Оғози фатҳи қуллаҳо

№15 (3161) 13.02.2014

1-Энергетика (9)

Агар солҳои роҳбарии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шартан ба 4 давра тақсим намуда, солҳои 1992-1997-ро даврони «Наҷоти давлату миллат аз вартаи фано», 1998-2000-ро даврони «Таҳкими сулҳу субот» ва 2001-2006-ро «Оғози бунёдкорию созандагӣ» номем, пас солҳои 2007-2013-ро метавон «Оғози фатҳи қуллаҳо» номид.

Ин марҳила 6 ноябри соли 2006 оғоз ёфт. Он рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории 80 фоизи  интихобкунандагон дар фазои озоду шаффофи овоздиҳӣ аз нав ба муддати ҳафт соли оянда ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар кишвар марҳилаи нави таърихӣ оғоз ёфт, ки онро метавон давраи рахнаи монеаҳои бузург ва ё оғози фатҳи қуллаҳо номид.

Ҳамаи монеаҳои бузург ва қуллаҳои баланде, ки мардуми Тоҷикистон минбаъд фатҳ намуда, ба сатҳу сифати нави рӯзгор, ба сатҳи зиндагии шоиста бояд бароянд, дар суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи савгандёдкунии тантанавии ӯ — 18 ноябри соли 2006 ба таври возеҳу равшан баён гардид:

«Савганд ба номи поки Худо, савганд ба шири сафеди модарам, савганд ба дуои неки падарону модарон, савганд  ба нону намаки дастурхони пиру ҷавон, савганд ба обу хоки муқаддаси Ватан, ки масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро бар дӯш мегирам.

Савганд ба ҷони ҳафт миллион фарзанди Тоҷикистони азиз, ки тамоми ҳастӣ, неруву ғайрат ва таҷрибаву иродаамро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол мебахшам».

Ин савганди бисёр самимӣ ва басо муассиру рӯҳбахш, ки он рӯз аз умқи дилу ҷони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  садо дод, ба дили хурду бузурги Тоҷикистон роҳ ёфт ва умеду эътимоди онҳоро ба фардои дурахшони сарзамини мо тақвият бахшид.

Бо ёдоварӣ аз 15 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон он рӯз изҳор дошт, ки «дар ин муддат мо на танҳо оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш кардем, балки сарҷамъии миллатро таъмин намуда, пойдевори давлату давлатдории мустақилро гузоштем ва бо дарки масъулияти таърихӣ сулҳу ризоият ва ваҳдати шикастнопазири миллиро фароҳам оварда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста пайдо кардем».

Таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ чун се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи асосии баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум барои ҳафт соли давраи нав (2007-2013)  муайян карда шуд.

Дар баробари ин, рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, бартараф намудани такрори вазифаҳо дар мақомоти гуногун, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва ришвахӯрӣ аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятноки марҳилаи нави давлатдорӣ номида шуд.

Дурнамои сиёсати хориҷии кишварро Эмомалӣ Раҳмон чунин маънидод кард: «дар марҳилаи навини созандагии таърихӣ мо сиёсати «дарҳои кушода» ва прагматикии худро собитқадамона идома хоҳем дод. Мазмуни аслии он ҳамкории судманд ва беғаразона бо ҳама давлатҳои ҷаҳон аст».

Иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ин даврон муайян гардид, ба зудӣ оғоз ёфт.

Аллакай рӯзи 30 ноябри соли 2006 сохтори нави Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар сохтори нав шумораи умумии вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ аз 25 то 17 адад ва теъдоди идораҳои назди Ҳукумат аз 15 ба 13 расид, ки ин ба ҳадафҳои нави муайяншуда дар бораи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат мекунад. Ҳамин тариқ, мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлат ҷиддан ихтисор карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Ҳукумати нави Тоҷикистон  бори дигар аз савганди садоқати худ  ёдовар шуда, таъкид намуд, ки он на танҳо савганди Президент, балки савганди ҳар як нафаре аст, ки бо ӯ дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамаи зинаҳои ҳокимияти иҷроияи давлатӣ адои вазифа мекунанд. Сарвари давлат таъкид дошт, ки «иҷрои вазифаҳои стратегӣ заҳмати шаборӯзӣ ва фидокориҳоро талаб мекунад».

Рӯзи 15 декабри соли 2006 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як таркиши азим ва фурӯ омадани пораи кӯҳ ва сангу шағали бешумор маҷрои дарёи Вахш дар мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» баста шуд ва бунёди сарбанди он оғоз ёфт.

Ин рӯйдоди фараҳбахш нахустин қадами устувори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар роҳи амалӣ намудани вазифаҳои давраи нави таърихӣ буд. Бо ҳамин рӯҳияи баланд марҳилаи нави бунёдкорию созандагӣ дар таърихи навини Тоҷикистони мустақил оғоз ёфт.

 Таъмини истиқлолияти энергетикӣ

 Чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 20 январи соли 2008, пас аз як солу як моҳи оғози сохтмон ба кор дароварда шуд. Якуми июли ҳамон сол  чархаи дуюм ва 5 ноябр  чархаи сеюми он ба тавлиди неруи барқ шурӯъ намуд.

Сию якуми июли соли 2009 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ҳамаи 4 чархаи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бад-ин минвол, Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин ва ягона ҷумҳурии собиқи ин давлати абарқудрат буд, ки «Сангтӯда-1» барин неругоҳи бузургро бо иқтидори лоиҳавии 670 мегаватт бунёд намуд.

Бистуми феврали соли 2006 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Парвизи Фаттоҳ, вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Алҳоҷ Муҳаммад Исмоилхон ва дигар шахсони расмӣ бунёди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» оғоз ёфт. Барои бунёди он харҷи 220 миллион доллари амрикоӣ маблағ аз Тоҷикистону Эрон пешбинӣ шуда буд.

Панҷуми сентябри соли 2011 чархаи якуми ин неругоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чархаи дуюми ин неругоҳ соли 2013 омода гардида, ба кор даромад.

Тибқи созишномаи ду ҷониб баъди ба кор даромадани неругоҳ даромади пулии он давоми 12,5 соли аввал ба ҷониби Эрон тааллуқ хоҳад дошт. Аз он пас неругоҳ моли Тоҷикистон хоҳад шуд.

Панҷуми майи соли 2006 миёни ШСХК «Барқи Тоҷик»  ва ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба кашидани хатти 220 — киловолтаи интиқоли неруи барқи «Лолазор-Хатлон» шартнома ба имзо расид.

Татбиқи амалии он, ки арзиши лоиҳавияш  58,1 миллион доллари амрикоӣ буд, 17 сентябри соли 2007 оғоз ёфт.

Ҳабдаҳуми марти соли 2009 хатти 220 — киловолтаи интиқоли неруи барқи «Лолазор-Хатлон» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 моҳ пеш аз муҳлати нақшавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Шонздаҳуми сентябри соли 2006  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Вэн Ҷябао дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба кашидани хатти 500 — киловолтаи интиқоли неруи барқи «Ҷануб-Шимол» расман оғоз бахшиданд.

Ин хатти баландшиддат бо харҷи 281,3 миллион доллари амрикоӣ кашида шуда, моҳи октябри соли 2009 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар доираи ин лоиҳа дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ду зеристгоҳи 500 — киловолта бунёд ёфт, ки бо навтарин таҷҳизоти таҳвил ва тақсими барқ муҷаҳҳазанд.

