Пешвои миллат бори дигар ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил гардиданд

№121 (4071) 10.10.2019

27995356192_c20bf30fe3_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам (The Muslim 500) шомил гардиданд. Рӯйхати The Muslim 500 — 2019-ро Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон тартиб додааст, хабар медиҳанд расонаҳои хабарӣ.

Муаллифони раддабандӣ зимни муаррифии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд, ки ӯ аз соли 1994 Президенти Тоҷикистон буда, тавофи Каъба намуда, насабашро аз Раҳмонов ба Раҳмон табдил додааст.

Дар рӯйхати The Muslim 500 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ шомил аст.

Ба панҷоҳгонаи беҳтарин Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз, Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусейн, сарварони Туркманистон ва Чеченистон — Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Рамзан Қодиров, муфтии Ӯзбекистон Усмон Алимов ҳам шомиланд. Инчунин, ба Чемпиони кунунии UFC Ҳабиб Нурмагомедов ва мусиқинавоз, овозхон ва оҳангсози машҳури муқими Британия Самӣ Юсуф муяссар шуд, ки ба рӯйхат шомил шаванд.

Дар раддабандӣ яке аз олимони пешсафи замон дар ислом, коршиноси соҳаи фиқҳи исломӣ, иқтисод, илми ҳадис ва тасаввуф Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ пешсаф аст. Пас аз ӯ фаъоли мазҳабӣ ва роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ қарор дорад. То ҳол ӯ тавонистааст, ки дар бораи мавзӯъҳои гуногун доир ба ислом кори зиёдеро анҷом диҳад ва муаллифи беш аз шаст китоб мебошад.

Раддабандии The Muslim 500 тайи нуҳ сол аст аз ҷониби Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб дода мешавад.

«Садои мардум»