Низомиён соҳиби бинои хизматӣ ва манзили зист гардиданд

№125 (4075) 19.10.2019

48912857016_7350762ba0_o17 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами ­Эмомалӣ дар қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пас аз навсозӣ бинои Ситоди отряди сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он шинос шуданд.

Дар бинои Ситоди отряди сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки аз ду ошёна иборат аст, утоқҳои муосиру барҳаво барои кору фаъолияти ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.

Дар бино толори барҳаво бо 240 ҷойи нишаст бунёд ёфтааст, ки барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун дорои имкониятҳои муосир мебошад.

Дар ҳудуди иншоот ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии сарбозон Осорхонаи Пешвои миллат бунёд гардидааст. Пас аз шиносоӣ бо шароити осорхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.

Ҷиҳати сайқал додани дониши сарбозону афсарон дар дохили ситод китобхонаи муосир бунёд ва бо адабиёти баландмазмун таъмин гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки китобхона ба шабакаи интернет пайваст аст ва сарбозон метавонанд аз китобхонаи электронӣ ба таври васеъ истифода баранд.

Президенти мамлакат дар ҳамон ҷо бо фаъолияти сехҳои истеҳсолии отряди сохтмонӣ аз  наздик шинос шуданд ва бо сарбозон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

48913065497_c4a78ceef0_oТавре иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди қисми низомӣ панҷ сехи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолият менамоянд, ки дар доираи корҳои навсозӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири корӣ таъмин гардидаанд. Дар ин ҷо симтӯр, симхор ва дигар маҳсулоте, ки барои ҳифзи хати сарҳад зарур аст, бо сифати баланд истеҳсол карда мешавад.  Ҳамзамон, дар ҳудуди Отряди сохтмонӣ истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва дару тирезаҳои пластикиву чӯбӣ ба роҳ монда шудааст. Ин маҳсулот барои бунёди дидбонгоҳҳо, қисмҳои низомӣ ва отрядҳои сарҳадӣ дар мамлакат истифода хоҳад шуд. Сарбозон барои истифодаи таҷҳизоти мазкур аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд ва малакаи хуби корӣ доранд. Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ, дар баробари обутоби бадан, сарбозон ҳамчун мутахассисони соҳибмалака ба хона бармегарданд. Ин таҷриба, бешубҳа, дар ҳаёти ҳаррӯзаашон манфиати зиёд хоҳад дошт.

Дастгоҳ ва таҷҳизоти кориеро, ки дар коргоҳҳо насб шудаанд, аз хориҷи мамлакат ворид намудаанд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди отряд майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол ва волейбол таъмиру таҷдид ва барои тамринҳои пагоҳирӯзии афсарону сарбозон майдончаи варзишӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Сарбозон дар қисми низомӣ бо хӯроки серғизо, сарулибоси мавсимӣ таъмин мебошанд. Хобгоҳи онҳо аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Ҷиҳати фароғати хуби сарбозону афсарон дар дохили қисми низомӣ як гулгашти муосир бо ду суҳбаткадаи барҳаво бунёд карда, дар атрофи он гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро даъват намуданд, ки ­масъулияти бузурги бардӯшдоштаашонро бо сари баланд иҷро намуда, барои ҳифзи марзу буми кишвари соҳибистиқлол ҳамеша ҳушёр ва далеру чолок бошанд.

Мусаллам аст, ки шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ва сатҳу сифати хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дорад. Аз ин ҷост, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шудааст. Хусусан, Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат бо муосиртарин шароит ва дастгоҳҳои соҳавӣ таъмин, отрядҳои сарҳадӣ ва қисмҳои низомии он пурра навсозӣ гардидааст.

48913043127_79c4a86931_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зисти манзилҳои истиқоматӣ, ки барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳудуди қисми низомии мазкур бунёд гардидааст, шинос шуда, ба 23 оила калиди манзилҳои истиқоматиро тақдим карданд.

Ҳуҷраҳои истиқоматии навбунёд, бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи зист, дар ҳудуди Пойгоҳи низомии таъминотӣ барои оилаҳои афсароне, ки дар ҳимояи марзу буми мамлакат адои хизмат менамоянд, пешбинӣ гардидааст.

Оилаҳои афсарон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият ва будубош изҳори сипос намуданд.

Дар қисми ҳарбӣ барои ҳайати шахсӣ, ҳамчунин, хонаҳои хизмати маишӣ, аз ҷумла, сартарошхона, хонаи фароғатӣ ва хонаи дарзмолкунии либос, мавҷуд аст.

Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз назар гузаронданд.

Дар намоишгоҳ сабзавоту мевагӣ, полезиҳо, чорво ва парандаҳои гуногун ба намоиш гузошта шуда буданд, ки дар хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ парвариш карда мешаванд.

Барои беҳтар намудани таъминоти ҳайати шахсӣ бо маводи ғизоӣ дар хоҷагиҳои ёрирасон соли 2019 дар масоҳати умумии 390 гектар маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда шудааст.

Афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар баробари таъмини амнияти миллӣ, пойдории сулҳу субот, ҳамзамон, бо истифода аз хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, саҳми арзанда мегузоранд. Имрӯзҳо хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Лахш, Ховалинг, Рӯшон, Ишкошим, Панҷакент, Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳ амал мекунанд.

Дар ҳудуди шаҳраки ҳарбӣ ду бинои алоҳидаи анборҳо бо сардхонаҳо ҷойгиранд, ки барои захираи маводи ғизоӣ пешбинӣ шудаанд.

Баъд Сарвари давлат бо шароити фароҳамгардида дар бинои навбунёди Ситоди қисми ҳарбӣ, ки аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст, шинос шуданд. Бинои Ситоди ҳарбӣ аз 26 утоқи корӣ барои ҳайати роҳбарикунанда, хобгоҳ барои 240 нафар, ҳаммом, хонаи хизмати маишӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва сарулибоси ҳарбӣ, хонаҳои фароғатӣ ва ҳуҷраҳои кории афсарон иборат мебошад.

Дар он ҷо Президенти мамлакат бо сарбозон суҳбати самимӣ доир карданд.

Тавре маълум гардид, бинои навбунёд барои омӯхтани нозукиҳои сарҳадбонӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Чунин шароит имконият фароҳам меорад, ки минбаъд сарбозону афсарони қисми низомии мазкур бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ҳамчун мутахассисони баландихтисос омода гарданд ва марзу буми кишварро беҳтару хубтар ҳифзу ҳимоя намоянд.

Дар дохили Пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуда, барои фаъолияти дурусту самараноки он ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд. Дар коргоҳи дӯзандагӣ 50 нафар, асосан, занону духтарони афсарон, ба кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар сехи истеҳсолӣ дӯхти сарулибос, рахти хоб ва дигар муҳимоти зарурӣ барои сарбозону афсарони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сифати баланд омода мешавад. Бо дарназардошти талабот, дар коргоҳ имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли сарулибоси мактабӣ барои хонандагону омӯзгорони мактабҳои миёна низ мавҷуд аст.

Дар дохили қисми низомӣ Пешвои миллат ба фаъолияти бинои нави «Кохи вафо» оғоз бахшиданд. Бино бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва санъати баланди меъмории миллӣ, аз ҷумла, кандакорӣ, ба таври зебову назаррабо сохта шудааст.

Дар толори маҷлиси «Кохи вафо», ки дорои 360 ҷойи нишаст мебошад, барои гузаронидани ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангӣ шароити муосир фароҳам гардидааст. Дар дохили ин иншоот, ки дорои китобхона бо адабиёти бою рангин барои сарбозон аст, осорхона оид ба кору фаъолияти созандаи Пешвои миллат ҳамчун намунаи дарси мардонагӣ таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, дар ҳудуди иншооти мазкур як осорхона бо дастгоҳу таҷҳизот барои тамошои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ба истифода дода шуд. Деворҳои иншоот бо мусаввараҳои таърихӣ, ки аз гузаштаву имрӯзаи Тоҷикистон қисса мекунанд, ба таври зебо оро ёфтааст.

Сарвари давлат зимни суҳбат аз кормандони ин ниҳод назорати ҳамаҷонибаи риояи меъёрҳои қонун ва дигар талаботи ҳарбиро тақозо намуда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар дохили қисми низомӣ мактаби такмили ихтисос фаъолият мекунад, ки барои бозомӯзиву омода намудани мутахассисони бахшҳои гуногуни ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин муассисаи таълимӣ кормандони нуқтаҳои назорати сарҳадӣ, алоқачиён, кинологҳо, муҳандисон, дар маҷмӯъ, аз рӯи 18 ихтисос мутахассис омода мегардад.

Барои гузаштан аз курсҳои бозомӯзӣ дар синф­хонаҳои дарсӣ шароити муосир ва асбобу аёниятҳои таълимӣ фароҳам аст.

Дар дохили қисми ҳарбӣ нуқтаи тиббӣ бо утоқҳои доругузаронӣ, хӯрокхӯрӣ ва ҷойи хоби сарбозон, инчунин, мағозаи хӯроквориву сарулибос мавҷуд мебошад.