Моҳи декабри соли 2008 миёни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати «КЕС»-и Ҳиндустон созишнома дар бораи кашидани хатти 220 — киловолтаи интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба имзо расид.

Татбиқи амалии ин лоиҳа моҳи январи соли 2010 оғоз ёфта,  моҳи декабри ҳамон сол қисмати тоҷикистонии он, ки масофааш 116 км аст, бо харҷи 26 миллион доллари амрикоӣ ба поён расид. Кашидани қисмати афғонистонии он соли 2012 пурра анҷом ёфт ва тавассути он дар фасли тобистон аз Тоҷикистон ба ин кишвар неруи барқ интиқол меёбад.

Ҳамчунин татбиқи лоиҳаи CASA-1000 дар назар аст, ки мутобиқи он бояд хатти 500 — киловолтаи интиқоли неруи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон кашида шавад. Имконсанҷии иқтисодию техникии он дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта,  оғози татбиқи амалиаш соли 2014 дар назар аст.

Ҳабдаҳуми июни соли 2010 миёни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати «ТВЕА» -и Ҷумҳурии Халқии Хитой қарордод оид ба сохтмони хатти 220 – киловолтаи интиқоли неруи барқи «Хуҷанд-Айнӣ» ба имзо расид ва бо вуҷуди он ки қисмати зиёди хат аз болои қаторкӯҳҳои баланди ҳамеша барфпӯш мегузарад, 26 сентябри соли 2011 он дар масофаи 83 км 5 моҳ пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ноҳияҳои водии Зарафшон – Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар бевосита пайваст шуданд ва акнун мардуми ин водӣ пурра бо неруи барқи истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд.

Зеристгоҳи «Айнӣ» ва хатти 220 — киловолтаи «Хуҷанд-Айнӣ» бо харҷи 37 миллион доллари амрикоӣ бо истифода аз техникаю технологияи навтарини ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст.

Дар доираи ҳамкории иқтисодии минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар асоси Созишномаи грантии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд бо маблағи 122 млн. доллари ИМА  лоиҳаи минтақавии барқарорсозии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 амалӣ мешавад.

Соли 2012 тибқи созишномаи миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар қисмати шимоли шаҳри Душанбе сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 270 мегаватт оғоз ёфт. Санги асоси он 8 сентябри соли 2009 аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.

Марказ  бо харҷи 405 миллион доллари амрикоӣ бо усули иваз бо захираҳои табиӣ бунёд меёбад. Навбати аввали он бо иқтидори 50 мегаватт   моҳи январи соли 2014 ба кор дароварда шуд.

Соли 2014 навбати дуюми он низ бояд ба кор дароварда, иқтидораш ба 100 мегаватт расонида шавад. Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки оянда бо васли боз ду чархаи дигар иқтидори барқии ин марказ ба 400 мегаватт афзун гардад.

Соли 2010 навсозии Неругоҳи барқи обии «Варзоб-1», ки аввалин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон аст, бо арзиши лоиҳавии 17 миллион  доллари амрикоӣ оғоз ва татбиқи ин лоиҳа бо маблағгузории грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон соли 2012 пурра анҷом ёфт.

Дар асоси дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир барномаи навсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» амалӣ мегардад.

Дар навбати аввал, моҳи октябри соли 2009, бо корхонаи Турбоатоми Украина доир ба иваз намудани ҳамаи 9 чархаи кории Неругоҳи барқи обии «Норак» қарордод ба имзо расид. Тибқи ин қарордод, аллакай 3 чархаи кории   неругоҳ иваз карда шуд. Ҷойи таъкид аст, ки баъди ивази чархаҳои корӣ иқтидори ҳар як агрегати барқзо ба 355 ва иқтидори умумии неругоҳ ба 3195 мегаватт мерасад, ки 195 мегаватт аз қудрати қаблиаш зиёд аст.

Соли 2011 навсозии таҷҳизоти барқтақсимкунандаи 220 — киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Норак» оғоз ёфта, охири соли 2012 бо сифати баланд ба поён расонида шуд. Дар ин муддат таҷҳизоти барқтақсимкунандаи 220 — киловолта бо дастгоҳҳои навтарини фаронсавӣ иваз ва пойгоҳи он ба ҷойи бехатар кӯчонида шуд. Ивази таҷҳизоти барқтақсимкунандаи 500-киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Норак», ки дар майдони қариб 5 гектар ҷойгир аст, идома дорад. Таҷҳизоти нав муосир ва бехатар буда, дар дохили бинои хурдакаке ҷой мегирад, ки масоҳаташ 70 баробар кам аст.

Ҳоло Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» низ, ки аз ҷумлаи куҳнатарин неругоҳҳои Тоҷикистон ба шумор меравад, мавриди навсозӣ қарор дорад. Барои навсозии ин неругоҳ тибқи тавофуқоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо 40 миллион евро маблағи грантӣ ҷудо гардидааст.

Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ мавриди навсозии тадриҷӣ қарор дорад. Соли 2009 бо харҷи 2 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд таҷҳизоти назорати кори генераторҳо иваз карда шуд. Соли 2013 бо ҷудо шудани 9 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд таҷҳизоти  барқтақсимкунии 220 — киловолта қисман нав карда шуд. Барои навсозии пурраи таҷҳизоти Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» ҷудо намудани 30 миллион доллари амрикоӣ дар нақша аст.

Ҳамин гуна корҳо ҳамчунин дар Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар болои рӯди Вахш, ки иқтидори лоиҳавияш 240 мегаватт аст, идома дорад.

Дар даврони авҷи сиёсати созандагию бунёдкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон  имконоти сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ ҳам мавриди истифодаи васеъ қарор дорад. Танҳо давоми соли 2011 дар ҷумҳурӣ 30 неругоҳи хурди обӣ бо иқтидори аз 15 то 4300 киловатт сохта, ба истифода дода шуд, ки иқтидори умумиашон 7339 киловаттро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ноҳияҳои дурдасти кишвар 305 неругоҳи хурд ва 2432 таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ  мавриди истифода қарор дорад.

Ғайр аз ин, ҳоло Барномаи дарозмуддати бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ барои солҳои 2009-2020 мавриди татбиқ қарор дорад, ки дар доираи он бояд 189 неругоҳи хурди обӣ бунёд ёбад. Аз он 16 неругоҳи хурд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 46- то дар вилояти Суғд, 44 адад дар вилояти Хатлон ва 83 неругоҳ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Дар чаҳорчӯби ин барнома аллакай сохтмони 73 неругоҳи хурди обӣ ба поён расидааст.

Шумораи зиёди неругоҳҳои хурди дигар аз ҷониби соҳибкорон ва ташаббускорони инфиродӣ бунёд меёбад, ки дар ин барномаи давлатӣ ба инобат гирифта нашудаанд.

Танҳо дар ҳафт соли охир барои бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи энергетика қариб 12 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 6 миллиард сомонӣ  идома дорад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла гидроэнергетикаи Тоҷикистони соҳибистиқлол рушди босуботу бонизоми ояндаи кишварро бе Неругоҳи барқи обии «Роғун» тасаввур кардан номумкин аст. Бе Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ояндаи наздик обанбори Норак аз лой ва сангу шағал пур мешавад ва ин неругоҳ, ки қалби Тоҷикистон аст, корношоям мегардад. Танҳо ҳамин бурҳон кофист, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро барои Тоҷикистон тақдирсоз биномем. Маҳз ба ҳамин хотир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд: «Роғун» умри «Норак»-ро 100 соли дигар дароз мекунад».

