Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Франсия

№136 (4086) 12.11.2019

49033726588_f50723716b_o8 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.

Барои истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳни ҳавлии Қасри Елисей бо парчамҳои ҳар ду давлат ба таври идона ороста шуда, горди фахрӣ саф кашида буд.

Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам ­Эммануэл Макрон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сипас, баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ва дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Мак­рон меҳмони олимақом, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайра мақдам гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимӣ ва пазироии хоса ба ҷониби Франсия изҳори сипос карда, қаноатмандии худро аз робитаҳои Тоҷикистону Франсия, ки дар рӯҳияи эҳтиром бо дарназардошти манофеи миллии ду кишвар мунтазам густариш меёбанд, иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки иқдомҳои созандаи Франсия дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройӣ, ҳамрадифи манофеи Тоҷикистон мебошанд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, соҳаҳои гуманитариву фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои авиатсияи гражданӣ, энергетика, логистикаи нақлиётӣ, телекоммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва фаъолияти муҳандисию машваратӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шуд.

Тарафҳо, ҳамчунин, густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, кимиёвӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, аз ҷумла, истеҳсоли алюминийро аз самтҳои афзалиятнок ва муҳим арзёбӣ карданд.

Саҳми ширкатҳои фаронсавӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторию энергетикӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳамчунин, дар бахшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва хусусӣ, аз ҷумла, дар соҳаи тандурустӣ, таъкид гардид.

Дар идома масоили ҳамкории ҷонибҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо, баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки кишварҳоро манфиатҳои муштараки байналмилалӣ, яъне, таъмини рушди устувор, таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди таҳдидҳои амниятӣ ва пешбурди ташаббусҳои созандаи глобалӣ, ба ҳам мепайвандад.

Ҷонибҳо аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии якдигар изҳори қаноатмандӣ карда, қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро намунаи чунин иқдомот номиданд.

Оид ба мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ — терроризм, ифротгаройӣ, ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва савдои инсон, табодули андеша карда шуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон хостори тақвияти ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор дар ин самт аст, зеро таъмини амнияти Афғонистон омили муҳими субот дар минтақа мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон пешниҳод намуд, ки муколамаи миёни Ҷумҳурии Франсия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳо таъсис дода шавад.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макронро даъват намуданд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Пас аз мулоқот 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ;

- Эъломияи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия;

- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи солҳои 2019-2023;

- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти франсиявии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC);

- Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна.

Дар маҷмӯъ, дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Франсия 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

www.president.tj