Оғози бунёди як қатор иншооти соҳаи сайёҳӣ

№132 (3769) 11.11.2017

-----------------09112017_24412522558_o9 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии «Кӯли Варзоб», сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Дуои модар» ва ободониву созандагӣ дар мавзеи «Сафед — дара» шинос шуда, ба кори онҳо оғоз бахшиданд.

Сарвари давлат нахуст бо мавзеи бунёд ва тарҳи лоиҳаи Терминали нақлиётӣ шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Терминали нақлиётӣ дар қисми шимолии шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 5,80 гектар, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, самти ғарбии шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», ­назди соҳили дарёи Варзоб ва чорроҳаи Чорбоғ бунёд хоҳад гашт.

Маблағи умумии корҳои сохтмонии терминал 7,5 миллион сомониро ташкил медиҳад ва он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиквнештранс» бунёд карда мешавад. Лоиҳаи терминал аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ» таҳия шудааст.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 60 нафар сокини шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Дар терминал сохтмони анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот, таваққуфгоҳҳо барои воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, меҳмонхона, маркази логистикӣ, нуқтаҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, маркази таъмири воситаҳои нақлиёт ва ғайра дар назар дошта шудааст. ҳамин тариқ, дар он ҷо барои ронандагону мусофирон ва меҳмонон аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2014 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби сармояи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷик­внештранс» дар шаҳри Душанбе Терминали байналмилалӣ ифтитоҳ гардид. Зимни ифтитоҳи он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст дастур доданд, ки шумораи терминалҳои муосири ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ дар ҷумҳурӣ зиёд карда шавад. Бо мақсади дар амал татбиқ кардани ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, соли ҷорӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиквнештранс» дар атрофи дарвозаи ҷанубии шоҳроҳи «Душанбе-Қӯрғонтеппа» Терминали байниминтақавӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳадаф аз бунёди терминалҳо ба низоми муайян даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, халалдор нагаштани будубоши сокинони маҳалҳои гирду атроф ва меҳмонон, инчунин таъмини амнияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошад. Аз тарафи дигар, терминалҳои замонавӣ ба пойтахт ҳусну таровати тоза мебахшанд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Варзоб дастур доданд, ки қад — қади шоҳроҳ аз ду тараф ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида, ба тозагии муҳити зист аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Мавриди зикр аст, ки терминал дар заминҳои бекорхобидаю партовгоҳ бунёд мешавад. Соҳибкорон мақсад доранд, ки бо сохтмони иншоот ҷойҳои вайронаю харобазорро ба мавзеи зебову дилнишин табдил диҳанд.

Баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи бунёди Терминали нақлиётӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд.

Сипас, дар маҳалли дигари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва раиси шаҳри ­Душанбе ­Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои азнавсозии «Кӯли Варзоб» ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шинос шуданд.

Маблағи корҳои азнав­созӣ дар кӯл 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Пас аз пурра ба анҷом расидани корҳои азнавсозӣ дар он 80 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Майдони умумии ҳавзи шиноварӣ 158 ҳазору 787 метри мураббаъ мебошад.

Дар атрофи кӯл барои кӯдакону наврасон ва калонсолон ҷойҳои махсуси дилхушӣ, аквапарк, майдончаҳои футбол, волейбол ва дигар марказҳо бунёд мегарданд. Барои истироҳати хуши калонсолон нақлиёти обӣ-гидросиклҳо ва катамаранҳо истифода бурда мешаванд. Таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта, роҳравҳои атрофи кӯл асфалтпӯш мегарданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо лоиҳаи бунёди коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ шинос шуданд. Ҳаҷми умумии маблағи сохтмону муҷаҳҳазгардонии корхона бо техникаҳои муосири истеҳсолӣ дар маҷмӯъ 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар коргоҳи нав зиёда аз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.

Дар коргоҳ намудҳои гуногуни маҳсулоти сохтмонию саноатӣ, аз қабили газоблок, асфалт, бетон ва хишт истеҳсол хоҳад шуд. Иқтидори солонаи коргоҳи истеҳсоли газоблок 30 миллион адад мебошад. Иқтидори хатти бетонӣ 30 метри мукааб, таҷҳизоти худгарди майдакунӣ 50-100 тонна ва корхонаи асфалтбарорӣ 48 тонна дар як соатро ташкил медиҳад.

