Мулоқоту музокироти Пешвои миллат дар Швейтсария ва Франсия

№135 (4085) 08.11.2019

49018369432_e0a2062899_o5 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфедератсияи Швейтсария оғоз гардид.

Маросими истиқболи расмӣ дар Қасри федеролӣ баргузор ва парчамҳои давлатӣ афрохта шуд.

Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер гарму самимӣ истиқбол гирифт.

Дар ҳамон ҷо маросими аксгирии сарони давлатҳо ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар доир гардид.

Вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар мулоқоту музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.

Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер изҳор намуд, ки «Мо бо Тоҷикистон пайвандӣ дорем, зеро аз ҷумлаи кишварҳои кӯҳӣ ҳастем ва Швейтсарияю Тоҷикистон дар болооби дарёҳои фаромарзӣ воқеанд. Омодаем, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардумон лоиҳа ва ташаббусҳои гуногунро низ бо Шумо якҷоя анҷом диҳем».

- Шуморо, ҷаноби Президент, барои сиёсати муваффақона ва татбиқ кардани ислоҳот дар соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолии кишваратон табрик менамоям, — изҳор дошт Ули Маурер.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, ба ҷониби Швейтсария барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ ва дарёфти роҳҳои нави рушду густариши муносибатҳои ду кишварро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки муколамаи пайвастаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд омили муҳими пешбурди самарабахши ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад. Истифодаи фаъолонаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Шӯрои миллии Конфедератсияи Швейтсария ва таҳкиму такмили пояи шартномавию ҳуқуқии робитаҳои байнидавлатӣ аз тадбирҳои муҳими рушду тавсеаи ҳамкории ҷонибҳо маҳсуб меёбад.

Зикр шуд, ки яке аз муҳимтарин самтҳои равобити Тоҷикис­тон ин ҳамкорӣ баҳри рушд мебошад. Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030»-ро мавриди татбиқ қарор додааст. Дар ин санад ҳадафҳои дарозмуҳлати стратегӣ ва рушди афзалиятноки мамлакат дарҷ гардидаанд.

Густариши ҳамкории беш аз пеш бо Швейтсария дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ таъкид гардид.

Барои татбиқи ин ҳадафҳо рушду тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисодии Тоҷикистон, ба мисли гидроэнергетика, саноат, аз ҷумла, металлургияи ранга, саноати маъданҳои кӯҳӣ, сабуку хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман, дар бахши аграрӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамчунин, рушди зерсохтори сайёҳӣ, зарур шумурда шуд.

Тоҷикистону Швейтсария таҷрибаи хуби ба роҳ мондани ҳамкории барои ҷонибҳо судманди тиҷоратиро доранд. Ҳаҷми гардиши мол дар нуҳ моҳи соли равон 132 миллион долларро ташкил намуд, ки аз болоравии он нисбат ба солҳои пешин шаҳодат медиҳад. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ширкатҳои тоҷикистонии «ТАЛКО» ва швейтсариягии «Гленкор» бошад, дар давоми 12 соли ҳамкорӣ 4,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) ва иштироки ҷониби Швейтсария дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди сармоявии Тоҷикистон омили муҳим номида шуд.

Қайд гардид, ки самтҳои дигари ҷолиб барои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ ва инноватсионӣ, соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, илму маориф ва бахши гуманитариву фарҳангӣ мебошад.

Тавре маълум аст, байни кишварҳо ҳамкории сермаҳсул дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои он, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар сохторҳо мавҷуд аст.

Ҷонибҳо дар чаҳорчӯби ин ташкилоту созмонҳо аз ташаббусҳо ва ҷонибдории мавқеи созандаи ҳамдигар, аз ҷумла, дастгирии ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», оғози амалии ташаббуси Швейтсария зери унвони «Об-барои сулҳ» барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкории ду ҷониб дар доираи «Бунёди ҷаҳонии муҳитизистӣ» ёдовар шуданд.

Тарафҳо, ҳамчунин, оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгаройӣ,  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, қочоқи маводи мухаддир, табодули андеша карданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурерро даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо дар ҳузури сарони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ули Маурер санадҳои нави ҳамкориро ба имзо расониданд:

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва банақша­гирии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенберг мулоқот карданд, ки зимни он масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат ва дигар корхонаҳои бонуфузи Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардиданд.

49018412257_29cf29b2ec_oПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз муҳимтарин соҳаҳои равобити ду ҷониб ба ҳисоб меравад, изҳори қаноатмандӣ карда, шарикии самараноки ширкати «Гленкор»-и Швейтсария бо «ТАЛКО»-и Тоҷикистонро дар истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкорӣ номиданд. Мавриди зикр аст, ки тайи 12 соли охир «ТАЛКО» ва «Гленкор» дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ амалиёти тиҷоратиро ба анҷом расонидаанд. Дар назар аст, ки 5 соли оянда ин ду ширкат, тибқи қарордодҳои баимзорасида, боз ба маблағи якуним миллиард доллари амрикоӣ ҷиҳати тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ маблағгузорӣ хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти имконоти мавҷудаи Тоҷикис­тон ва иқтидори «Гленкор» ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо ҷониби Швейтсария, аз ҷумла, бо ширкати «Гленкор», дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурма ва синк табодули андеша карданд.

Истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ, татбиқи Барномаи таҷдиди иқтидорҳои ширкати «Талко» ва саҳмгузории ширкати мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон — саноатикунонии иқтисоди кишвар зарур шумурда шуд.

Дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид ҳамсуҳбат шуданд.

Ҷонибҳо масоили густариш ва барқарорсозии муносибатҳои дӯс­тию ҳамкорӣ бо ин шаҳри таърихии Конфедератсияи Швейтсарияро баррасӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи самимии шаҳрдорӣ изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Конфедератсияи Швейтсария дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хоса дорад ва Тоҷикистон онро яке аз кишварҳои дӯст, шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Таъкид гардид, ки айни замон Душанбе — пойтахти Тоҷикистон бо 18 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бародаршаҳр мебошад.

Бинобар ин, изҳори итминон карда шуд, ки барқарории робитаҳои бародаршаҳрии Берн бо пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба гус­тариши муносибатҳои дӯстонаи ду халқ ва тавсеаи мубодилаи фарҳангию илмӣ, аз ҷумла, ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии таълимии шаҳри Берн ва шаҳри Душанбе, мусоидат хоҳад намуд.

Масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохтори сайёҳӣ, технологӣ, густариши равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷониба низ аз ҷониби тарафҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

6 ноябри соли 2019 дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот оростанд, ки дар он масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия баррасӣ гардиданд.

49023993307_3093479b7f_oПрезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфедератсияи Швейтсарияро ба ҳайси яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ ва аз сатҳу муҳтавои ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкории бонкию молиявии ду кишвар, такмили низоми бонкӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, кумакҳои техникӣ ва машваратӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва бозомӯзии кормандонро дар доираи ниҳодҳои молиявии Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) баррасӣ карданд.

Вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллии Тоҷикис­тон тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ баҳри мусоидат ба рушди иқтисод зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки ниҳодҳои молиявӣ ва сармоягузории Швейт­сария имкон доранд дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикии Тоҷикистон, таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, босамар намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди пахта, пашм, пилла, сабзавоту мева фаъолона иштирок намоянд.

 Дар Конфедератсияи Швейт­сария мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорон суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии кишварҳо арзёбӣ карда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Конфедератсияи Швейтсария имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмуҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.

Зикр гардид, ки дар ин самт лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, захираҳои обу энергетика, инчунин, дар самти рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тариқи ниҳодҳои дахлдори Конфедератсияи Швейтсария маблағгузорӣ мешаванд.

Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни энергетика, инфрасохторӣ, бахши истеҳсолоти саноатӣ, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом, бахшҳои молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд.

Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Швейтсария таъсис дода шавад ва соли оянда ҷаласаи нахустини он дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Дар анҷом имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, миёни аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони доираи тоҷирону сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария мубоҳисаи судманд баргузор шуд.

Дар форум ҷонибҳо дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се санади нави ҳамкориро ба имзо расониданд:

- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи муштараки савдои Швейтсария ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ;­­­

- Ёддошти тафоҳум байни Созмони миллии маркетингии Швейтсария ва Кумитаи рушди сайёҳии ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Ширкати «Гленкор»-и Конфедератсияи Швейтсария ва Ширкати «Талко»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот ба маблағи 1,3 миллиард доллари америкоӣ.

7 ноябри соли 2019 дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон президенти радиои «Аврупои озод, Радиои озодӣ» Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ ва барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки хабарҳо доир ба қатъи фаъолияти «Радиои озодӣ» дурӯғи маҳз аст.

- Имрӯз дар Тоҷикистон 18 нафар корманди он ба қайд гирифта шудаанд ва озодона фаъолият мекунанд, ҳол он ки дар баъзан аз кишварҳои собиқ шӯравӣ фаъолияти «Радиои озодӣ» тамоман манъ гардидааст, — гуфт Пешвои миллат.

Қайд карда шуд, ки айни замон дар кишвар беш аз 250 расонаи ­мустақили хабарии маҳаллӣ ва берунӣ, аз ҷумла, рӯзномаю маҷаллаҳо, радио, телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки солҳои охир «Радиои озодӣ» бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ба қонуншиканӣ аз ҷониби кадом расонаи хабарие, ки набошад, новобаста аз шакли тобеият, роҳ дода намешавад. Фаъолияти ҳама гуна ВАО бояд қатъиян дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти радиои «Аврупои озод, Радиои озодӣ» талаб карданд, ки дар Тоҷикистон ҳангоми инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври воқеъбинона ва бо истифода аз афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ матлаб омода намоянд.

7 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи «Орли»-и Франсия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Франсия самимона истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Горди фахрӣ саф ороста, парчами давлатии ҳар ду кишвар барафрохта шуд.