Дар Пойгоҳи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ ду нуқтаи назорати гузаргоҳӣ, як нуқтаи назорати техникӣ бо шароити замони имрӯза бунёд ва деворҳои муҳофизатии гирду атрофи он навсозӣ шудааст.

Дар доираи навсозӣ масофаи зиёда аз 11 километр роҳҳои мошингарду пиёдароҳҳои ҳудуди отряд мумфарш гардидааст.

Дар ҳудуди Пойгоҳи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ майдони васеи варзишӣ сохта шудааст, ки дар он сарбозону афсарон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла, футбол, машғул мешаванд.

Ҳамзамон, дар ин пойгоҳи низомӣ толори барҳавои варзишӣ бунёд шудааст, ки барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун мувофиқ аст. Он аз майдончаи хурд, утоқҳои корӣ, анбор ва ҳаммом иборат мебошад. Толори мазкур бо таҷҳизоти гуногуни варзишӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки барои тамрини ҳамаҷонибаи афсарону сарбозон ва ҷисман обутоб ёфтани онҳо мусоидат мекунад.

Барои фарзандони низомиён дар Пойгоҳи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ майдончаи бозии кӯдакон низ бо дарназардошти шароити муосир сохта шудааст.

Дар боғи фароғатӣ, ки дар майдони 491 метри мураббаъ доман паҳн кардааст, зиёда аз 110 ниҳоли сояафкан ва 2160 адад гулҳои мавсимию доимӣ шинонида шудааст. Барои равшании шабона боғ бо чароғакҳо муҷаҳҳаз гардидааст.

Ба хотири сарсабзу хуррамгардонии атрофи иншоот дар масоҳати 1519 метри мураббаъ гулкорӣ ва сабзазор карда, зиёда аз 780 адад дарахти мевадиҳандаву сояафкан шинонида шудааст.

Ошхонаи сарбозони қисми ҳарбӣ барои 240 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст.

17 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти зарурӣ дар Пойгоҳи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии кишвар мулоқот баргузор карданд, ки дар он роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони таъминоти ақибгоҳиву молияи сохторҳои низомӣ ва Агентии таъминоти амволи махсус иштирок доштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастоварду камбудиҳо дар ин самт ибрози андеша ва зикр карданд, ки шароити пуртазоди замони муосир тақозо менамояд Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳолати доимии омодабоши ҷангӣ қарор дошта бошанд. Аз ҳамин сабаб, таъминоти сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо силоҳу муҳимоти ҳозиразамон, сарулибос, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва дигар маводу маҳсулот аҳамияти хоса касб мекунад.

Ҳукумати мамлакат барои таъминоти моддии хизматчиёни ҳарбӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ чораҳои заруриро амалӣ хоҳад сохт. Ҳар сол аз буҷети давлат бо ин мақсад маблағҳои зарурӣ ҷудо ва таъминот бо сарулибос, хӯрокворӣ беҳтар карда мешавад. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани шароити хизмат инфрасохтори зарурӣ сохта, ба истифода супорида мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки ақибгоҳ сохтори муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Сари вақт таъмин кардани қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ бо маводи ғизоӣ, амволи шайъӣ, сӯзишворӣ ва техникаву таҷҳизот аз ҷумлаи  вазифаҳои асосист. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани кор дар ин самт имрӯз сатҳи таъминнокии Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардидааст ва барои сарбозону афсарон шароити мусоиди хизмат фароҳам оварда шудааст.

Ҷиҳати таъмин кардани сарбозону афсарон бо сарулибос ва пойафзоли худӣ дар назди Вазорати мудофиа ва Агентии таъминоти амволи махсус корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ фаъолият менамоянд, ки барои бо ҷойи кор таъмин намудани аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ ва қонеъ кардани талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ мусоидат мекунанд.

Дар назди ҷузъу томҳои низомӣ хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шудааст, ки онҳо барои бо сабзавоту мева ва гӯшту шир таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ нақши муҳим доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои низомӣ барои ташкили коргоҳҳо миннатдорӣ баён карда, боз ҳам тақвият бахшидани корҳоро дар ин самт тақозо намуданд.

Дар охир, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро ба камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта, аз ҷумла, дар самти истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, беҳсозии шароити нигоҳдории молу маҳсулот, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ ва коррупсионидошта ҷалб намуда, ҷиҳати бартарафсозии онҳо ва беҳтар кардани таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ дастурҳои мушаххас доданд.

 www.president.tj