Нашри китоби «Ҷараёни озод» (free flow) аз тарафи ЮНЕСКО

№133 (3118) 19.10.2013

Аз ҷониби бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО таҳти унвони «Ҷараёни озод» (free flow) китоби мусавваре ба нашр расид, ки ба натиҷаҳои Конфронси имсолаи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида шудааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин конфронс рӯзҳои 20 ва 21-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 1000 нафар намояндагони воломақом аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бешумори минтақавию ҷаҳонӣ баргузор гардида буд.

Дар ин китоб натиҷаҳои пурарзиши ин конфронс ва умуман баррасии байналмилалии масоили ҳалталаби вобаста ба таъмини дастрасии аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ инъикос ёфтааст. Ба нақши махсус ва намоёни Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки чун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли масоили обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.

Чунин таваҷҷуҳ ба мақом ва нақши Тоҷикистон дар ин ҷода табиист, зеро маҳз бо ташаббуси кишвари мо соли 2003 чун «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои ҳаёт» ва соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардид. Тибқи нақшаҳои байналмилалӣ, ки аз ду ташаббуси охири Тоҷикистон бармеояд, ҳоло дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ барномаҳои гуногуни вобаста ба таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва чорабиниҳои сершумори минтақавию ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд.

Санадҳо, пешниҳодҳои зиёд ва ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ дар соҳаи об, ки зимни конфронси душанбегии байналмилалии сатҳи баланд қабул ва пешкаши ҷаҳониён гардидааст, дар як маҷаллаи мусаввар ба нашр расид, ки он низ инъикосгари нақши намоёни Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода мебошад.

www.president.tj