 7 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар шаҳри Париж бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот карданд, ки зимни он масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Ташкилоти Оғохон оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои ҳамкории воқеии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти шабакавии Хазинаи Оғохон оид ба рушд изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо омодагиро барои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо иброз дош­та, атрофи масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ, сохтмон, рушди деҳот, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва тадбирҳо дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ изҳори андеша намуданд.

Дар самти рушди иқтисодӣ ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, алалхусус, ба тавассути Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (АКФЭД) ва ширкатҳои ҷамъиятию хусусии он дар Тоҷикис­тон, махсус таъкид гардид.

Ҳамчунин, масъалаҳои робитаҳои дуҷониба дар самти татбиқи барномаҳои давлатию стратегӣ, ба монанди расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони пулҳо ва таъсиси бозорҳои байнимарзӣ дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, саҳми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ барои рушди соҳаи маориф, баррасӣ шуданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Франсия мулоқот доир намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо ҳамватанон изҳори хушӣ ва бо онҳо дар бораи пешравии Ватан, рӯйдодҳои муҳим дар кишвари маҳбубамон суҳбат карданд.

Таъкид гардид, ки мардуми кишвар 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тонро ҷашн гирифтанд ва таи ду соли оянда барои истиқболи сазовори 30 — солагии ин санаи муҳим талош хоҳанд варзид.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ, мардуми шарафманди ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.

Ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати мамлакат бо аксар кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ андешаронӣ карданд.

Сипас, миёни Пешвои миллат ва ҳозирин суҳбати самимӣ доир шуд.

Иштирокчиёни мулоқот ба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳи беандоза нисбат ба ҳамватанон изҳори сипос карданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия мулоқот намуданд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия Кристофф Фантен ифтитоҳ бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва муаррифии имконоти сармоягузории Тоҷикистон мулоқоти онрӯзаро омили муҳими рушду тавсеаи ҳамкорӣ байни намояндагони соҳаҳои гуногуни ду кишвари дӯст арзёбӣ карданд.

Зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба сатҳи муносибатҳои шарикӣ бо Франсия баҳои баланд медиҳад ва рушди равобити судманд бо ин кишварро дар сиёсати хориҷӣ аз самтҳои муҳим мешуморад.

Пешниҳод гардид, ки барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои  судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар тавсеаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар бахшҳои ояндадор, аз қабили рушди минбаъдаи гидроэнергетика, инфрасохтори транзитӣ, саноат, аз ҷумла, саноати сабук, хӯрокворӣ ва химиявӣ, мошинсозӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ то ба содирот баровардани он амалӣ карда шавад.

Ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ширкатҳои ду кишвар баррасӣ ва таъсиси Агентии рушди Франсия дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 ширкату коргоҳи фаронсавӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Пешвои миллат захираҳои бойи табиии Тоҷикистон, аз қабили об, сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, инчунин, дигар канданиҳои фоиданок, имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, парвариши меваҳои баландсифат, сабзавот ва пахта, муаррифӣ карда шуд.

Дар чорабинӣ аз тарафи Франсия намояндаи махсуси Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия оид ба Осиёи Марказӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои бонуфузи «Аэробус» (AIRBUS) «Клустер Монтейҷн» (CLUSTER MONTAGNE), «Фивз» (FIVES), «Групп Иннитера» (GROUP INNITHERA), «Сафран» (SAFRAN), «Шевер» (SCHIEVER), «Талес» (THALES), «Тотал» (TOTAL), «Трактебел Инҷиниринг» (TRACTEBEL ENGINEERING) ва «Медеф Интернасионал» (MEDEF INTERNATIONAL) баромад карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ баҳои баланд доданд ва ҳавасмандиро баҳри иштирок дар рушду густариши иқтисодиёти Тоҷикис­тон иброз доштанд.

Сарвари давлат доираҳои соҳибкорию сармоягузории Франсияро даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имкониятҳои тиҷоратию сармоягузории кишвар аз наздик шинос шаванд.

Сипас, ҷиҳати рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ санадҳои нави ҳамкории зерин ба имзо расонида шуданд:

Ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» ва Ассотсиатсияи «MEDEF International» — и Ҷумҳурии Фаронса;

Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати «Талко»-и Тоҷикистон ва ширкати фаронсавии «Фивз» (Fives) бо маблағи 200 миллион евро (дар марҳилаи аввал 52 миллион евро барои таҷдиди коргоҳи анодпазии «Талко»);

Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни ширкати «Талко», ширкати фаронсавии «Фавз» (Fives) ва ширкати олмонии «Риедҳаммер» (Riedhammer) оид ба воридоти технологияи муосир барои коргоҳи анодпазии ширкати «Талко»;

Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати «Аэробус» — и аврупоӣ ва Ширкати ҳавопаймоии «Сомонэйр» — и Тоҷикистон оид ба ворид кардани чархболҳо;

Созишномаи байни ширкати фаронсавии «Лабаротория ИННОТЕК интернасионал» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сифат ФАРМА» — и Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ;

Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амид»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Шивер Групп»-и Ҷумҳурии Фаронса оид ба ташкил намудани маркази савдо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии «ITC School Ecole42».

www.president.tj