Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия

№79 (4029) 02.07.2019

48161728531_83fa1782b7_o30 июни соли 2019 дар шаҳри Минск мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин баргузор гардид.

Дар он ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалии ИДМ, СААД ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Александр Лукашенко ва Ҳукумати Беларус барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Бозиҳои дуюми аврупоӣ, ки шоми 30 июн ҷамъбаст гардид, баҳои баланд доданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

www.president.tj