Пешвои миллат дастаи мунтахаби футболбозони наврас (U-16)-ро ба ҳузур пазируфтанд

№124 (3918) 13.10.2018

45189691422_d0bbe74c88_o11 октябр дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 — солаи мамлакат — ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.

Иқдоми шоистае, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аъзои даста амалӣ гардид, аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 33 нафар (ба ҳар кадом 20 ҳазор сомонӣ), дар маҷмӯъ, 660 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ғалабаи дастаро дар Чемпионати Осиё ба Федератсияи футболи кишвар, варзишгарон ва мардуми ҷумҳурӣ муборакбод гуфтанд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ғалабаи наврасон дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург аст.

- Ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар ва заҳмати содиқонаи футболбозон мебошад, — гуфтанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар байни 45 дастаи олам сазовори ҷойи дуюм гардидан ва Парчами давлатро боло бардоштан ҳам шарафи бузург ва ҳам як омили муаррифии давлату миллат ва болоравии обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввал ва интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби то 16- сола дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, аз 16 то 29 сентябри соли 2017 баргузор гардид.

Марҳилаи ниҳоӣ моҳҳои сентябр — октябри соли ҷорӣ дар кишвари Малайзия бо иштироки 16 кишвари қитъаи Осиё баргузор шуд, ки дар он тими мунтахаби Тоҷикистон аз худ маҳорати баланд нишон дод. Варзишгарони тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардида, ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17- сола, ки соли 2019 дар Перу баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Дар охир, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки наврасони ҷумҳурӣ бо садоқати баланд, масъулият ва машқу тамринҳо дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар кишвари Перу бо ғалаба ба Ватан бармегарданд ва бори дигар шарафи кишварро дар арсаи олам ҳимоя менамоянд.

www.president.tj