Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№155 (3635) 24.12.2016

MNK_1655 - копия

ш. Душанбе, 22 декабри соли 2016

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем. Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.

Дар баробари ин, хотиррасон месозам, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид.

Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикис­тонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.

Дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки мо ислоҳоти сиёсиву конститутсиониро оғоз намоем, ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолият аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон ва рамзҳои давлатиро қабул кунем, фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатиро барқарор созем, низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судиро ташкил диҳем, қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, яъне волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин намоем. Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, мо ба марҳалаи рушд ворид шудем ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намудем.

Баъдан мо тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба иҷрои вазифаҳои тибқи се ҳадафи стратегии миллӣ пешбинишуда — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар сохтем. Амалисозии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шуд. Танҳо дар 15 соли охир даромади Буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2015 –ум 8,1 фоиз зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Дар даврони истиқлолият аҳолӣ ҳамасола дуюним фоиз афзоиш ёфта, 1,6 баробар зиёд шуд. Яъне, аз панҷуним миллион ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар расид, вале дар баробари ин, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардида, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 миллиард сомонӣ равона гардид. Дар ин давра ба мо муяссар шуд, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо маблағгузории 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳимро оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта, ба истифода диҳем.

Аз ҷумла, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Дар бисту панҷ соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ­ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.

Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар натиҷа, мо ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил додем.

Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин, бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд. Аз ҷумла, тибқи Барномаи рушди боғу токпарварӣ, майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 100 ҳазор гектар ё 2 баробар зиёд буда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд гузошт.

Дар давраи зикршуда пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин карда шуд. Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд.

Танҳо дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра баровардашуда, азнавсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Ин раванд дар доираи барномаҳои давлатӣ солҳои минбаъда низ идома ёфта, ба беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маориф мусоидат намуд.

То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Дар ин муддат нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфта, хавфи паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф гардид.

Барои бо шуғл таъмин кардан ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Дар баробари ин, ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти шаҳрвандон ҳар сол беш аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди аввали сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Маҳз бо ҳамин сабаб дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Бори дигар таъкид месозам, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем. Соли 2016 барои мардуми тоҷик, дар ҳақиқат, соли таърихӣ ва бобарор ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст мешавад. Яъне, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин мегардад.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,9 фоизро ташкил менамояд. Сарфи назар аз коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, таваррум 6 фоизро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти он ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад, соли 2016-ум 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба ин мақсад равона карда шуд. Ҷиҳати иҷрои супориши Паёми қаблӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, инчунин, нафақа ва стипендия аз 15 то 30 фоиз зиёд карда шуд ва барои пардохти он дар як сол 1,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 2 баробар ва нафақа 1,6 баробар афзоиш ёфт. Мо чунин иқдомро дар оянда низ идома медиҳем.

Буҷети давлатӣ дар соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад. Бо вуҷуди дастовардҳо, дар соли 2016 камбудиву мушкилот дар вазъи воқеии иқтисодиёт ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, бо сабаби камфаъолиятии баъзе вазорату идораҳо ва дар натиҷаи таъсири омилҳои манфии берунӣ ба иқтисодиёт хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, гардиши савдои хориҷӣ, воридот ва қарздиҳӣ коҳиш ёфта, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардид. Вале сарфи назар аз ин, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра иҷро карда шуд.

Фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Вазъи фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои дохиливу берунӣ ҳаҷми қарзҳои додашуда 32 фоиз коҳиш ёфта, сатҳи хизматрасонии низоми бонкӣ ба мизоҷон беҳбудӣ металабад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ, чораҳои фаврӣ андешанд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо дарназардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем. Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар қатори бунёди неругоҳҳои барқи обӣ сохтмону барқарорсозии иқтидорҳои дигари энергетикӣ, аз ҷумла навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии 400 мегаватт амалӣ карда шуд, ки ба таъмин намудани иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон равона гардидааст. Илова бар ин, таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз гардида, соли 2017 марҳалаи якуми барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» дар ҳаҷми 3 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи 600 миллион сомонӣ шурӯъ мешавад.

Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки чанде пештар сурат гирифт. Аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба иншооти зикршуда 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ, маблағгузорӣ шудааст. Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он то охири соли 2018 ба кор дароварда мешавад.

