Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия

№44 (3994) 20.04.2019

46713088445_286a540369_o17 апрел мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия, дар Қасри Кремл, баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин истиқбол гирифтанд.

Масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас дар вохӯрии ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайра мақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки натиҷаҳои сафар барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Ҳукумати Федератсияи Россия барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ, инчунин истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.

Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия таъкид намуданд.

Инчунин, маҷмӯи масъалаҳои муб­рами ҳамкории стратегии кишварҳо, робитаҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.

Ҳар ду ҷониб аз рушди бемайлони ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва дигар самтҳои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки муколамаи сиёсии сатҳи олӣ, таҷрибаи бойи ҳамкорӣ, боварию эътимоди байниҳамдигарӣ, фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ имкон дод, ки робитаҳои ду кишвар густариши бештар пайдо намоянд.

Зикр шуд, ки Федератсияи Россия шарики тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар соли гузаш­та беш аз 1 миллиард долларро ташкил дод. Ҷалби сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ аз ҳадди ин нишондод боло рафтааст.

Соҳаи кишоварзӣ самти ояндадори ҳамкории ду кишвар номида шуд ва ­масъалаи афзоиши воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия махсус таъкид гардид. Дар ин бобат истифодаи технологияи Россия оид ба коркарди маҳсулоти хӯрока, таъсиси маркази тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии сертификатсияи дарозмуддати маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Россия, ба мақсад мувофиқ шуморида шуд.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушду густариши муносибатҳои байниминтақавӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, сӯзишворӣ-энергетикӣ, маблағгузорӣ ба соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, саноати вазнин ва кӯҳӣ, идомаи тадқиқот дар минтақаҳои ояндадори нефту гази Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба Россия, нақлиёт, логистика ва туризм таваҷҷуҳ зоҳир ва қайд карданд, ки то ҳол Тоҷикистон бо 80 минтақаи Федератсияи Россия муносибатҳои судманд ба роҳ мондааст.

Таъкид шуд, ки баргузории форумҳои тиҷоратӣ бо иштироки доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар ва конференсия оид ба ҳамкории байниминтақавӣ метавонад ҳамчун як омили таҳкимбахшандаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба нафъи кишварҳо хизмат намояд.

Татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли ­масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, эълони афв ба як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, беҳсозии шароити будубоши муҳоҷирон баррасӣ ва зикр гардид, ки идомаи чунин чораҳои судманд, аз ҷумла, тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти муҳоҷирон, ба манфиати кор аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки нисбат ба як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун будубоши онҳо дар Федератсияи Россия манъ шудааст, афв эълон карда шавад.

Ин пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин пазируфтанд ва ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Россия супориш доданд, ки оид ба ҳалли масъала чораандешӣ намоянд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъавор ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, вазъи мураккаб дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро аз самтҳои афзалиятноку муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россия маънидод намуданд.

Раванди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, омӯзиши забони русӣ, таъмини омӯзгорони забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикис­тон, таҳсили ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои олии Россия, татбиқи лоиҳаҳои бунёди мактабҳои омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуд.

Масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Россия буд, ки сарони давлатҳо вобаста ба ҳамёрии кишварҳо дар ин самт ва дастгирии ташаббусҳои якдигар изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикис­тон ташриф оранд.