Солҳои 2007 ва 2008 бо ташаббусу пешкорӣ ва азму иродаи устувори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии иншооти мавҷудаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва омодагӣ ба идомаи сохтмону таҷҳизи он бо неруи худӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора оғоз ёфт. Дар аввал касе бовар надошт, ки Тоҷикистон бо имконоти дохилии худ қудрату тавони сохтмони чунин иншооти азимро дорад.

Дарвоқеъ, мушкил аст, вале қудрату тавоноӣ дар дасти мардум аст, мардуме, ки муттаҳид ва якдилу якмаром бошад. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон аҳамияти Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро барои имрӯзу фардои Ватани азизи худ хуб дарк мекунад. Ин буд, ки баъд аз муроҷиати Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон (5 январи соли 2010) ба мардуми ҷумҳурӣ доир ба саҳмгузории умумӣ дар сохтмони ин неругоҳ ва майдони заҳмати созанда эълон гардидани мавзеи бунёди он дар муддати кӯтоҳ наздики 200 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд.

Тибқи тавофуқоти Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ҳоло дар мавзеи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» танҳо корҳои барқарорсозии иншооти қаблан сохташуда ва омодагӣ ба идомаи сохтмони ин неругоҳи тақдирсоз ба назар мерасанд.

Тавре аён мегардад, сиёсати Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика, ки ба нафъи кулли минтақа равона гардидааст, вақтҳои охир мавриди дастгирии васеи коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми давлатҳои гуногун ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ қарор мегирад. Пуштибониҳои бо далелҳои қотеъ устуворгардида дар  доираҳои Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва дигар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо  садо медиҳанд.

Барои ташвиқи ҷаҳонии истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикӣ, гузаштан ба «энергетикаи сабз» ё «иқтисоди сабз», ҳифзи иқлими сайёра аз гармшавии босуръат ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола Тоҷикистон пешвои ҷаҳонӣ дар тарғиби дастрасии умум ба оби поки ошомиданӣ ва «энергетикаи сабз» эътироф гардид.

 Раҳойӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ

2-Коммуникатсия (2)

Ҷойи шубҳа нест, ки тайи садсолаҳо ва ҳатто ҳазораҳои гузашта шохаҳои гуногуни Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз ҳудуди Тоҷикистони имрӯза мегузашт. Сарзамини кӯҳистони мо, сарфи назар аз кӯҳҳои осмонбӯсу душворгузари худ, як навъ пули пайвандбахши Шарқу Ғарб ва ҳам Шимолу Ҷануб буд. Номгуйи шаҳрҳои зиёди бостонии Тоҷикистон, ки тайи ҳазорсолаҳои гузашта бо корвонсаройҳо ва бозорҳои бузурги минтақавӣ дар сарчашмаҳои муътамади таърихӣ зикрашон омадааст, аз дурустии ин таъкид гувоҳӣ медиҳад. Шаҳру шаҳристонҳои бостонии Саразм, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Ҳисори Шодмон, Тахти Сангин, Қубодиён, Фархор, Ҳулбук, Кӯлоб, Мунк, Дарбанд, Рашт, Дарвоз, водии Вахон ва ғайра аз ҷумлаи мавзеъҳои Тоҷикистони имрӯзаанд, ки дар гузашта аз онҳо роҳҳои минтақавию байналмилалии тиҷоратӣ мегузаштанд.

Аммо аз солҳои ба истилоҳ индустриализатсияи Осиёи Марказӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан, ки аз нимаи дуюми садаи XIX, аз замони таҳти тасарруфи Россияи подшоҳӣ афтодани ин минтақа оғоз ёфт, сарзамини Тоҷикистони имрӯза-онвақта ҳудуди Бухорои Шарқӣ аз раванди рушду тараққиёти замони нав дар канор монд. Танҳо минтақаи шимоли Тоҷикистон то андозае аз дастовардҳои илму техникаи нав, аз ҷумла роҳи оҳан, баҳравар гардид.

Бо вуҷуди пешрафту тараққиёти замони Шӯравӣ, ки зиндагии мардумро комилан дигаргун намуд, пайвастагии миёни минтақаҳои Тоҷикистон дар ҳама фаслҳои сол таъмин карда нашуд. Аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд (онвақта Ленинобод) дар 6 моҳи фасли сардмоҳ бо маркази ҷумҳурӣ танҳо алоқаи ҳавоӣ доштанду бас. Алоқаи нақлиётии заминӣ танҳо аз тариқи ҷумҳуриҳои ҳамсоя имконпазир буд. Албатта, тавассути кандани нақбҳо ва бунёди пулҳои азим имкон буд, ки минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон бо роҳҳои мошингард ба ҳам ва бо маркази ҷумҳурӣ пайваста шаванд, вале ба хотири пурхароҷот будани татбиқи чунин лоиҳаҳо аз онҳо худдорӣ намуданд.

Дар тирамоҳу зимистон ағбаҳои Анзобу Шаҳристон ва Хобуробод, ки ноҳияҳои марказии ҷумҳуриро бо вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мепайванданд, баста мешуданд. Ҳаракати нақлиёти мошинӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фасли зимистон танҳо аз тариқи шаҳри Оши Қирғизистон сурат мегирифт.

Ин аст, ки пас аз пош хӯрдани давлати ягонаи Шӯравӣ ва ба истиқлол расидани ҷамоҳири Осиёи Марказӣ истифода аз роҳҳои минтақавӣ тадриҷан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ омадан гирифт. Аз ҷумла  Ҷумҳурии Ӯзбекистон на танҳо дар убуру мурур аз ҳудуди худ ба монеагузорӣ оғоз намуд, балки сарҳади давлатиашро бо Тоҷикистон минагузорӣ карда, низоми раводид ҷорӣ ва ҳатто қитъаи Амузанги роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппаро вайрону валангор кард. Ҳамин тариқ, аз соли 2012 сар карда, вилояти Хатлон аз тамоми робитаҳои роҳи оҳан бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ҳам бо хориҷи кишвар маҳрум монд. Ба ҳамин тартиб, Тоҷикистон тавассути сиёсати монеагузории Ӯзбекистон, ҳамчунин бо бурида шудани хатҳои минтақавии интиқоли неруи барқ аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо карда шуд. Ахиран, Ӯзбекистон ҳамчунин интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон пурра қатъ намуд.

Маҳз ҳамин ҳолатҳо буд, ки раҳо намудани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи се ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар эълон гардидааст.

Бешубҳа, барои муттаҳидиву ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, таъмини равуо ва додугирифти дохилиҷумҳуриявӣ зарур аст. Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқназарона дарк намуд, ки заминаи ин ваҳдатро бояд омода кард. Бе васли ҳама манотиқи ҷумҳурӣ ба даст овардани чунин ваҳдат имкон надошт. Ва ӯ ин ҳадафро пайгирона ба миён гузошта, мардуми Тоҷикистонро ба созандагӣ дар ҳама соҳаҳо, аввал аз ҳама, дар соҳаи роҳу иртиботот даъват намуд.

Дар даҳ соли охир барои раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст, ки 17-тои он ба солҳои 2006-2013 рост меояд.