ҳамон рӯз дар ноҳияи Варзоб Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони истироҳатгоҳи берун­азшаҳрии «Дуои модар» шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки истироҳатгоҳ бо сарфи 10 миллион сомонӣ маблағҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед — дара» ­бунёд мешавад. Тибқи ­лоиҳаи нақшаи сохтмонию меъморӣ, дар истироҳатгоҳ меҳмонхонаи бисёрошёна бо 120 ҷойи хоб бунёд меёбад. Меҳмонхона аз ошхона, тарабхона, толори варзишӣ, толори маҷлис, ҳаммом ва ғайра иборат мешавад. Дар саҳни ҳавлӣ ва лаби дарё ҳавзи оббозӣ ва айвонҳои кушод сохта хоҳанд шуд. Инчунин, сохтмони таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, дар гирду атрофи он шинонидани дарахту бутта ва гулҳои зебои ороишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бунёди чунин истироҳатгоҳ ва ташкили инфрасох­тори замонавӣ дар он ба рушди соҳаи туризм ва ҷалби шумораи бештари сайёҳон ба мамлакат ва таъсиси 50 ҷойи нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Замини ин истироҳатгоҳ, ки дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари ҷумҳурӣ — ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, қабл аз ба тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед — дара» гузаштан харобу валангор буд. Соҳили дарёи Варзоб, ки дар шафати он қарор дорад, аз лиҳози бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ набуд.

Дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед — дара» бошад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои созандагӣ шинос шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар ин мавзеи зебову дилнишини ноҳияи Варзоб 28 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед — дара»-ро расман ифтитоҳ бахшида буданд.

Ҳамон вақт Сарвари давлат ба корҳои сохтмонии баанҷомрасида баҳои баланд ва ҷиҳати идомаи созандагӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.

Бо мақсади дар амал тат­биқ намудани дастуру супоришҳо соли ҷорӣ дар ин ҷо аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» як қатор иншооти иловагӣ, аз ҷумла майдони бозии Пейнтбол, майдончаи варзишӣ, Зиплайн, Баги ва майдони аспсаворӣ сохта шуд. Роҳи автомобилгарди «Пуғус-Такоб-Сафед-дара», ки бинобар боришоти зиёди борон ва барф дар ҳолати ногувор қарор мегирад, пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷамъияти мазкур қарор дорад. Дар он корҳои васеъ ва ҳамворкунӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи корҳои сохтмонӣ, ташкили инфрасохтори иловагӣ ва намудҳои нави варзиш аз ҷониби ҷамъият дар ин маҷмаа 6,5 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Дар Маҷмааи лижаронии «Сафед — дара» барои моҳидорон ҳавз бо 2 ҳазор моҳии фаррел сохта шудааст. Меҳмонон метавонанд бевосита аз ҳавз моҳӣ дошта, дар ҳамон ҷо пухтупаз намоянд.

Оянда, илова ба иншооти мавҷуда, роҳбарияти Маҷмааи лижаронии «Сафед-дара» ба нақша гирифтааст, ки аттраксион барои бозиҳои арғамчинӣ, коттеҷҳои дуошёнаи истиқоматӣ, аспхона ва боғи ҳайвонот бо парандаву ҳайвонҳои нодири хонагию ваҳшӣ, аз қабили уштур, хирс, бузи кӯҳӣ, қутос, навъҳои гуногуни сагҳо, рӯбоҳ, шағол, паланг, шер, кенгуру, маймунҳо, шутурмурғ ва ғайра сохта, ба истифода диҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар ободу зебо гардонидани ин минтақаи дорои табиати нотакрори диёр баҳои баланд ва ба масъулини соҳа дастур доданд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеи навбунёд, ҷалби бештари доираи сайёҳону меҳмонон, тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат, ба сатҳи байналмилалӣ баровардани хизмат­расонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва иҷораи лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ ва роҳҳои танобӣ тадбирҳо андешанд.

Супориш дода шуд, ки бо сохтмони 5 километр роҳ хатти лижаронӣ то ба баландии 3100 метр аз сатҳи баҳр бароварда, имсол ба масофаи 12 километр ва солҳои оянда то ба 20 километр дарозу васеъ карда шавад, то ин ки имкони баргузории чорабиниҳои варзишии зимистонаи сатҳи байналмилалӣ муҳайё гардад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» дастур доданд, ки ба хотири ба як мавзеи зебову дилкаш табдил додани маҷмаа гулу бутта ва дарахтони гуногуни ороишию сояафкан шинонанд.

www.president.tj