Пешвои миллат ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд

№152 (4258) 19.12.2020

d20_000417 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва андоз, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» имзо гузоштанд.

Иловаҳои ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки бо мақсади барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ содир карда мешаванд, равона шудааст.

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ба такмили қоидаҳои гузаронидани супоришҳои аудиторӣ, таъсису таҳкими воҳидҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои давлатӣ ва ҳамкории аудити дохилӣ бо аудити беруна нигаронида шудааст.

Қонунҳои баимзорасида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, такмили низоми андоз, аудити дохилӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, дар маҷмӯъ, барои таҳкими қонуният ва беҳдошти зиндагии мардум равона шуда, дар матбуоти даврӣ интишор карда мешаванд.

www.president.tj