Нахустин вохӯриҳо хотирмон буданд

№88 (3389) 27.06.2015

Ваҳдати миллӣ метавонад барои устувории давлат, сарсабзии миллат ва бахту саодати инсон шароит фароҳам оварад. Ваҳдат буд, ки дар муҳлати кӯтоҳ Тоҷикистони харобгардидаро ба як кишвари гулгулшукуфон ва халқи азиятдидаи моро ба як миллати воҳид табдил дод. Имрӯз ҳар яки мо бо ифтихор дар бораи дӯстию бародарии мардуми Тоҷикистон сухан мегӯем. Ин иқдом аз нахустин вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми кишвар гувоҳӣ медоданд.

- Сарвари давлат дар он рӯзҳои сахту вазнин ҷон ба каф гирифта, ба ҳама гӯшаҳои дуру наздики кишварамон сафар карда, мардуми аз ҳамдигар ранҷидаро ба Ваҳдат овард,- он рӯзҳоро ба хотир меорад сокини ноҳияи Ҷиргатол Акбаршоҳ Ризвонов. -Сафари якуми Сарвари давлат ба ноҳияи Ҷиргатол даҳаи дуюми моҳи майи соли 1994 буд.

Сокинони ноҳияи Ҷиргатол ба хубӣ медонанд, ки дар он солҳои авҷи ҷанги шаҳрвандӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари корӣ ба ноҳияи Ҷиргатол ташриф овард. Мардуми ба яъсу ноумедӣ гирифтор ҳама гирди ҳам омаданд. Роҳбари давлат дурандешона аз сулҳ, хомӯш кардани оташи  ҷанги хонумонсӯз ва  обод кардани Ватан ҳарф мезад. Лаҳни гуфтораш боварибахш ва самимона буд, ки мардумро ба зиндагӣ дилгарм сохт. «Ватани моро, хонаи моро каси дигар обод намекунад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон шуморо дастгирӣ мекунад», — садо медод сухани Сарвари давлат. – «Соҳаҳои  харобгаштаи хоҷагии халқ, мактабҳо, беморхонаҳоро барқарор намоед».

Пайи ҳам тӯли ин солҳо Президент нуҳ маротиба зимни сафарҳои корӣ бо мардуми ноҳияи Ҷиргатол мулоқот кард. Ҳар як сафари ӯ ба ин диёри зебо файзу  баракати тоза оварда, панду андарзҳояш риштаи дӯстии сокинони ноҳияро мустаҳкам намуд.

-Ба андешаи ман, — мегӯяд собиқадори соҳаи маориф Ривоҷиддин Тоҷиддинов, — маҳз сафари нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ғарм (Рашт) дар дили шикастаи сокинони ин минтақа умед ба ояндаро зинда гардонид. Ӯ дар суҳбатҳои кӯтоҳ ва пурмазмун тавонист дар дили мардуми Раштонзамин нисбат ба худ тухми меҳру муҳаббатро кишт намояд. Ба дасти халқи роҳгумкарда чароғи ҳидоят дода, барои ба ҳам омадани миллат замина гузорад. Дар минтақаи Рашт ҳанӯз садои тир ба гӯш мерасид ва қалби сокинони ноҳияро меларзонд. Ҳамон рӯзҳои вазнин Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи мо омад. Хуб ёд дорам, рӯзи шанбе, 14 майи соли 1994 Сарвари давлат ҳамроҳи  вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Табаров, раиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати аграрӣ Қадриддин Ғиёсов, сардори Авиатсияи граждании Тоҷикистон Мирзо Мастонгулов омаданду  бо сокинони ин диёр вохӯрданд. То ҳанӯз ба Сарвари давлат барои ҷасорату мардонагиаш аҳсант мехонам. Чархбол дар боғи фарҳанги шаҳрак фуруд омад. Мардуми ноҳия  бо сарварии раиси ноҳия Сайдулло Хайруллоев Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо гулу гулдаста ва нону намак пешвоз гирифтанд.

Сарвари давлат ибтидо ба совхози Ҷаббор Расулов рафт. Ба ин хоҷагии номдор   шахси меҳнатдӯст шодравон Заробиддин Бақоев роҳбарӣ мекард. Вай ба нақшаҳои коргарони совхоз Роҳбари давлатро шинос кард. Иброз дошт, ки соли равон, тибқи нақша, бояд ду ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ намоянд. Бори аввал дар ҳудуди хоҷагӣ кишоварзон ният доранд, ки дар майдони 50 гектар шолӣ кишт намоянд. Дар майдони 80 гектар картошка кишт карданианд.

