Оғози сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе

№30 (3980) 19.03.2019

46662675094_e2a00ff235_o15 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе ­Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Пешвои миллат бо шароити таълимӣ дар муассиса аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.

Бино аз 25 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад, ки дар ду баст бо дарназардошти синфхонаҳои фаннӣ 1560 хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Барои гузаронидани дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ, химия, физика ва биология синфхонаҳои алоҳида бо воситаҳои аёнии муосири таълимӣ ва озмоишгоҳҳо таъмин карда шудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати омӯзонидани касбу ҳунар, дар бинои нав ду синфхонаи таълими меҳнат ташкил гардидааст, ки бо шароити зарурӣ ва дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз буда, толибилмон метавонанд дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сарулибос ва тарзи омодасозии ҳар гуна таомро омӯзанд.

Барои обутоби ҷисмонии хонандагон толори махсуси варзиши сабук бунёд ва бо дастгоҳҳои варзишӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар дохили иншоот китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва анбори муосир барои нигоҳдории китобҳо сохта шудааст. Синфхонаи информатика бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин буда, ба хатти баландшиддати интернет пайваст мебошад. Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳо, синфхонаҳои таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Бино дорои синфхонаи алоҳида барои омӯзиш ва гузаронидани мусобиқаҳои шоҳмот буда, бо дастгоҳ ва воситаҳои аёнӣ таъмин аст. Синфхонаҳои алоҳида барои рассомӣ, мусиқӣ ва утоқи ҳамшираи шафқат низ бунёд ёфтаанд. Барои омӯзгорон утоқҳои алоҳидаи корӣ сохта шудааст. Роҳраву синфхонаҳо бо системаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ пайваст мебошанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2018 оғоз ёфт ва дар зарфи камтар аз як сол бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ ва таълимӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳамчунин, роҳрав ва гирду атрофи муассиса бо дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам гардонида шудааст.

Аснои шиносоӣ ва суҳбат бо мактабиён, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки имконоту шароити муосирро самаранок истифода бурда, барои аз бар кардани дониш ва омӯхтани илмҳои замона ҳамаҷониба саъю кӯшиш намоянд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди маорифчиёни пойтахт суханронӣ намуда, фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 — ро ба ҳозирин табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар солҳои минбаъд низ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сохтмону ба истифодадиҳии таълимгоҳҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.

Зикр гардид, ки ҳоло сохтмони 21 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 40 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе босуръат идома дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ба воя расонидани насли солимфикру навовар ба ҳозирин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

15 март дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи якуми Корхонаи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бисот» иштирок намуданд.

Корхона дар майдони қариб як гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иззатулло Давлатов бо харҷи беш аз 27 миллион сомонӣ сохта шуд. Дар он асосан номгӯйи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона, муассисаҳои таълимӣ, коргоҳу ошхона ва манзилҳои истиқоматӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар маҷмӯъ, иқтидори солонаи корхона коркарди зиёда аз 600 метри мукааб чӯб, 15 ҳазор адад тахтаи махсус, ба монанди ДСП, МДФ, ДВП ва истеҳсоли 1 ҳазору 500 маҷмӯи мебелҳои гуногуни мулоим мебошад. Ба корхона пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла, Олмон ва Италия ворид карда шудааст.

Раванди истеҳсоли мебел, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи саноат мураккабтарин кор дониста мешавад, дар асоси дархости ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ, инчунин, талаботи бозор, пурра дар дохили корхона сурат мегирад. Ашёи хом, ба монанди чӯбу тахта, фурнитура ва дигар қисмҳои металӣ, ки барои истеҳсоли мебел зарур аст, аз Федератсияи Россия, Италия ва Туркия ворид карда мешавад.

Ба гуфти масъулони корхона, тамоми намуди мебел ва дарҳои байниҳуҷравӣ, ки дар ин ҷо истеҳсол карда мешаванд, аз лиҳози тарҳ ва сифат ҷавогӯйи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар бозори мамлакат ва минтақа харидори зиёд доранд.

