Китобиёт

Нишони эҳтиром ба хидматҳои Сардори давлат

№35 (3515) 14.03.2016

Kitop-Oblojka- Мақоми Пешвои миллат, ки бо амри дили мардуми шарифи тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон дода шудааст, нишони эҳтироми хоса ба хидматҳои Сардори давлат ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат мебошад, — навиштааст Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар пешгуфтори китоби тозанашри «Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат».

  Шукурҷон Зуҳуров аз хидматҳои Сардори давлат ёдовар шуда менигорад, ки воқеан, Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткорро афв кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Ӯ пояи давлатдориро дубора аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, низоми молияро аз хазинаи холии тороҷшуда, лашкарро бо фармондеҳони кироя бунёд намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард.

- Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар ӯ сифатҳои зиёди инсонии олию оддӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурур ба риояи одоб, дар мизони хирад ва тарозуи манфиату миллату Ватан ба ҳам омадаанд, — таъкид намудааст Шукурҷон Зуҳуров.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов дар китоби мазкур зикр намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат тарроҳ ва поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷию равобити байналмилалист. Ӯ, аз ҷумла, дар мақолааш зери унвони «Эмомалӣ Раҳмон  — асосгузори  мактаби нави сиёсати хориҷӣ» чунин нигоштааст: «Маъмулан, роҳбарони кишварҳои дар ҳоли ҷанг ба чизи дигаре ғайр аз бозгардонии субот намеандешанд. Ва ё ба ибораи дигар неруи зеҳнӣ ба қудрати тасмимгирии кофӣ барои умури дигарро надоранд. Зеро вазъи амниятӣ чунон гирифторашон мекунад, ки на танҳо имкон балки ҳавсала ва умеди беҳтар кардани дигар бахшҳоро аз даст медиҳанд. Онҳоро чунин фикр ба худ машғул медорад, ки «…маълум нест ояндаи кишвар чӣ мешавад, маълум нест ояндаи ману ҳукумати ман чӣ мешавад, пас чаро ин қадар худро азоб диҳам?» ва ғайраву ҳоказо. Вале ин ҷо ҳам фарқи Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ҳамзамон бо талошҳои сулҳофарӣ ва сарҷамъ кардани миллат, тамоми бахшҳои дигари ҷомеа, аз ҷумла сиёсати хориҷиро танзим ва такмил кард. Ӯ ба ҳамаи ин вақт ва неру ёфт. Зеро ба миллаташ ва ба ояндае, ки худаш ваъда дода буд («Ман ба шумо сулҳ меорам») бовар дошт ва барои расидан ба ин рӯзи нек худашро вақфи миллаташ карда буд».

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода аз нақши таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фарҳанги миллӣ ёдовар шуда, таъкид намудааст, ки фарҳанг доманаи густурда дорад ва дар ҳама замон рисолати созандагии миллатҳову халқҳоро дорост. Ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар ҳама арса муваффақанд.

- Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад.   Маҳз ӯ буд, ки имрӯз тоҷик сарҷамъ аст ва нагузошт, ки «табартақсим»-и дигаре мулки аҷдодии моро пора созад, — навиштааст Шамсиддин Орумбекзода.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ андешаҳояшро дар бораи нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат баён карда, чунин ёдоварӣ намудааст: «Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбари мамлакат интихоб шуданаш бо вуҷуди мушкилиҳо дар он шароити мураккаби ҳарбию сиёсӣ, дар баробари иҷрои вазифаҳои таъхирнопазири созмон додан ва таҳким бахшидани сохторҳои идориву низоми давлат, дар амри қобили ҳаёт нигоҳ доштани сохтори иқтисодии мамлакат чораҳои зарурӣ андешид».

Хайринисо Юсуфӣ аз пешрафти соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мисолҳои мушаххас оварда, аз   ҷумла навиштааст: «Бонки Умумиҷаҳонӣ соли 2011 рейтинги давлатҳоеро, ки барои рушди тиҷорат заминаи устувор мегузоранд, нашр кард. Тоҷикистон дар қатори даҳ давлати аввали дунё ҷой гирифт. Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисод дар Амрико соли 2011 рӯйхати кишварҳои амн дар ҷаҳонро нашр кардааст, ки Тоҷикистон дар он амнтарин кишвари минтақа буда, аз назари амну субот аз тамоми кишварҳои минтақа ва кишварҳои пасошӯравӣ пеш гузаштааст.