Дар масҷиди ҷомеи ба номи Мавлоно Ҷомии Сонӣ мардуми зиёд ҷамъ шуда буданд. Аз тамоми деҳаҳои атроф одамон иштирок доштанд.  Бо умеде омада буданд, ки Сарвари давлатро аз наздик бинанд. Роҳбари давлат бо онҳо вохӯрда, атрофи сулҳу салоҳ, дӯстию бародарӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳарф зад. Аз он ҷо ӯ ба совхози ба номи Нусратулло Махсум рафт.  Афсӯс, он рӯзҳо имконият надоштам, ки ба маркази деҳот — деҳаи Қазноқ биравам. Агар хоҳиши донистани муҳтавои суҳбатҳои Сарвари давлатро дошта бошӣ, бо собиқ муовини раиси ноҳия Аъзамҷон Ҳасанов тамос бигир. Ӯ иштирокчии бевоситаи он вохӯрӣ буд, ки Сарвари давлат бо сокинони шаҳраки Ғарм суханронӣ намуданд, — суханашро хатм кард Р. Тоҷиддинов.

Аъзамҷон Ҳасанов солҳои зиёд корманди Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳия буд. Сипас, дар вазифаи муовини раиси ноҳия кор кард.

Дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти сокинони ноҳия саҳми босазо гузоштааст. Ӯро хуб мешинохтам ва ба ҳайси як марди кордону соҳибмаърифат эҳтиром менамоям.

-Ободиҳо ва дастовардҳои мардуми ҷумҳуриро мебинаму шукрона мекунам,- нигоҳашро ба нуқтае дӯхта, андешамандона мегӯяд Аъзамҷон Ҳасанов. –Шукрона мекунам, ки Парвардигор ба мардуми мо раҳм карду Сарвареро дар симои Президенти имрӯзи кишвар насибамон гардонд. Ёд дорам, сафари нахустини ӯро ба ноҳия. Гӯё ҳамааш дирӯз буд. Он солҳо аз сабаби набудани муаллимони соҳибтаҳсилот барои кор ба мактаби деҳа баргаштам. Таълиму тарбияи насли наврас масъалаи доғи рӯз буд. Сафари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба совхози ба номи Нусратулло Махсум хеле хуб анҷом пазируфт ва натиҷаи дилхоҳ ҳам дод. Ибтидо ба деҳаи Шул омад. Пояи ҳайкали барқади Нусратулло Махсум гулчанбар гузошт. Ҳайф, ки баъдтар ин ҳайкали зеборо душманони миллат хароб карданд. Дар деҳаи Чашмаи кӯзӣ бо мардум суҳбат кард. Баъди суханронии самимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия Саидҷон Ҷононов, Аҳмад Раҳматов, Давлат Ҳақназаров, Наташа Шарифова дар ҳузури ӯ сухан гуфтанд.

Қабули меҳмони олиқадр дар деҳаи Қазноқ низ хотирмон буд. Мардум таги чанори куҳансоли деҳа, ки даҳҳо шахсияти номдори гузашта он ҷо нишаста буданд, меҳмононро пешвоз гирифтанд. Роҳбари давлат бо мардум суҳбати аҷиб орост. Бештар аз ваҳдату дӯстӣ, ободию созандагӣ сухан кард. Дар ин суҳбат бисёриҳо ширкат варзиданд, аммо ҳарфҳои ширини раҳматии Маҳинбону то ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳад: «Раҳмат ба модаре, ки мисли шумо фарзандро ба дунё овардааст, — гуфт кампир: — Агар хафа нашавӣ, мо — модарон ҳамаамон бо номи ту ифтихор мекунем ва мегӯем, ки Эмомалӣ Раҳмонов фарзанди мо низ ҳаст».

Нимаи дуюми ҳамон рӯз Сарвари давлат ба маркази ноҳия омад. Дар толори калони Кохи  фарҳанги ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз одами бисёр ҷамъ шуда буд. Ба қавле ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Дар ҳузури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳа Маҳмадулло Кингаков, Орзу Ҳафизов, Нуқра Ёраҳмадова, Валентина Саух сухан карданд. Ман бидуни ихтиёр ба минбар баромадам. Чанд ҷумлае дар як саҳифа навишта будам. Аз изтироб бо дастони ларзон наметавонистам коғазро аз ҷайб берун орам.

-Биё, бе коғаз суҳбат кунем, -табассуми малеҳ дар лаб вазъияти маро пай бурда гуфт Сарвари давлат.

-Дар ҳузури Роҳбари давлат бе коғаз сухан гуфта наметавонам,- саросема ҷавоб гуфтам ман.

Билохира, навбати сухан гуфтан ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расид.

-Халқ аз мо як чиз талаб дорад,- гуфт мавсуф,- тинҷӣ, оромӣ, пойдории мустаҳками иқтисодӣ.

Баъд вазъияти ҷумҳурӣ ва ноҳияро таҳлил карда, минҷумла гуфт:

- Мешунидам, ки Ғарм дар истеҳсоли мева ва картошка намунаи ибрати дигар ноҳияҳо буд. Соли 1989 Ғарм 31 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда буд. Порсол  ҳамагӣ чор ҳазор тонна. Овозаи себу ноки Ғарм берун аз ҷумҳурӣ паҳн аст. Истеҳсол то ба шаш ҳазор тонна расида буд. Порсол — ҳамагӣ 727 тонна.