Айни замон дар корхона зиёда аз 80 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд ва барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби намояндагони бузургтарин ширкатҳои мебелбарории Олмон, Туркия ва Булғористон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Дар шафати корхона бинои хуштарҳу замонавии сеошёна, ки толори фурӯши мебели «Бисот» ном гирифтааст, низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори фурӯши мебел намунаи маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаро тамошо карда, ба муассис, ки дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда гузоштааст, миннатдорӣ баён намуда, барои дар оянда ба таври густурда ба роҳ мондани фаъолият ва содироти мебел ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, маслиҳатҳои муфид доданд. Таъкид карда шуд, ки дар вақти истеҳсоли мебел, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳ ба сифат ва тарҳи он равона карда шавад. Зеро дар бозори минтақа ва ҷаҳон молу маҳсулоте метавонад рақобатпазир бошад, ки дорои сифати баланд ва ҷавобгӯйи талабот аст. Бо дарки муҳимияти масъала, масъулони корхона мутахассисони варзидаро ба кор ҷалб намуда, дар вақти истеҳсоли ҳама намуди мебел ашёи сифаташ баландро истифода мебаранд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба истифода додани корхонаҳое, ки асосан молу маҳсулоташон воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида шудааст, дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат қадами устувор ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, хусусан, дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе, аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар шафати корхонаи мазкур бунёди коргоҳи истеҳсоли қисмҳои металии мебел ва як бинои нуҳ­ошёнаи истиқоматӣ барои коргарон ба нақша гирифта шудааст.

Дар марҳилаи дуюм, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав, воридоти қисмҳои металии мебел аз хориҷи кишвар коҳиш меёбад ва дар ин замина маҳсулоти тайёр бо нархи нисбатан арзон пешниҳоди харидорон мегардад.

15 март дар шаҳри ­Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе ­Рустами Эмомалӣ ба сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.

Ин иншооти калон дар масоҳати беш аз 9 гектар сохта, дар он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ шароити муосир фароҳам оварда мешавад.

Тавре зимни муаррифии лоиҳаи иншооти варзишӣ иттилоъ дода шуд, дар он бунёди биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳ барои мошинҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Варзишгоҳ аз чор минбар, ки дар ду сатҳ ҷойгиранд, иборат мебошад.

Масоҳати майдони футбол дар варзишгоҳи замонавӣ 105 ба 68 метрро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи варзишгоҳ ба сохтмончиён барои анҷоми босифати корҳои бунёдӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Зикр шуд, ки дар ошёнаи якуми фазоӣ, зерминбарҳои шарқӣ ва ғарбии варзишгоҳ, бунёди хонаҳои либосивазкунии варзишгарон, ҳакамон, ҳаммом ва нуқтаи тиббӣ ба назар гирифта шуда, толорҳои машқу тамрин ва қаҳвахонаҳо низ сохта мешаванд.

Барои меҳмонон бунёди ҳуҷраҳои алоҳида бо шумораи умумии 448 ҷой, майдончаҳои сайругашт дар баландии беш аз 9 метр ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Дар минбари ғарбии варзишгоҳ дар баландии бештар аз 18 метр ҷойҳои нишасту тамошо барои меҳмонони воломақом бунёд мегардад. Ҳар як минбар ё қисмати варзишгоҳ дорои баромадгоҳи алоҳида хоҳад буд.

Бояд таъкид кард, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш, махсусан, футбол, дар мамлакат рушд намуда, барои варзишгарони ҷавону умедбахш муосиртарин шароити машқу тамрин фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе танҳо дар ду соли охир дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, беш аз 170 майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Варзишгоҳи замонавӣ туҳфаи арзишманди Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои дӯстдорони соҳаи варзиш, аз ҷумла, мухлисони футбол хоҳад буд.

www.president.tj