Дар натиҷа, 1650 километр роҳҳои мошингард бунёд ва ё навсозӣ гардида, 109 пул ва  32 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар давраи солҳои 2006-2013 сохтмону навсозии роҳҳои мошингард, пулҳо ва нақбҳо, аз ҷумла, навсозии шоҳроҳҳои мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа, Душанбе-Хуҷанд-Бустон-Чанок, Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон, Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи Поён ва Душанбе-Данғара оғоз ёфта, ба поён расид. Дар доираи ин лоиҳаҳо даҳҳо пулҳои хурду бузург бунёд ёфта, садҳо километр роҳҳои маҳаллӣ низ навсозӣ шуданд. Сохтмону навсозии шоҳроҳҳои мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Душанбе-Турсунзода ва Айнӣ-Панҷакент бомаром идома дорад.

Дар ин давра ҳамчунин сохтмони нақбҳои мошингарди «Дӯстӣ» ё худ «Шаршар» бо дарозии 2223 м/т, «Шаҳристон» бо дарозии беш аз 5 км ва «Чормағзак» бо дарозии қариб 5 км ба поён расид.

Дар ин муддат танҳо дар болои рӯди Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон се пули азим дар мавзеъҳои Ишкошим, Панҷи Поён ва Ванҷ сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони пули чаҳорум дар мавзеи Шӯрообод дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Мавриди зикри хос аст, ки маҳз тавассути пулҳои мошингард гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон тайи солҳои охир беш аз 100 баробар афзоиш ёфт.

Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии  5,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Навсозии роҳҳо идома дошта, то соли 2015 сохтмону барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода, Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва Кӯлоб-Ховалинг, сохтмони терминали замонавӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, роҳҳои оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён  ва Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар назар аст. Доир ба ҷалби сармоягузорӣ ба таҳияи лоиҳа ва сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ҳам чораҳо амалӣ мегарданд.

Ин аст, ки аз соли 2012 ба ин сӯй фаъолияти нақлиёти байналмилалӣ бо 37 давлати ҷаҳон сурат мегирад. То соли 2006 ин амал танҳо бо 16 давлат имконпазир буд. Ҳамлу нақл дар соли 2006 ҳамагӣ бо 8 давлати хориҷи дур ҷараён мегирифт, соли 2012 бошад, шумораи чунин давлатҳо ба 24 расид. Содироти бор соли 2006 ҳамагӣ 40,0 ҳазор тоннаро ташкил медод, соли 2012 бошад, 230 ҳазор тонна ё зиёда аз 7 баробар афзоиш ёфтааст.

Бо такя ба чунин нишондодҳои роҳсозӣ, бо итминон метавон гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтааст. Корҳо танҳо барои ба сатҳи байналмилалӣ расонидани сифати роҳҳо ва хизматрасонии нақлиётӣ идома доранд.

 Амнияти озуқаворӣ

3-Озукавори (2)

 Чунонки аз нутқи барномавии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии 18 ноябри соли 2006 бармеояд, таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи се ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар дар марҳилаи нави созандагӣ ба шумор меравад.

Барои татбиқи амалии ин ҳадаф, ки бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи дар Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида ҳамоҳанг мебошад, дар Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳим ба тасвиб расида, мавриди иҷро қарор доранд. Муҳимтарини онҳо Стратегияи миллии рушд барои то соли 2015, Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигар доир ба коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд.

Дар доираи татбиқи ин ва дигар санадҳои давлатӣ ислоҳоти соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар ба роҳ монда шуда, доир ба муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигарондани онҳо кори зиёд анҷом дода шуд.

Аз соли 2007 ба ин сӯй таъмини амнияти озуқаворӣ барои Тоҷикистони тозаистиқлол, ки 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳои осмонбӯс ташкил медиҳанд, аҳамияти ҳаётӣ пайдо намуд, зеро аз нимаи дуюми ҳамин сол буҳрони байналмилалии молиявию иқтисодӣ шиддат ёфта, нархи маҳсулоти хӯрока дар бозори ҷаҳонӣ босуръат боло мерафт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайомадҳои шиддат гирифтани буҳрони ҷаҳониро хуб эҳсос намуда, моҳи феврали соли 2008 ба Ҳукумат ва мардуми кишвар муроҷиатномаи махсус қабул намуд. Тавре таъкид гардид, роҳи асосии пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва таъмини эътидолу амнияти озуқаворӣ дар кишвар афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва фаровон намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумат ва мардуми кишварро ба суръат бахшидани киштукори баҳорӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо қарзҳои бонкӣ, техникаю таҷҳизот, маводи сӯхту молиданӣ, нуриҳои минералӣ, тухмиҳои хушсифат,  истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам ва хусусан тавассути ба роҳ мондани кишти такрорӣ рӯёнидани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ ҳидоят намуд.

Минбаъд иҷрои супоришҳои ин муроҷиатнома таҳти назорати доимӣ қарор гирифт ва хушбахтона, натиҷаи дилхоҳ дод. Худи ҳамон сол кишоварзони мамлакат барои рӯёнидани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ дар майдони 109 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузарониданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 8 ҳазор ва нисбат ба соли 2007-ум 41 ҳазор гектар зиёд буд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 ноябри соли 2008 истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 841 ҳазору 500 тонна, картошка 540 ҳазор тонна ва сабзавот 738 ҳазор тонна расонида шуд.

Бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 дар 170 ҳазор гектар заминҳои обӣ кишти тирамоҳии ғалладона гузаронида шуд ва соли 2009 майдони кишти такрорӣ ба 160 ҳазор гектар расид.

Натиҷаи чунин тадбирҳо буд, ки соли 2009 нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон 1 миллиону 300 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ гардид.

Дар натиҷаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмҳои ӯ ба Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратҳо ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бармеоянд, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2012 ба 16,4 млрд. сомонӣ расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2006-ум 7,3 млрд. сомонӣ ё 2,2 баробар зиёд аст. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулот — ғалладона 35%, картошка 73%, сабзавот 2,3 баробар, полезӣ 2,1 баробар, мева 50,4%, гӯшт 58,8% ва шир 43% афзоиш ёфт.

Дар ин давра дар соҳаи кишоварзии мамлакат бо ҷалби 900 миллион сомонӣ маблағҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ  татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузорӣ барои барқарорсозии инфрасохтори деҳот, инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳо,  бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин, рушди устувори соҳаи пахтакорӣ, рушди деҳот, рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо оғоз гардид.

Соли 2012 дар майдони 142 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2006-ум 36 ҳазор гектар зиёд буд.

Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ майдони зироатҳои ғалладона хеле васеъ гардида, дар соли 2012 ба 424332 гектар расонида шуд, ки  нисбат ба соли 2006-ум 22420 гектар ё 5,5 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли ғалладона ба 1,2 млн. тонна расонида шуд, ки  нисбат ба соли 2006-ум 320 ҳазор тонна ё 35,1 фоиз зиёд аст.

Барои афзун намудани истеҳсоли картошка ва пурра таъмин кардани бозори дохилӣ ва ҳамчунин ба содирот баровардани он бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 таҳия ва қабул гардид. Тибқи барномаи мазкур бояд майдони кишти картошка зиёд шуда, истеҳсоли он ба як миллион тонна расонида шавад.

Дар соли 2006 майдони кишти картошка дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 27935 гектарро ташкил медод ва ин майдон то соли 2012  дар ҷумҳурӣ ба 41738 гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2006 –ум 13803 гектар зиёд аст.

Истеҳсоли картошка дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2006-ум 573685 тоннаро ташкил дода буд. Дар соли 2012 ин нишондиҳанда ба 991044 тонна расонида шуд.

