҳаи минтақавии хатҳои барқи баландшиддати CASA — 1000 муҳим ва барои минтақа манфиатбор арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо барои беҳтар гардонидани сатҳи робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат дар заминаи ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар комиссияву зеркомиссияҳои танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии роҳҳои оҳан ва лӯлаҳои газ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкориҳои ҳамсоядавлатҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид.

Мавзӯи дигари суҳбати ҷонибҳо мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир буд.

www.president.tj