Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст

№149 (3134) 26.11.2013

Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 ноябри соли 2013, шаҳри Душанбе

 Ҳамватанони азиз!

Чанд сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Парчами миллиро, ки мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо муқаррар шудааст, дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ормонҳои чандинасраи халқамон таҷлил мекунанд.

Парчами миллии мо таърихи бою рангини чандинҳазорсола дорад. Таърих собит намудааст, ки қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон яке аз аввалинҳо шуда, ойини парчамдориро ба вуҷуд овардаанд.

Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӣ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад.

Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Яъне, Парчами давлатӣ барои мо як пораи оддии матоъ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст.

Ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол Парчами миллии мо имрӯз дорои се ранг аст: сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамӣ ва абадият мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон чун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст. Дар рӯ ба рӯи Парчами давлатии Тоҷикистон аз сарбози оддӣ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.

Дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар Парчами мо партавфишонӣ мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кишваре сафар кунад ва мулоқотҳо анҷом диҳад ё варзишгарони тоҷик чун дар мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчами кишварамон низ афрохта мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон пешгоҳи биноҳои давлатиро зебу зиннат мебахшад. Дар рӯзҳои ҷашн чун рамзи саодату сарбаландӣ ва соҳибистиқлолии мо Парчами миллати тоҷик ҷилваи дигар дорад ва хиёбонҳои марказӣ ва пештоқи муассисаву идораҳоро шукуҳи тоза мебахшад.

Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем ва Парчами миллӣ ваҳдату ягонагии моро боз ҳам мустаҳкам менамояд. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагию бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум амалӣ месозем ва таҳти ҳамин ливо ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ месозем.

Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллатро аз оғози таърих то ба имрӯз дорад. Эҳтироми ливо -арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ба ниёгони тамаддунсозамон, эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорист. Аз ин хотир, эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шавад.

Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии кишвар ҳидоят намояд. Эҳтиром ва расидан ба қадри Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлоламон қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад ва ифтихор аз он дар сиришти ҳар кадоми мо ҳамеша бояд устувор бошад.

Эҳсоси муҳаббат ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ вақте умумимиллию мардумӣ ва комил мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё ҷашну сурурҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми Парчамро ба таври шоиста ба ҷо оварад.

Мақому манзалат ва моҳияти Парчами миллӣ дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум бағоят муассир аст. Аз ин лиҳоз, чун нишони арҷгузории ҳамагон мо яке аз майдонҳои зебову хуррами пойтахтамонро «Парчами миллӣ» номгузорӣ кардаем.

Итминони комил дорам, ки меҳри мардум ба ин ливои муқаддас, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва умуман арзишҳои маънавии миллист, рӯз ба рӯз бештару беҳтар намудор мегардад.

Дар фарҷоми сухан бори дигар, ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро, ба муносибати ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ табрику таҳният гуфта, ба шумо саломативу хонаободӣ, сари баланд, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи абадӣ орзу менамоям.

Ҷашни Парчами миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!