Тоҷикистон дар рейтинги «Happy Planet Index-2012» дар миёни кишварҳои «хушбахттарин» шомил шудааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки мардуми Тоҷикистон бо тантанаи сулҳу амният ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим худро хушбахт меҳисобанд. Тибқи арзёбии созмони маъруфи интернетии сайёҳии «Glоbe Sports» Тоҷикистон ба даҳгонаи макони беҳтарини сафар дар соли 2014 шомил буд.

Геллап (Gallup)  яке аз марказҳои маъруфи назарсанҷӣ соли 2015 Тоҷикистонро амнтарин кишвари пасошӯравӣ ва аз ҷумлаи даҳ кишвари амну ором арзёбӣ кардааст».

Хайринисо Юсуфӣ дар хулосаи гуфтаҳояш ёдовар шудааст, ки дар миёни мардуми Тоҷикистон ва хайрхоҳони миллати тоҷик дар тамоми ҷаҳон номи Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳуми ваҳдати миллӣ бо ҳам омезиш ёфта, таҷассумгари якдигар шудаанд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ Абдураҳим Холиқзода се амали таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд кардааст: «Якум, таъсиси ҳокимияти давлатӣ. Назди роҳбари ҷавон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан дар Тоҷикистони ба доми ҷанг кашидашуда вазифаҳои бениҳоят мушкил ва тақдирсози сатҳи давлатӣ меистод. Аввалин ва асоситарини он дар он рӯзгоре, ки мақомоти давлатӣ амал намекард, тарҳрезии низоми идораи давлат, бунёди механизми идораи кишвар буд… Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи холӣ ва низоми фалаҷи  мақомоти давлатӣ аз нав мақомоти давлатиро таъсис дода, низоми идораи кишварро роҳандозӣ кард.

Дуюм, ваҳдати миллӣ. Танҳо ҳамин дастовардаш кофӣ аст, ки ӯро ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат эҳтиром кунем. Ин қадршиносӣ на ба хотири шахсият, балки ба хотири наслҳои ояндаи мардуми Тоҷикистон хоҳад буд. Зеро дарси созандагию бунёдкорӣ ва ваҳдатофаринии ӯ барои ин миллати борҳо дар масири таърих ба оташи ҷангу ҷидолҳо гирифтор ва беватангашта дар ояндаи наздику дур чун обу ҳаво  зарур хоҳад буд.

Сеюм, роҳ ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона. Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали зимоми идораи давлатро ба даст гирифтан таъкид карда буд: «Мақсади мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем.»

- Бо қадри Пешвои миллат расидан номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи қаҳрамонони халқи тоҷик барои истиқлолият ва озодӣ буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст, -  хулоса намудааст Абдураҳим Холиқзода.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат» таъкид намудааст, ки соҳаи маориф бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Татбиқи барномаҳои давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, гузариш ба низоми таҳсилоти  олии касбӣ, таъсиси низоми ягонаи қабул ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ дастовардҳое мебошанд, ки ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф тайёр намудани мутахассисони илмҳои дақиқ такони ҷиддӣ дод. Лутфия Раҷабова аз сол то сол афзоиш ёфтани маблағгузорӣ ба соҳаи маориф, зиёд шудани маоши кормандони соҳа, афзун гардидани теъдоди макотиби олӣ дар даврони истиқлолият ёдовар шуда, таъкид намудааст ,ки соҳаи маориф бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бомаром рушд ёфта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳамин тавр, китоби «Эмомалӣ Раҳмон -  Пешвои миллат»  силсилаи мақолаҳои арзишманди сиёсатмадорону олимонро дар бар гирифта, як навъ муҳаббатномаи зиёиёни кишвар ба Президенти  мамлакат мебошад. Китоби мазкур бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии  байналмилалии  Фонди «Диалоги АвруОсиё» ва дастгирии ҶСП «Фароз» дар нашриёти «Маориф» ба табь расидааст.

С. СУННАТӢ