Номаҳои табрикотии роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№130 (4236) 20.10.2020

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

 Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

«Ҷаноби Олӣ!

Лутфан табрикоти маро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул фармоед.

Аз нав интихоб шудани Шумо шаҳодати он қадрдонӣ ва эҳтироми олие мебошад, ки мардуми Тоҷикистон нисбати Шумо доранд. Таҳти роҳбарии шумо Тоҷикистон дар муқобили хатару таҳдидҳои терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ба роҳи рушду шукуфоӣ гузашт.

Ҳиндустон ва Тоҷикистон аз робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ бархӯрдоранд, ки дар воқеиятҳои имрӯза боз ҳам мустаҳкамтар шудаанд. Боварӣ дорам, ки мо минбаъд низ муносибатҳои ҳамкориамонро дар асоси дуҷониба ва дар доираи ҳамоишҳои гуногуни минтақавӣ ва бисёрҷониба амиқтар ва мустаҳкам хоҳем кард.

Иҷозат диҳед аз фурсат истифода бурда, ба шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва дар талошҳоятон ҷиҳати таъмини некуаҳволӣ ва шукуфоии миллати тоҷик ва мардуми он комёбиҳо орзу намоям».

Барқияҳои шодбошӣ аз Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ворид гардидаанд. Дар барқияи шодбошии Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, аз ҷумла, зикр шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Шуморо бо пирӯзии комилатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод менамоям.

Натиҷаҳои интихобот бори дигар нуфузу эътибори баланди сиёсии Шуморо тасдиқ карда, аз ҷониби тамоми мардум тарафдорӣ намудани роҳи интихобкардаи Шуморо, ки ба рушди кишвар ва баланд бардоштани нақши он дар равандҳои ҷаҳонӣ нигаронда шудааст, нишон доданд.

Мехоҳам омодагии ин ҷонибро барои фаъолияти муштараки минбаъда ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судманди миёни Арманистон ва Тоҷикистон, ки пурра аз манфиатҳои мардумони мо маншаъ мегирад, таъкид намоям.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатмандии бардавом ва комёбиҳо дар татбиқи нақшаҳоятон, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покис­тон Ориф Алвӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Боиси шодиву фараҳи бепоён аст, ки унвонии Шумо, Ҷаноби Олӣ, табрикоти гарму самимиамро, барои аз нав интихоб гардидинатон ба маснади олӣ, яъне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, дар даври нав ба Шумо муваффақиятҳои комил таманно намоям.

Аминам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо минбаъд низ дар роҳи рушд ва шукуфоӣ пеш хоҳад рафт. Ду кишвари моро риштаҳои қавии дӯстӣ ва таъриху фарҳанги ҳамшабеҳ ба ҳам пайванданд ва мо сидқан хоҳони боз ҳам амиқтар ва васеъ гардонидани миқёси ҳамшарикиамон ба манфиати ҳар ду кишвар ва мардумонамон ҳастем.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, мехоҳам таманниёти беҳтаринамро ҷиҳати саломатии бардавом ва хушбахтии Шумо, Ҷаноби Олӣ ва пешрафту шукуфоии мардуми ба мо бародари Тоҷикистон, иброз намоям.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олӣ ва хоссаи маро бипазиред».

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар барқияаш навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли мамнуният табрикоти самимии хешро ба муносибати савгандёдкунии дарпешистодаатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям.

Умед дорам, ки раванди ҳамкориро барои манфиати мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла, тариқи ҳамоҳангсози муқими СММ ва ҳайати кишварии СММ дар Тоҷикистон, инчунин Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ идома хоҳем дод.

Созмони Милали Муттаҳид ба уҳдадорӣ ва дастгирии пайвастаи Тоҷикистон аз арзишҳо ва принсипҳои СММ, аз ҷумла, дар соҳаи сулҳу амният, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон такя мекунад.

Ҷаҳони имрӯза бо чолишҳои бесобиқа дар вокуниш ба бемории ҳамагири COVID-19 рӯбарӯ мебошад. Дар ҳоле ки чолишҳои мазкур таваҷҷуҳи саривақтиро талаб менамоянд, дигар масъалаҳоро низ наметавон канор гузошт. Ман боварии комил дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим, обу нигаҳдошти пиряхҳо, идомаи талошҳо барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва пуштибонӣ аз мултилатерализм содиқ хоҳад монд.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар иҷрои масъулиятҳоятон зимни даври нави президентӣ комёбиҳо орзу менамоям ва умед дорам аз имконияти суҳбат бо Шумо, дар мавриди ҳамкориҳои густурдаи Созмони Милал ва Тоҷикистон бархӯрдор бошам.

Ҷаноби Олӣ, итминони маро ҷиҳати олитарин эҳтиромоти фоиқаам ба Шумо қабул фармоед».

Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.

Натиҷаҳои овоздиҳӣ далели сатҳи баланди дастгирии мардуми Тоҷикистон аз роҳи Шумо ба сӯи рушди босуботи кишвар мебошанд.

Итминон дорам, ки таҷрибаи ғании фаъолияти давлатии Шумо, иззату эҳтироми ҳамватанон ва обрӯву эътибори байналмилалиатон минбаъд низ ба таҳкими робитаҳои ҳамкории Россия ва Тоҷикистон, ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои мо мусоидат хоҳанд кард.

Ба Шумо ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон комёбиҳо ва некуаҳволӣ орзу­мандам».

Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат, ҳамчунин, аз номи Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд — валиаҳд, муовини раиси Шӯрои вазирон, вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва  Наталия Герман — намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ  ворид гардиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.