Майдони кишти сабзавот ва полезӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ то соли 2012 зиёд гардида, нисбат ба соли 2006 мутаносибан 13227 ва 9299 гектар ва истеҳсоли онҳо  582516 ва 246886 тонна зиёд гардид.

Барои  таъмини аҳолии кишвар бо сабзавоти тару тоза дар тамоми фаслҳои сол дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ масоҳати гармхонаҳои доимӣ ба 62 гектар расонида шуда, аз он 589 тонна помидор, 624 тонна бодиринг ва 207 тонна дигар намуди сабзавот, дар маҷмӯъ 1421 тонна маҳсулоти тару тоза истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2006 майдони кишт 44 гектар ва истеҳсол 1092 тонна зиёд мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар натиҷаи иштироки пайваста ва бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳашарҳои умумии ниҳолшинонӣ ва ба ин кор тарғибу ташвиқ намудани мардум  нишондодҳои барномаи чорсолаи соҳа дар ду сол иҷро шуд. Аз ин хотир, соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014»  содир шуд. Тибқи ин фармон дар ин муҳлат бояд дар майдони 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд карда шавад.

Ин буд, ки  майдони боғҳо то соли 2012 дар ҷумҳурӣ ба 122009 гектар расида, дар майдони 4409 гектар боғ ва 1506 гектар токзори куҳна барқарор карда шуд. Тайи шаш соли охир майдони боғҳо дар ҷумҳурӣ 31374 гектар зиёд шуд.

Дар соли 2012 истеҳсоли мева дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 481 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба соли 2006 –ум 167 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар давоми солҳои 2008-2012 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 3,1 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ дар майдони 333 гектар дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Панҷакент, Данғара, Бохтар, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод ва  Дарвоз боғу токзори намунавӣ ва дар асоси технологияи инноватсионӣ панҷ гектар боғи интенсивӣ дар ноҳияи Ҳисор бунёд карда шуд. Инчунин барои васеъ намудани майдони боғи модарӣ бо маблағи 1 млн. сомонӣ 14200 бех ниҳоли себи чинӣ ва 14300 бех гелоси ҷопонӣ, ҷамъ 28500 бех ниҳол аз хориҷи кишвар ворид ва ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас шуд.

Дар солҳои 2006-2012 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ аз дохил ва хориҷи кишвар ба маблағи 15,1 млн. сомонӣ 7021 тонна  картошкаи тухмӣ, ба маблағи 10,1 млн. сомонӣ 2938 тонна гандуми тухмӣ, ба маблағи 7 млн.сомонӣ 360 тонна чигити тухмӣ бо 15 тухмипошаки кишти дақиқ ва ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ ба миқдори 165 тонна ҷуворимаккаи тухмӣ харидорӣ шуд.

Дар солҳои 2006-2012 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорводорӣ низ рушд ёфта, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд.

Дар ин давра саршумори чорвои калон 342878 сар, гӯсфанду буз 914643 сар, паранда 1605929 сар, истеҳсоли гӯшт 43099 тонна, шир 194693 тонна, пашм 1291 тонна ва тухм 180431 ҳазор дона зиёд гардидааст.

То соли 2006 барои беҳтар намудани зоти чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳамагӣ 80 нуқтаи бордоркунии сунъӣ фаъолият дошта, дар онҳо ҳамасола 3300 сар модагов ба таври сунъӣ бордор карда мешуд. Ба 1 январи соли 2013 шумораи нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ ба 260 адад расонида шуд.

Қутоспарварӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ бахши асосии чорводорӣ ба шумор меравад. Дар натиҷаи амалишавии Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ саршумори қутос дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 23300 сар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2006-ум 8300 сар (55%) зиёд мебошад.

Инчунин шумораи хоҷагиҳои қутоспарварӣ аз 38 адад ба 62 расонда шуд, ки нисбат ба соли 2006-ум 24 адад зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2008-2012 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 1610 сар қутос аз ноҳияи Мурғоб харидорӣ гардида, ба дигар ноҳияҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ дастрас карда шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо назардошти минтақаи туризм ва сайёҳӣ эълон гардидани ноҳияҳои Балҷувон, Варзоб, Айнӣ ва дар оянда пешкаши сайёҳон гардонидани гӯшти парҳезии қутос дар ин ноҳияҳо ба тариқи омӯзишӣ парвариши қутос ба роҳ монда шуд.

Дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ соли 2010 КВДҶ «Асппарвар» ташкил гардид, ки ҳоло 87 сар аспҳои зоти англисӣ ва тоҷикӣ дорад.

Инчунин риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кам гардидани забҳи чорво мусоидат намуд.

Бо роҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон парвариши занбӯри асал дар Тоҷикистон рушди бесобиқа пайдо намуд. То соли 2006 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 49600 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, соле то 800-900 тонна асал истеҳсол мегардид. Ба ҳолати 1 январи соли 2013 миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 190 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 3280 тонна расонида шуд.

Ҳамасола дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти занбӯри асал дар моҳҳои август-сентябр чорабинии «Иди асал» баргузор карда мешавад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ мусоидат намуда истодааст.

Бо дастгирии Сарвари давлат соҳаи парандапарварӣ низ рӯй ба рушд овардааст. То қабули барномаи давлатии рушди ин бахш дар миқёси ҷумҳурӣ ҳашт корхонаи парандапарварӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо   434 ҳазор сар паранда парвариш ёфта, 24 миллиону 800 ҳазор дона тухм истеҳсол мегардид. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корхонаҳои парандапарварӣ марҳила ба марҳила барқарор гардида, шумораи онҳо ба 23 расонида шуд.  Дар ин корхонаҳо 1 миллиону 546  ҳазор сар паранда парвариш ёфта, соли 2012 дар онҳо 171 миллион дона тухм истеҳсол гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба соли 2006 дар корхонаҳои парандапарварӣ саршумори паранда 3,5 баробар ва истеҳсоли тухм ҳафт баробар зиёд шудааст.

Бо мақсади дастгирии ин соҳа бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти хӯрокаи паранда аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши илова озод карда шуд, корхонаҳо ба ҳисоби барқистифодабарандагони дараҷаи аввал гузаронида, бо барқи мунтазам  таъмин шуданд. Дар 12 корхонаи соҳа технологияи ҳозиразамон   аз Ҷумҳурии  Исломии Эрон, Туркия, Федератсияи Россия, Украина оварда, насб карда шуд.

Дар ин давра корхонаҳои парандапарварӣ ва сехҳои чӯҷабарорӣ марҳила ба марҳила чӯҷа истеҳсол намуданд. Онҳо ҳамасола зиёда аз 300 ҳазор сар чӯҷа ба фурӯш мебароранд.

Тавассути амалишавии Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ бошад, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 8 ба 150 адад расонида шуд, ки нисбат ба  соли 2008-ум 19 баробар зиёд мебошад. Ҳамзамон истеҳсоли моҳӣ низ афзоиш ёфта, тибқи маълумоти оморӣ ба 1 январи соли 2013, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 1113 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба  соли 2006-ум  862 тонна (4 баробар) зиёд аст.

Соли 2007 бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон КВДҶ «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шуд, ки вазифааш таъмини шаҳру ноҳияҳо бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ аст. Давоми солҳои 2008-2012 корхона ба маблағи 25 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ 598 трактор, 433 мошинолоти кишоварзӣ ворид намуд.