Баъд Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили дӯстӣ, ваҳдати миллӣ, корҳои ободонию созандагӣ сухан кард.

-Сафари дуюми Роҳбари давлат ба Ғарм ҳамон рӯзҳое буд, ки хоинони миллат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунавваршо Назриевро ҳангоми сафари корӣ ба шаҳодат расониданд,- ба суҳбат ҳамроҳ мешавад Ривоҷиддин Тоҷиддинов. – Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва буд, хабари ҳалокати Мунавваршоҳ Назриевро шуниду ба Душанбе баргашт. Фоҷиа рӯзи 19 октябри соли 1994 рух дод, Роҳбари давлат рӯзи 23 октябр ба Ғарм ворид гардид. Сарвари давлат бо мақсади изҳори ҳамдардӣ ба хешу табори шодравон М. Назриев омад ва баъд бо сокинони ноҳия суҳбат кард. Ин дафъа низ дар мавзӯи хатми кашмакашиҳои бемаънӣ, ба ҳам омадан, даст кашидан аз хунрезӣ ва сарф намудани қувваю  донишро ба корҳои созандагӣ ҳарф зад. Марги нобаҳангому фоҷиаомези Мунавваршо Назриев Сарвари давлатро мутаассир карда буд. Инро ҳангоми суханрониаш дарк кардам. Бо як дарду алам дар бораи кишвари харобшуда, миллати хору зор, мардуми дар хориҷи кишвар сарсону саргардон, ҷавонмардони фавтида ҳарф мезад.

Саидбек Бердиев, сокини деҳаи Янгишаҳри ноҳия, собиқ хизматчии ҳизбию давлатӣ мақсади моро фаҳмида, бо як тамкини хоси худ андешаҳояшро иброз дошт:

_ Ман сафари сеюми Роҳбари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мулоқоти гарму ҷӯшони ӯро бо сокинони  ноҳия нағз дар хотир дорам. Ин замоне буд, ки сокинони ноҳия дар симои ӯ наҷотдиҳандаи кишвар, фароҳамоварандаи зиндагии шоиста ва қосиди бахту саодати худро диданду ӯро дӯст доштанд. Овозаи  ба ноҳияи Ҷиргатол ташриф овардани Президентамонро шунида, аз тамоми 60 деҳаи дуру наздики ноҳия одамони зиёде дар марказ ҷамъ омаданд. Ба қавле ҷойи сӯзан задан набуд. Нигоҳдорандагони тартибот одамонро ба ду тарафи роҳи автомобил ҷудо карда,  барои ҳаракати мошини Президент то ба сехи навбунёди қолинбофӣ роҳ мекушоданд.

- Эй бобо,- шунидам садои яке аз милисаҳоро, — аз байни роҳ як тараф истед, мошини Роҳбари давлат мегузарад.

_ Э, бачам, ай қишлоқи Сарикенҷа, 70 километр роҳ омадам, ки Президентамонро аз наздик як бинам. Хафа нашав. Мон.

Бо чашмони худ дидам, ки Президентамон аз мошин фаромада,  хурсандона ба истиқболи мардум рафта, тифлакеро ба оғӯш гирифта мебӯсиду бо мӯйсафеде гарму ҷӯшон суҳбат орост. Хулоса, он рӯз мулоқоти самимию меҳрбор байни Президент ва ҷиргатолиён барпо гардид.

Ҳангоми суханронии Сарвари давлат толор аз одам моломол гардида, ҳазорҳо нафари дигар беруни бино монданд, зеро ҳама мехостанд, ки суханони Президенти худро шунаванд. Ин ҳолатро Роҳбари мамлакат ҳис карда, супориш дод, ки мизро ба байни  одамон, ба беруни  бино бароранд. Президент озодона, бо садои баланду мутантан «Ҷиргатолиҳо, ман шуморо дӯст медорам», — гуфт. «Мо ҳам шуморо дӯст медорем», — бо як овоз ҷавоб доданд ҳамагон.

- Биноҳои хуштарҳу зебо, на кам аз дуошёна созед, обод кунед, соҳаи картошка, боғдориро равнақ диҳед, фарзандонро илм ва касбу ҳунар омӯзонед,- мегуфт зимни суханронии худ он рӯз  Президент.

Гоҳе ки бо мардуми Раштонзамин сари масъалаи Ваҳдати миллӣ суҳбат менамоям, садҳо нафар хоҳиш доранд, ки хулосаи худро бигӯянд. Чуноне ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, пойдории ваҳдат дар мамлакат саҳми тамоми мардум аст, аммо ҳамагон медонанд, ки шахси ваҳдатофару баҳамоварандаи миллат, раҳнамову раҳкушо ҷониби қуллаҳои умед маҳз Ӯ — Пешвои тоҷикони тамоми олам буду ҳаст.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»