Мусоҳибаи Пешвои миллат бо хабарнигорони шабакаи телевизионии ССТV — и Ҷумҳурии Халқии Хитой

№72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳбарони ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилалию минтақавӣ, инчунин саҳмгузори рушди муносибатҳои ҳамкории кишварҳои аъзо мебошанд.

Бо дарназардошти мавқеи муҳиму устувори кишвари мо дар ин ташкилоти бонуфузи сайёра хабарнигорони шабакаи калонтарини телевизионии ССТV — и Ҷумҳурии Халқии Хитой қабл аз баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҳаштуми июни соли равон бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мусоҳиба анҷом доданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳои аъзо, аҳамияти баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, таҳия ва татбиқи муштараки санадҳои қабулшуда, вазъи феълии муносибатҳои кишварҳои шарики стратегӣ — Тоҷикистону Хитой, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардуми ду кишвар, инчунин дигар самтҳои равобити дуҷониба посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.

Ҳалли масъалаҳои мубрами ҳамкории гуногунпаҳлуи кишварҳо, татбиқи минбаъдаи қарорҳои қабулшавандаи ҳамоиш оид ба таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкории судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай, аз мавзӯъҳои дигари суҳбати Сарвари давлат бо хабарнигорон буд.

Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони хитойӣ дар Шабакаи телевизиони ССТV-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, дар сомонаҳои интернетӣ, дигар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар рӯзномаи калонтарини Хитой «Жэнмин Жибао» васеъ инъикос гардид ва то имрӯз аллакай миллионҳо нафар аз мазмуну муҳтавои он огоҳӣ пайдо карданд.

 www.president.tj