Дар ин давра ба ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 37 адад, ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 34 адад ва ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 25 адад трактор бо испорҳояш аз тарафи Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун туҳфа дастрас гардид.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Япония «JICA» барнома оид ба расонидани кумак ба хоҷагиҳои деҳқонии камбизоат амалӣ мешавад, ки тибқи он танҳо дар соли 2010 ба маблағи 7 млн. доллари ИМА 51 трактор бо испораш ва 12 комбайни ғалладарав, соли 2012 боз 55 трактор бо испораш ва 11 комбайни ғалладарав ворид карда шуд.

Бо мақсади зиёд намудани шумораи техникаи кишоварзӣ ва дар муҳлатҳои хуби агротехникӣ анҷом додани киштукор аз моҳи октябри соли 2007 бо қарори Ҳукумати кишвар қисмати зиёди техника ва мошинолоти аз хориҷ воридшавандаи ин соҳа аз  пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд.

Дар натиҷа то соли  2012 шумораи техникаи нави воридшуда ба 666 ва марказҳои хизматрасонии техникӣ ба 63 адад расид, ки нисбат ба соли 2006 мутаносибан 5,9 ва 2,9 баробар зиёд мебошад.

Барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда ба ҷумҳурӣ технологияҳои нави каммасраф барои истеҳсоли орд, маҳсулоти қаннодӣ, нону маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти макаронӣ ва шарбатҳо ворид карда шуданд.

Дар ин давра афзоиши назарраси ҳосилнокии ғалладона, картошка, сабзавот ва полезиҳо ба қайд гирифта шуд. Масалан, нисбат ба соли 2006 истеҳсоли ғалла — 35,1 фоиз, картошка — 72 фоиз, сабзавот – 76 фоиз, зироатҳои полезӣ – 2,1 баробар ва мева – 54 фоиз зиёд гардид. Аз маҳсулоти чорводорӣ истеҳсоли гӯшт нисбат ба соли 2006-ум 2,9 баробар, шир — 42 фоиз ва тухм — 2,7 баробар афзоиш ёфт.

Бо вуҷуди ин, имкониятҳои воқеӣ барои боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, татбиқи барномаҳои қабулгардидаи соҳавӣ, коркарди ниҳойии маҳсулот ва дар ин замина таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ ва рушди иқтидори содиротии мамлакат хеле зиёданд.

Татбиқи сиёсати созандагию бунёдкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз охирҳои соли 2006, пас аз интихобшавии навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, авҷи тоза пайдо намуд.

Дар натиҷаи заҳматҳои зиёди созандагӣ соли 2007 имкон фароҳам омад, ки дар ҳаҷми 272 миллион сомонӣ буҷети давлатии иловагӣ қабул карда шавад. Қариб ҳамаи ин маблағҳо ба бунёдкорию созандагӣ равона гардида, ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшида шуд.

Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар ҳафт соли  охир собит менамоянд, ки дар ин давра барои ҷумҳурӣ  дар маҷмӯъ солҳои пурфайзу барор буд. Дар ин давра як зумра барномаҳои давлатӣ таҳия ва қабул шуданд, ки татбиқи босамари онҳо ба густариши бунёдкорию созандагӣ мусоидат намуд.

Тибқи нақшаҳои тасдиқгардида, то соли 2015-ум 45 корхонаи нави пахтатозакунӣ бо иқтидори коркарди 209 ҳазор тонна ва 38700 ҷойи корӣ бунёд меёбад. Бояд ёдовар шуд, ки шумораи корхонаҳои пахтатозакунии кишвар аз 19 адади соли 2006 дар соли 2012  ба 87 адад расонида шуд.

Дар солҳои 2010-2012 дар ҷумҳурӣ шаш корхонаи нави ресандагӣ ва як корхонаи аз нав барқароршуда бо иқтидори умумии коркарди 22,4 ҳазор тонна нахи пахта  дар як сол ба истифода супорида шуд.

Таҳлили «Барномаи рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015» шаҳодат медиҳад, ки  танҳо тӯли солҳои 2006-2012 бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ иловатан 430 корхона бунёд карда шуд ва шумораи онҳо аз 650 адад гузашт.

Бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ чандин корхонаи нави бастубанди меваи хушк ба истифода дода шуд, ки маҳсулоти он фақат барои содирот пешбинӣ гардидааст.

Тибқи «Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015» таъсиси 10 корхонаи заргарӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. То соли 2013-ум ҳафт корхонаи коркарди санг ва заргарӣ таъсис дода шуд.

Барои амалӣ намудани «Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ барои давраи то соли 2015» бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ ва таҷдиди корхонаҳои амалкунанда идома дорад.

Мувофиқи барнома сохтмони шаш корхона, аз ҷумла ду корхонаи сементбарорӣ, ду корхонаи шишабарорӣ, як корхонаи рангбарорӣ, як корхонаи истеҳсоли аглопорит пешбинӣ гардидааст.

Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 100 ҳазор тонна дар як сол аз ҷониби ҶДММ «Суғдсемент» мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он 132 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Марҳилаи дуюми корхона бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол идома дошта, ҶДММ «Кавсар ва К» низ барои сохтмони корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 500 ҳазор тонна дар як сол кор мебарад.

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз ҷониби ҶММ «Хуаксин Ғаюр семент» корхонаи сементбарорӣ моҳи августи соли 2013 ба кор даромад, ки ҳамасола 1 миллион тонна маҳсулот истеҳсол мекунад. Дар ин корхона беш аз 1000 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки ояндаи наздик беш аз 90 фоизи онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.

Солҳои 2011-2012 дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ бо таъсиси 200 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кард.

Дар соли 2012 танҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон зиёда аз 300 корхонаи хурди истеҳсолӣ бунёд ёфт, ки дар онҳо беш 10 ҳазор ҷойи кори доимӣ муҳайё шуд. Танҳо соли 2012 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 80 иншооти нав бунёд ёфт ва сохтмони 60-тои дигар идома дорад. Авҷи тозаи бунёдкорию созандагӣ ҳамчунин дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад.

Танҳо соли 2011 ва танҳо аз ҷониби соҳибкорон қариб 1000 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд гардидааст. Аз ҷумла  100 корхонаи саноатӣ ба истифода супурда шуд, ки дар онҳо беш аз 12 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.

Моҳи апрели соли 2012 нақшаи амал оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар натиҷа, бо истифода аз имкону заминаҳои муҳайёгардида, соҳибкорони ватанӣ танҳо дар соли 2012-ум  332 корхонаи нави истеҳсолӣ сохта, ба истифода доданд.

Дар соли 2013 бошад, дар мамлакат зиёда аз 210 корхонаи нави саноатӣ бо ҳашт ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ин ҳисоб давоми семоҳаи аввали соли 2013-ум 79 корхонаи истеҳсолӣ бо 1400 ҷойи корӣ ба истифода супурда шуд.

Давоми ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ бунёд карда шудаанд ва ин раванд бояд суръат бахшида шавад.

Дар самти сохтмони манзили истиқоматӣ, ки бахши муҳими сиёсати бунёдкорию созандагӣ мебошад, низ натиҷаҳо назаррасанд, зеро дар зарфи ҳафт соли охир 5,6 млн. метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бунёд ёфтаанд.

Ҳамчунин барои сохтмони манзили хусусӣ тайи солҳои 2009-2012 қариб 30 ҳазор гектар замин ҳамчун қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба мардум ҷудо карда шудааст, ки боиси соҳиби хонаҳои нав шудани беш аз 1 миллион нафар аҳолӣ мегардад.

