Ҳолатҳои пурдабдаба гузарондани тӯю маъракаҳо то ҳол пурра аз байн нарафтааст

№83 (3720) 12.07.2017

35685049172_56969f7d04_o11 июли соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши қонуни мазкур дар пешрафти ҷомеа андешаронӣ карда, ҳадафи баргузории мулоқотро натиҷагирӣ аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маънидод карданд.

Ёдовар мешавем, ки даҳ сол муқаддам, соли 2007, ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва он аз ҷониби аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд. Ҳадафи дигар аз таҳияи қонун рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои азбайнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.

Тайи як даҳсола қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашн­ҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исроф­кориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низоми ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки то ҳол ҳолатҳои пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид дар мамлакат пурра аз байн нарафтааст. Баъзе шаҳрвандон ҳанӯз ҳам расму оинҳоро ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ истифода менамоянд, ки ин рафтор ба табиати фарҳанги мардум бегона ва мухолифи қонун мебошад.

Бинобар ин, вазорату кумита ва идораҳои дахлдори давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои пурра аз байни бурдани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд. Диққати роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимони ҷомеашинос ва иттиҳодияҳои динӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ ба ислоҳи қонунвайронкуниҳо равона карда шуд.

Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки аз ҳисоби кормандони сохтору мақомоти дахлдор комиссияи босалоҳият таъсис дода, дархостҳои мақомоту ташкилот ва шаҳрвандонро ҳамаҷониба арзёбӣ ва дар муддати ду моҳ хулосаи худро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, ҳамчунин, тафсири оммавии онро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди намояндагони касбукори гуногун аз шаҳру вилоятҳои мамлакат баромад карда, вобаста ба бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таклифу пешниҳод баён карданд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми бонангу номуси кишвар минбаъд низ бо эҳсоси масъулият барои рушди давлатдории миллӣ бо тамоми неру кору фаъолият менамоянд ва Ватани аҷдодии хешро ба гулистони ҳақиқӣ табдил медиҳанд.

www.president.tj