Номаҳои табрикотии роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№132 (4238) 27.10.2020

Dushanbe_Presidential_Palace_0123 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Зееман дар номаи шодбошии худ ба унвони Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Иҷозат фармоед, ки Шуморо ҷиҳати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик намоям.

Бо камоли майл аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳам боварии устувори худро ҷиҳати он ки муносибатҳои анъанавии байни кишварҳоямон минбаъд ҳам муваффақона идома хоҳанд ёфт, иброз намоям.

Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Президент, қабл аз ҳама, саломатии бардавом ва дар кору ҳаёти шахсиатон муваффақиятҳои фаровон таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси зимни табрикоти худ овардааст:

«Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Боиси фараҳмандии ин ҷониб аст, ки паёми шодбошии худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти кишвари дӯсти Тоҷикистон арз менамоям.

Ман мутмаинам, ки аз нав интихоб шуданатон барои муҳлати нав ба мансаби Президентӣ, ин шинохти воқеии Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба шумор меравад ва аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми Тоҷикистон ба Шумо ҷиҳати идома додани ин рисолати сермасъул эътимод ва боварӣ дорад.

Ҳамчунин, ҷаноби Президент, мехоҳам рағбати ин ҷонибро ба ҳамкорӣ байни кишварҳоямон дар солҳои оянда бар нафъи ду ҷониб таъкид намоям.

Ҷаноби Олӣ, ба Шумо сиҳатмандӣ, бахту иқбол ва комёбиҳо дар иҷрои вазифаи ба уҳдаатон гузошташуда, ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии боз ҳам бештар таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Мардумии Банг­ладеш Абдул Ҳамид дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Мехоҳам Шуморо ба муносибати бо аксарияти мутлақи овозҳо ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон муборакбод намоям. Ин пирӯзӣ далели изҳори эътимоди мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо мебошад.

Бовар дорам, ки муносиботи гарми мавҷудаи байни Бангладешу Тоҷикистон дар давраи роҳбарии Шумо ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд ёфт. Ман ба ҳамкории зич дар таҳкими равобити тарафайн бар нафъи мардумонамон умед мебандам.

Ба Шумо саломатии қавӣ, умри дарозу хушбахтӣ ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳи пойдор, тараққӣ ва шукуфоӣ хоҳонам.

Ҷаноби Олӣ, лутфан эҳтиромоти фоиқаи ин ҷонибро бипазиред».

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.