Тавре аён мегардад, саҳми соҳибкорону сармоягузорони хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ назаррас аст. Албатта, боиси ташаббускории зиёди онҳо муҳайёсозии фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ аст, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасад.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» тавассути «Равзанаи ягона», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Кодекси нави андоз, Барномаи «Беҳбудии фазои соҳибкорӣ-200 рӯзи ислоҳот», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва дигар санадҳо аз ҷумлаи тадбирҳои муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Натиҷаи додани сабукиҳо ба соҳибкорону сармоягузорон аст, ки дар солҳои 2006-2012 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2 млрд. доллари ИМА сармояи мустақим ворид карда шуд.

 Рушди бахши иҷтимоӣ

4-Ичтимои (2)

 Барои соҳаҳои иҷтимоии кишвар давраи солҳои 2006-2013 давраи рушди босубот ба шумор меравад. Агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ  903 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин рақам дар соли 2013-ум  ҳафт баробар зиёд аст.

Инчунин аз соли 2006 сар карда, то соли 2012 музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ ба ҳисоби миёна шаш баробар зиёд гардид.

Ҳамасола дар соҳаи маориф даҳҳо биноҳои нави мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Масалан, дар зарфи 10 соли охир дар кишвар беш аз 1000 мактаби ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардидааст. Соли 2013 маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми 2 миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин дар муқоиса бо соли 2000-ум 57 баробар зиёд мебошад. Танҳо соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 248 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 320 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.

Ҳамин гуна маблағгузории калон дар навсозии мактабҳои олӣ, пеш аз ҳама, дар Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишгоҳи тиббӣ, Донишгоҳи техникӣ, Донишкадаи санъат, филиалҳои мактабҳои олии Россия дар шаҳри Душанбе  амалӣ шуд.

Дар соли 2012  нисбат ба соли 2006 ҳаҷми маблағгузорӣ ба илм қариб 4,4 баробар афзуда, аз 12,2 млн. сомонӣ  ба 53,5 млн. сомонӣ   расид.

Соҳаи тандурустии кишвар таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли 2013 барои маблағгузории соҳа зиёда аз 900 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 47 баробар зиёд мебошад. Музди кори кормандони муассисаҳои тандурустӣ дар ҳафт соли охир 12 баробар зиёд карда шуд.

Баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва беҳшавии сифати хизматрасонии тиббӣ боиси тадриҷан кам шудани фавти модару кӯдак, зиёд шудани дарозумрӣ ва афзоиши табиии аҳолии мамлакат гардидааст.

Агар дар соли 2000-ум дарозумрии сокинони мамлакат ба ҳисоби миёна 68,2 солро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2011 ба 72,5 сол баробар шудааст.

Инчунин тибқи тадқиқоти гузаронидашуда, нишондиҳандаи фавти модарон дар соли 2010 нисбат ба соли 2005-ум 12 фоиз паст гардида, фавти кӯдакони навзод дар ин давра ду баробар кам шудааст.

Дар баробари ин, татбиқи босамари «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020» ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим, инчунин тарбияи кадрҳои муосир бомаром идома дорад.

Аз соли 2006 то соли 2013 андозаи  нафақа  чоруним баробар зиёд гардида, ҳаҷми маблағгузории он аз 212 миллион сомонӣ ба 1,6 миллиард сомонӣ расидааст, яъне ҳафтуним баробар афзоиш ёфтааст ва ин сиёсат идома дорад.

Дар натиҷаи амалишавии чораҳои муассир сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999 дар соли 2013 то 38 фоиз паст гардид, яъне қариб 45 банди фоизӣ коҳиш дода шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадориҳои хешро дар самти ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон ҳамеша иҷро менамояд.

Агар дар соли 2006 кумакҳои гуногун аз буҷети давлатӣ ба ин қишри ҷомеа 85 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2013 ба 170 миллион сомонӣ расид. Яъне, дар ҳафт сол ин нишондиҳанда ду баробар зиёд гардид.

Илова ба ғамхориҳои дигар барои кӯдаконе, ки аз саробон маҳрум шуда, дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақали музди меҳнат, яъне 105 сомонӣ нафақаи моҳона муқаррар карда шуда, ба суратҳисоби депозитии барои ин кӯдакон дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кушодашуда гузаронида мешавад.

Ҳоло дар кишварамон 3800 нафар кӯдаконе, ки падар ва модар надоранд, инчунин беш аз 102 ҳазор нафар, ки ё падар ё модар надоранд, ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин тибқи маълумоти расмӣ, 180 ҳазор оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд.

Дар пайравӣ ба иқдомоти башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастаҷамъона ва хайрия баргузор намудани тӯйи арӯсии ҷавонон ва хатнасури кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат аз ҷониби мардуми саховатпеша ба ҳукми анъана даромад. Тайи чор сол аз тарафи мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирон хатнасури қариб 60 ҳазор нафар кӯдакон ва тӯйи арӯсиву домодии наздики 3,5 ҳазор ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд. Яъне, ба шарофати ин иқдоми саховатмандона ба зиёда аз 310 ҳазор нафар кумакҳои моддиву маънавӣ расонида шудааст.

Танҳо зимни як сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, ки аз 5 то 7 июли соли 2013 идома дошт, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ маросими хайрияи тӯйи арӯсии 46 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 600 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъона ороста шуд. Аз ҷумла дар ноҳияи Вахш ба 10 ҷуфти навхонадорон дар баробари телевизор, яхдон, мошини либосшӯйӣ, ҷиҳози хоб, қолин ва дигар ашёи рӯзгор 8 садякӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона дода шуд.

Ин амалҳои хайру савоб  барои кулли мардуми сарватманду саховатпеша намунаи ибрату пайравӣ аст, зеро хайроту садақот бояд маҳз ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона гардад.

Соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифт, ки ба ҳамаи кӯдакону наврасон ва донишҷӯёне, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонида шавад. Тавре зикр гардид, шумораи онҳо дар кишвар 3800 нафар аст. Ба ҳамаи онҳо чунин кумак расонда шуд. Аз миёни онҳо ба мактаббачагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯён, дар баробари дигар кумакҳо, яктогӣ планшет тақдим гардид.

Ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро онҳо чун неруи бузурги бунёдгару созанда эътироф шудаанд.

Ҳоло теъдоди  кӯдакону   наврасони   то синни  15 — сола 2 миллиону 800 ҳазор нафар ё 35,3 фоизи аҳолӣ ва шумораи аҳолии синни 14 – 30-сола, яъне ҷавонон, зиёда аз 2 миллиону 700 ҳазор нафар ё 34,4 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Шумораи умумии шаҳрвандони то 30 — солаи кишвар беш аз 5 миллиону 800 нафар, яъне 70 фоизи аҳолӣ мебошад.

Таносуби кӯдакон ва ҷавонон нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сохтори синнусолии аҳолӣ аксаран аз ҷавонон иборат буда, синни  миёнаи аҳолии мамлакат 25 солро ташкил медиҳад.

Тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори 20-солагии баргузории Иҷлосияи  шонздаҳуми  Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  таъкид дошт: «рӯ овардан ба ҷавонон маънии рӯ овардан ба ояндаи кишвар ва миллатро дорад».

Бо иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  барои таъмини шароити муосир барои рушди тарбияи ҷисмонӣ тавассути маблағгузориҳои буҷети давлатӣ ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ бунёди марказҳои варзишиву маданӣ ҳамасола зиёд мегардад.