Вазифаи асосии Ҳукумат дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо неруи барқ буда, он бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Барқи Тоҷик» ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки дар баробари густариш додани иҷрои корҳои асосӣ дар ин самт, бо мақсади паст намудани талафоти неруи барқ баҳисобгирии истифодаи онро дақиқ ва қатъӣ назорат намоянд.

Дар ин раванд, фаромӯш набояд кард, ки баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли неруи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба неруи барқ торафт меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ масъалаи каммасраф будани онҳо ба инобат гирифта шуда, ба истифодабарандагони неруи барқ маърифати сарфаю сариштакорӣ ҳар чӣ бештар ташвиқ карда шавад. Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем.

То ба имрӯз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат, як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд. Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад. Сохтмони се корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин, маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бунёди корхонаи муосир оид ба коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат идомаи мантиқии ин раванди созанда мебошад. Бояд зикр намуд, ки барои бунёду ба кор андохтани корхонаву коргоҳҳои саноатии зикршуда ва ду корхонаи нави сементбарорӣ, дар маҷмӯъ, ҳафтуним миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст. Корхонаҳои нави сементбарорӣ имкон медиҳанд, ки ҳаҷми солонаи истеҳсоли семент то 4,5 миллион тонна ё нисбат ба соли 2000-ум 82 баробар афзуда, дар баробари пурра қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ба ин намуди масолеҳи сохтмон, содироти он низ афзоиш дода шавад.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ таҷдиду барқарорсозии навбати аввали корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар шаҳри Сарбанд бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ оғоз шуд, ки навбати аввали он моҳи феврали соли 2018 ба истифода супорида мешавад. Дар се соли оянда корхона пурра ба кор даромада, 300 ҳазор тонна аммиак, 500 ҳазор тонна карбамид, дар маҷмӯъ, 800 ҳазор тонна маҳсулот ­истеҳсол хоҳад кард. Яъне, талаботи соҳаи кишоварзӣ ба нуриҳои азотӣ пурра қонеъ гардонида, содироти он ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин, бо дарназардошти торафт зиёд гардидани талаботи кишвар ба ангишт, истеҳсоли он то охири соли 2016 ба 1,3 миллион тонна расонида мешавад, ки нисбат ба соли 2000-ум 62 баробар зиёд мебошад. Баробари ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ истихроҷи ангишт то соли 2018 ба 2 миллион тонна расонида мешавад. Ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда барномаи махсус қабул гардида, татбиқи он идома дорад.

Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки рушди минбаъдаи саноатро тавассути баланд бардоштани самаранокии соҳаи коркарди ашёи хом ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таҷдиди воситаҳои асосӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулот таъмин намояд.

Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт, имрӯзҳо дар кишвар 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар солҳои охир роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат — Ёвон), роҳҳои мошингарди Душанбе — Турсунзода, Айнӣ — Панҷакент ва Восеъ — Ховалинг ба маблағи умумии наздик ба се миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд.

Инчунин, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Дарвоз (қитъаи Шӯрообод – Шоҳон) ва роҳи Сайрон –Қарамиқ идома дорад. Соли ҷорӣ корҳои сохтмону таҷдид дар якчанд иншооти нақлиётӣ, аз ҷумла роҳи мошингарди Хуҷанд – Исфара, қитъаи роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ва беҳтар намудани инфрасохтори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғоз гардид. Соли 2017 таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа ва қисматҳои алоҳидаи шоҳроҳи Кӯлоб – Дарвоз, Кӯлоб– Шамсиддин Шоҳин ва Шкев – маркази ноҳияи Дарвоз дар назар аст. Бо мақсади пурра ба меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонидани роҳҳои мошингард ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ таҷдид ва азнавсозии зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард пешбинӣ шудааст.

Тавре дар Паёми гузашта таъкид карда будам, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳои дурдаст ва дигар маҳалҳои аҳолинишинро вусъат бахшида, ҳангоми амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳои нав ба риояи талаботи санъати баланди меъморӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати нақлиётро зарур аст, ки бо мақсади иҷрои вазифаҳои муайяншуда ва пурраву самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва таъмиру таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ, роҳи оҳан, инчунин, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятнок оид ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Муҳтарам намояндагони халқ!

Дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон дар соли 2016 рушди устувори соҳа идома ёфта, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба як миллиону 400 ҳазор тонна, картошка ба 890 ҳазор тонна ва сабзавот ба як миллиону 670 ҳазор тонна расонида шуд, ки ба таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ таъсири мусбат расонид.

Бо вуҷуди ин, хотирнишон месозам, ки бо дарназардошти захираву иқтидорҳои кишвар барои бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти соҳа ҳанӯз имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд дар доираи иҷрои барномаҳои қабулгардида ба афзоиши устувори ҳамаи намудҳои маҳсулоти соҳа аҳамияти хосса зоҳир намоянд.

Соҳаи пахтакорӣ ба рушди саноати сабук, содироти маҳсулот ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Аммо бо таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла вобаста ба вазъи бозори фурӯш, майдони кишти он нисбат ба солҳои гузашта кам шуда, боиси коҳиш ёфтани фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва ҳаҷми содироти он гардидааст. Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бояд зикр кард, ки бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт дар деҳот дар даврони истиқлолият зиёда аз 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шудаанд, ки аз он 134 ҳазор гектар барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва 10 ҳазор гектар барои бунёди корхонаҳои саноативу муассисаҳои иҷтимоӣ ҷудо гардидааст. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, супориш дода мешавад, ки ҷиҳати пешгирии ин раванд ва ҳамасола зиёд намудани майдони заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридшаванда иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 – 2020» – ро таъмин намоянд.

Вазъи соҳаи тухмипарварӣ дар кишвар ба талаботи торафт афзояндаи истеҳсолот ҷавобгӯй набуда, таъминоти кишоварзон бо тухмиҳои аълосифат ба беҳбудӣ ниёз дорад. Бо ин мақсад, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки таҳқиқоти илмиро оид ба ин масъала густариш дода, ба амалия татбиқ намудани корҳои таҳқиқотиро таъмин намоянд ва доир ба корҳои анҷомдодашуда ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот диҳанд.

Бо вуҷуди дастовардҳои муайяни соҳаи чорводорӣ, фаъолият дар ин самт беҳбудӣ мехоҳад. Дар робита ба ин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти гӯшту ширӣ бояд ба масъалаи зотпарварӣ ва беҳтар кардани зоти чорво эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми содакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд.

Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани имтиёзҳои зикршуда чораҷӯӣ намояд.

Хотирнишон месозам, ки масъалаи ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ҳамаи вазорату идораҳо, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ дахл дорад. Зеро дар замони муосир сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди давлат ва маданияти ҷомеа ба шумор меравад.

Муҳтарам намояндагони халқ ва ҳозирини гиромӣ!

Рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ буда, то имрӯз доир ба тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ва танзими фаъолияти иҷозатдиҳӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Тавассути татбиқи ислоҳот фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, шарикии давлат бо бахши хусусӣ густариш пайдо кард ва Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.

Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар ва ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи мустақим ҷараёни ислоҳотро дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат мебахшад. Соли 2016 ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод, ки 51 фоизи он сармояи мустақим мебошад. Ҳоло бо сармояи давлатӣ ва шарикони рушд беш аз 70 лоиҳа дар ҳаҷми 22 миллиард сомонӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва 7 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ барои сохтмону таҷдиди 12 корхонаи саноатӣ амалӣ шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорону сармоягузорон дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумат, бахусус, доир ба рушди босуботи иқтисодӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ, фаъолона иштирок мекунанд.

Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ соли 2016 ба 290 ҳазор расонида шуд, ки нисбат ба 5 соли пеш 110 ҳазор зиёд мебошад. Вале бояд гуфт, ки дар самти фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузории мустақим ва дастгирии соҳибкорӣ ҳоло ҳам баъзе монеаҳои сунъии маъмурӣ ба назар мерасанд. Вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ талаб менамояд, ки ба соҳибкорон имтиёзҳои бештар пешниҳод карда шаванд.

Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот ва содирот, дар асоси омӯзишу таҳлилҳои ҳаматарафа механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳоро барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ вобаста ба андозу гумрук ба сармоягузорон ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав пешниҳод намоянд.

Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамгироии иқтисодиёти кишварамон ба савдои байналмилалӣ ҷиҳати рақобатпазирӣ дар ҷалби сармоя ва бозорҳои молии ҷаҳон, баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя аҳамияти муҳим пайдо намудааст. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодиву молиявӣ ҳаматарафа омӯхта, дар семоҳаи якуми соли 2017 пешниҳоди мушаххас манзур намояд. Ҳамчунин, барои дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи намудҳои автомашинаҳои наве, ки ба кишвар ворид карда мешаванд, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда шаванд.

Соли гузашта ҷиҳати танзими фаъолияти мақомоти марбута Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав қабул карда шуд. Вале шумораи зиёди мақомоти санҷишу назорат ва санҷишҳои бемаврид боиси ташвиши соҳибкорон гардидааст. Бинобар ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлил карда, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба кам кардани санҷишҳо ва боз ҳам шаффофу сода гардонидани онҳо ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони гиромӣ!

Корҳои то ба ҳол амалигардида ва дастовардҳои ноилшудаамон ҳанӯз талаботи имрӯзаро пурра қонеъ карда наметавонанд, зеро дар фаъолияти мо мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб хеле зиёданд. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоямонро барои рафъи камбудиҳои мавҷуда ва нигоҳ доштани пешрафти устувори соҳаҳои иқтисоди миллиамон сафарбар созем.

Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд.

Тибқи афзалиятҳои дарозмуддат рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун ҳадафи олии мо боқӣ мемонад. Барои расидан ба ин мақсад моро зарур аст, ки низоми нави рушди босуботи иқтисодии ба ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, тараққиёти босуръати саноат, кишоварзӣ ва такмили бахши молиявӣ асосёфтаро оғоз намоем ва вусъат диҳем.

Дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ ба таъсири омилҳои беруна бояд тақвият дода шавад.

Таъкид месозам, ки то 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то соли 2021, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олиамон тақвияти сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеӣ, таҳкими сохтории идоракунии давлат, таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии кишвар ҳамчун самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат муайян гардидаанд.

Дар 5 соли оянда бояд афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 35 фоиз ва зиёдшавии ҳаҷми содироти молу маҳсулоти ватанӣ қариб ду баробар таъмин гардад. Дар ин давра ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи мустақим ҳамчун самти такондиҳандаи пешрафти иқтисодиёт афзалияти бештар дода, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш дода шавад. Тадбирҳои зикршуда бояд ба дарёфти бозорҳои нави содирот, кам кардани воридоти молҳои истеъмолӣ, коҳиш додани осебпазирии кишвар аз таъсири омилҳои беруна имконият фароҳам оварда, рушди бахши воқеии иқтисодиёт ва зиёд шудани даромади буҷети давлатӣ мусоидат намоянд.

Бо мақсади вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан, дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҳамасола на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд.

Мо мақсад дорем, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем.

Пешбинӣ мегардад, ки то соли 2030 фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар шуда, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5 баробар меафзояд.

Дар 15 соли оянда бояд саҳми соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад. Илова бар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки навсозӣ ва татбиқи ислоҳоти ҷиддиро ба хотири баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дар навбати аввал энергетика, саноат ва кишоварзӣ, таъмин намояд.

Дӯстони арҷманд!

Дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад. Дар ин давра ҳамаи аҳолии калонсол ҳадди ақал соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ ва на кам аз нисфи аҳолии қобили кор соҳиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ хоҳад шуд.

Аз ин хотир, зарур аст, ки дар давраи татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ бо мақсади баланд бардоштани ченаки нишондиҳандаҳои сармояи инсонӣ ба пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо оби тоза, дигар шароити коммуналиву манзилӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки   дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати татбиқи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони мамлакат мебошад. Мо афзоиши ҳамасолаи шумораи аҳолӣ ва зиёд шудани қувваи қобили меҳнатро ба инобат гирифта, минбаъд ба ин масъала таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоем.