Барои сохтмон ва таҷдиди иншооти варзишиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ солҳои 2001 – 2012 қариб як миллиард сомонӣ ҷудо гардида буд. Бо ин мақсад танҳо дар соли 2013-ум 240 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Баъд аз вохӯрии Роҳбари давлат бо варзишгарони кишвар, дар зарфи ду соли охир, аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 2400 толору майдонҳои варзишӣ ба маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки дар ҳар кадоми онҳо аз 500 то 2000 нафар иштирокчиёну мухлисон имкони иштирок намудан доранд.

Маҳз натиҷаи ҳамин азму талошҳо буд, ки дар ду соли охир варзишгарони тоҷик дар 152 мусобиқаи  байналмилалӣ иштирок намуда, 730 медал, аз ҷумла 210 тилло, 208 нуқра ва 312 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ҳамин давра варзишгарони Тоҷикистон 19 маротиба унвони Чемпиони ҷаҳон, 70 маротиба унвони Чемпиони мусобиқаҳои Осиёро ба даст оварда, дар 64 мусобиқаи ҷаҳонӣ ва 156 қувваозмоии Осиё соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки варзишгарони Тоҷикистон дар 70 соли даврони шӯравӣ аз мусобиқаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва ҷаҳон ҳамагӣ 113 медал ба даст оварда, танҳо 10 нафар варзишгарони тоҷикистонӣ ба унвони Чемпиони ҷаҳон сазовор шуда буданд.

Бояд таъкид дошт, ки барои омодасозии насли ҷавони кишвар ба корҳои идораи давлат ва дар оянда ба таври шоиста соҳибӣ намудани марзу буми бобоӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат, хусусан Сарвари давлат талошҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд. Ин аст, ки имрӯз дар идоракунии давлатӣ қариб 8000 нафар ё зиёда аз 40 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ 39,7 сол мебошад.

 Сиёсати хориҷӣ

 Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо наздики 150 кишвари дунё робитаҳои сиёсию дипломатӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ дорад.

Ҳамкории судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигарҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

Дар давраи нави рушди бонизоми Тоҷикистон, ки мо онро шартан «марҳилаи фатҳи қуллаҳо» номидем, татбиқи стратегияи «дарҳои боз»- и Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ комилан шакл гирифта, бештар самаровар гардид.

Дар ин давра тавассути густариши робитаҳои мустақим, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ, муносиботи ҳасана бо давлатҳои Шарқу Ғарб, аз ҷумла, бо Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои фазои пасошӯравӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, давлатҳо ва сохторҳои гуногуни Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Мамлакати Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Мардумӣ- Демократии Алҷазоир, Япония, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Сингапур, Бруней Доруссалом, Шоҳигарии Таиланд таҳкиму тақвият ёфт.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигари ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Таҷдиду Рушди Аврупо, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд ва як теъдод хазинаву фондҳои кишварҳои дигар хеле созандаву муваффақона сурат мегиранд.

Ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) пазируфта шудани Тоҷикистон аз муҳимтарин дастовардҳои кишвар дар даврони муосири рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар давраи солҳои 2006-2012 ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ 2,3 баробар ё ба андозаи беш аз 3 млрд. доллари ИМА афзуд.

Тӯли ин давра дар раванди ҳамгиройии ҷумҳурӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ба рушди соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ заминаи воқеӣ гузошта шуд, ки ҳиссаи ин соҳаҳо дар сохтори Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ мунтазам меафзояд ва мувофиқи маълумоти оморӣ афзоиши он аз 39,4 фоизи соли 2006 дар соли 2012 ба 42,3 фоиз баробар шудааст.

Маҳз ба шарофати сиёсати  муваффақонаву боровари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳон ба Тоҷикистон ва  азму  ҷасорати  қавӣ, талошҳои шаборӯзии  Сарвари давлат дар  ҷодаи  ободию осоиши  Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати куҳандиёри тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ бо нигоҳи эътимоду  хайрхоҳӣ назар  дорад. Ин аст, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз  минтақаи даргир ба маркази  баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ  табдил ёфт.

Дар шаҳри Душанбе дар як вақт пазиройӣ намудани ҳамоишҳои cарони  давлатҳои cе созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – ИДМ, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (5-6 октябри соли 2007), ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон (28 августи соли 2008), мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Россия (30 июли соли 2009), Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800 — солагии Ҷалолиддини Балхӣ (6-8 сентябри соли 2007), Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» (5 октябри соли 2009) бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон,  иҷлосияи 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ (18-20 майи соли 2010), Конфронси 5-уми байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми 10 – солаи амалиёти ҷаҳонии «Об — барои ҳаёт» ва баррасии нақшаҳо барои панҷсолаи дуюми он (8-9 июни соли 2010) бо ширкати намояндагони воломақом аз 70 давлат ва 65 созмони минтақавию байналмилалӣ, Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-5) (25-26 марти соли 2012), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об (моҳи августи соли 2013) ва ҳамчунин баргузоршавии конфронсу семинар ва симпозиумҳои сершумори дигар гувоҳи возеҳи маркази баргузории  чорабиниҳои  минтақавию ҷаҳонӣ гардидани  Тоҷикистон мебошад.

Ҳимоя ва таъмини манфиатҳои олии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ  дар маркази сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дошта, чун ҳамеша ба хотири тақвият ёфтани мавқеи кишвар дар ҷаҳон ва пазируфта шудани  ташаббусҳои роҳбарияти он масъулона ва муваффақона татбиқ мегардад.

Бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, дар ҳафт соли охир Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 60 фоиз афзуд ва рушди миёнасолонаи он 7 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми умумии он аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 расид, ки ин аз рушди устувори иқтисодиёти мамлакат гувоҳӣ медиҳад.

Дар ҷумҳурӣ давоми ҳафт соли охир аз ҳисоби ҳама гуна шаклҳои фаъолият зиёда аз 870 ҳазор ҷойҳои кории нав муҳайё  шуд.

Муваффақ гардидан ба суботи макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 56,5 фоизи соли 2006 то 35,6 фоиз дар соли 2013 коҳиш дода шавад.

Ҳамаи ин нишондиҳандаҳои рушди бонизом аз фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар роҳи таҳкими асосҳои истиқлолияти Тоҷикистон ва давлатдории миллӣ гувоҳӣ медиҳанд,  вале фатҳи қуллаҳои зиёди дигар ҳанӯз дар пеш аст. Бузургтарин қуллае, ки солҳои наздик давлати Тоҷикистон бояд ба фарозаш бирасад, ба кор даровардани Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст. Барои расидан ба ин ҳадаф заминаи воқеӣ ва эътимодбахш дар ҳафт соли сипаригардида гузошта шуд, зеро бо сафарбар намудани маблағҳои буҷетӣ ва ҳам ҷалби васеи мардум ба ин кор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон собит намуд, ки Тоҷикистон метавонад ин корро бе ёрии молиявии беруна анҷом диҳад. Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, оғози бунёди Неругоҳи барқи обии «Даштиҷум», неругоҳҳои миёнақудрати обию ҳароратӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба захираҳои калони нафту газ, ки дар умқи беш аз 6 ҳазор метр қарор доранд ва татбиқи босамари бисёр лоиҳаҳои миқёсан бузургро метавон аз ҷумлаи қуллаҳои мушкилгузари дигар номид, ки дар ҳафт соли навбатии сарварии Эмомалӣ Раҳмон ва солҳои оянда бояд ба фарозашон бирасем.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, доктори илмҳои таърих, профессор,

Заробиддин ҚОСИМӢ