Бо ин мақсад бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкорони истеҳсолиро, ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҷиҳати ҷалби сармоя дар ин самт тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонем ва ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар эътибори бештар дода, касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагиро инкишоф медиҳем ва аз шаклҳои мавсимии шуғл самаранок истифода мебарем. Дар баробари ин, барои баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии калонсолону ҷавонон ва мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти онҳо ба талаботи бозори меҳнат чораҷӯӣ мекунем. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба зиёд намудани курсҳои омӯзишӣ барои калонсолон, ҷалби бештари аҳолии бекасб, бахусус, бонувону ҷавонон, ба саҳлангорӣ роҳ дода истодаанд. Дар робита ба ин, роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, Агентии омор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд доир ба рафъи камбудиву мушкилоти дар ин самтҳо ҷойдошта чораҳои муассир андешанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ ва фаъолияти марказҳои таълими калонсолон диққати бештар диҳанд ва аз натиҷаи воқеии корҳои амалигардида дар як сол ду маротиба ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд. Ҳамзамон бо ин, омори ҷойҳои кориро дақиқ намуда, бояд доир ба шумораи ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ ба мақомоти дахлдор ахбори саҳеҳ пешниҳод карда шавад.

Тибқи таҳлилҳо, танҳо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм 11 ҳазор ҷойҳои холии корӣ мавҷуданд.

Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.

Дар баробари ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешанд. Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот, ки ин нишондиҳанда то имрӯз 70 фоизро ташкил медиҳад, тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат пурра бартараф карда шавад.

Тоҷикистон аз рӯи барномаҳои давлатии қабулкардаи Ҳукумат минбаъд ба сӯи мамлакати саноативу кишоварзӣ қадам гузошта, дар ояндаи наздик талабот ба мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ хеле зиёд мешавад. Бинобар ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.

Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд. Дар замоне ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд. Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Бо мақсади беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин самт ва истифодаи амалии онҳо дар рушди истеҳсолоти ватанӣ пешниҳод менамоям, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҷалб карда шаванд. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати иҷрои мавзӯъҳои фармоишӣ ва истифодаи самараноки онҳо зарурати таҷдиди назар кардани маблағгузории соҳаи илм ба миён омада, Ҳукуматро зарур аст, ки масъалаи мазкурро омӯхта, ҷиҳати ба танзим даровардани он чораҷӯӣ намояд.

 Бовар дорам, ки минбаъд олимони мо дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳқиқот бурда, ба масъалаи тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол, аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаб­бусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд. Зарур аст, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд. Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад.

Дӯстони азиз!

Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хосса медиҳад. Зеро миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад.

Танҳо дар понздаҳ соли охир бо мақсади беҳдошти шароити зиндагӣ ва кору фаъолияти самараноки табибон маблағгузории соҳаи тандурустӣ 19 баробар афзоиш ёфта, то имрӯз дар соҳа зиёда аз 20 барномаи миллӣ амалӣ шуда истодааст. Илова бар ин, ба хотири ҳар чӣ зудтар бо мутахассисони сатҳи баланди касбӣ таъмин кардани муассисаҳои тандурустӣ мо дар вилояти Хатлон дуюмин Донишгоҳи давлатии тиббии мамлакатро таъсис додем, ки имсол аввалин донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифт.

Дар баробари ин, зарурати беҳтар намудани сифати неруи кадрии соҳа, таъсиси низоми самараноки таҳсилоти тиббӣ бо дарназардошти ҳавасмандсозии кормандони соҳа, беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ, инчунин, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаб мебошанд.

Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад. Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ чораҷӯӣ карда, якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд.

Имрӯзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад. Аз ин рӯ, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки барои кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар баробари ин, мунтазам зиёд шудани нархи доруворӣ низ мушкилоти соҳаи тандурустӣ гардидааст. Бо дарназардошти он ки зиёда аз 90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мегардад, танзими арзиши доруворӣ, сарфи назар аз мураккабии он, масъалаи бисёр ҳам муҳим ва рӯзмарра мебошад. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани истеҳсоли доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муҳимест, ки ба беҳшавии дастрасӣ ва паст шудани нархи он мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки масъалаи мазкурро омӯхта, ба Ҳукумат пешниҳод манзур намоянд.

Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумаки суроғавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад. Ҳоло татбиқи механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии унвонӣ идома дошта, он соли 2016 дар 40 ноҳияи кишвар амалӣ гардид. Дар ин асос, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вазифадоранд, ки дар самти таъмин намудани самаранокии пешниҳоди кумаки унвонӣ ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа чораҳои судманд андешанд. Ҳамчунин, масъулонро зарур аст, ки барои беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст. Бо мақсади амалишавии ин арзиши конститутсионӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқии кишвар такмил дода шуда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардидаанд.

Парламент як қатор қонунҳое қабул намуд, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешрафти иқтисодиёт ва соҳибкорӣ равона шудаанд. Ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш дода мешавад, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, дар самти таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ корҳои муайян амалӣ гардиданд. Дар ин раванд, Шӯрои адлия барҳам дода шуд ва масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардиданд.

Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти мазкур вазифадор карда мешаванд, ки ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя диққати махсус зоҳир намуда, шахсияти онҳоро бо тартиби муқарраргардида омӯзанд ва ба вазифаи масъулиятноки судя ҳуқуқшиносонеро пешниҳод намоянд, ки дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ дошта, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб бошанд.

Бояд зикр кард, ки дар таъмини адолати судӣ иҷрои қарорҳои судӣ нақши муҳим дорад. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки баъзан қарорҳои судӣ муҳлатҳои зиёд ба иҷро расонида намешаванд. Аз ин лиҳоз, Вазорати адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералиро зарур аст, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва чораҳоро ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни суд таҳия ва пешниҳод намоянд. Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тамоми мақомоти давлатиро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд.

Инчунин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои ­тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Зеро ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Соли равон аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурсиши сотсиологӣ оид ба арзёбии вазъи коррупсия гузаронида шуд. Тибқи ин назарсанҷӣ, коррупсия аз ҳама бештар дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ ба назар расида, дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст.

Сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад. Ғайр аз ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди мавҷуд будани омилҳои зиёди коррупсионӣ дар масъалаҳои вобаста ба андоз, фаъолияти бонкҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷетӣ, фондҳо ва қарзи давлатӣ дар қонунгузорӣ барои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия салоҳияти мустақилона гузаронидани санҷиши соҳаҳои мазкур муқаррар нашудааст. Аз ин рӯ, ба Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода мешавад, ки барои бартараф кардани ин камбудӣ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.

Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили дигари нигаронкунанда буда, яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифадоранд, ки бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир ба кишвар ҳамкориро байни ҳамдигар, инчунин, ҳамгироии фаъолияти мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷие, ки бо мо дар ин самт ҳамкорӣ менамоянд, вусъат диҳанд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад. Бо дарназардошти ин ва вазъи ноороми ҷаҳону минтақа зарур аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашро бо масъулияти баланд ва содиқона иҷро намояд.

Вакилони муҳтарам!

Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монд.

Ҳадафҳои аслии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно бетағйир монда, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Дар ин замина мусоидат ба эҷоди фазои эътимоду амният атрофи кишвар аз роҳи густариш ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор бо истифода аз василаҳои сиёсиву дипломатӣ, саъю талоши пайваста ҷиҳати ҳалли саривақтии масоили мубрами минтақа дар сархати сиёсати хориҷии давлати мо қарор хоҳад дошт. Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созандаи дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш медиҳад. Зимнан, мо ҷиҳати тавсеаи ҳамёрии худ бо шарикони рушд, созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ дар оянда низ тадбирҳои амалӣ хоҳем андешид.

Боиси зикр аст, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд. Кишвари мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили ҳалталаби байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об — барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанд лаҳза пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад.

Субҳи имрӯз Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Питер Томсон ба номи Роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон барқияи табрикӣ ирсол кард. Ва ман низ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалиро ба муносибати қабули ин ташаббуси муҳим самимона табрик мегӯям.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Мехоҳам таъкид намоям, ки масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.

Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳар чӣ бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем. 

Ман ба қобилияти ташкилотчигии роҳбарони вазорату идораҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тамоми хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, бовар дорам ва бо итминон изҳор менамоям, ки онҳо манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, тамоми донишу таҷриба ва кӯшишу ғайрати худро барои зиндагии орому осуда ва босаодати халқамон сафарбар месозанд.

Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.

Бо итминони комил изҳор медорам, ки бо кӯшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт.

Ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, дар Соли нави мелодӣ, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, хонаи обод, рӯзгори пур аз файзу баракат ва саломативу барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша пирӯзу сарбаланд бошед!