Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Пешвои Ваҳдати миллӣ

№82 (3383) 16.06.2015

1111Миллати тоҷик дар ҳошияи давлати фурӯпошидаи шӯравӣ имкон пайдо намуд, ки дар сарҳади бархӯрди режимҳои исломию дунявӣ, дар ҳавзаи муноқишаи манфиатҳои миллии таърихию замонавӣ, дар майдони муборизаҳои мазҳабию ақидавии бо сиёсат ва мустақилиятхоҳӣ махлутгардида истиқлолияти  худро эълон дорад. Шароити таърихӣ имкони эълони истиқлолиятро дар тангнои замона фароҳам оварда, ҳифзу ҳимояти онро бо сахтӣ, муборизаҳои хунин ва қурбониҳои зиёд рӯ ба рӯ сохт.

Эмиссарҳои хориҷӣ дар раванди истиқлолиятхоҳии халқу миллатҳои собиқ салтанати бузург ба саркӯбии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию маънавии давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ мафтун шуда, ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои муттаҳидкунандаи идеологияи собиқ, роҳҳои гуногуни ғорати моликияти давлатӣ, бозӣ кардан бо эҳсосоти динӣ ва миллӣ ба маърази муноқишаҳои байналмилалӣ кашидани манфиатҳои стратегии халқу миллатҳоро ҳамчун тухми кинаю адоват барои наслҳои оянда дар замини кишварҳои пасошӯравӣ мекоштанд. Ин ҳолат аз як ҷониб агар барои пурра нест кардани давлати салтанати собиқ нигаронида шуда бошад ҳам, аз ҷониби дигар, давлатҳои ба тозагӣ соҳиби истиқлолиятгаштаро дар ҳолатҳои тобеият ва сархамӣ нигоҳ доштан ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба манфиатҳои худ идора намудани минтақа  буд. Мутаассифона, чунин ғаразҳо ва лапишҳои иҷтимоию сиёсӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар омилҳо тавонистанд вазъияту оромии мардумони зиёди  пасошӯравиро дар давраҳои муайян вайрон намоянд.   Аз аввалинҳо шуда, мардуми сода, дилкушод, зудбовар ва миллатдӯсту меҳмоннавози  тоҷик ба вартаи муноқишаҳо кашида шуд.

Роҳбарият ва масъулони давлат дар даврони эълони истиқлолияти давлатӣ аз имкониятҳои мавҷуда дуруст истифода накарда, натавонис-танд вазифаҳо ва мундариҷаи фаъолияти давлатро дар ин марҳилаи сарнавиштсоз ба таври зарурӣ муайян намуда, тавассути таъмини тавозуни манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа онро барои ба даст овардани ҳадафҳои созандаи умумимиллӣ сафарбар созанд. Ба ин маънӣ Ҳофизи бузургвор хеле нишонрасона фармудааст:

На ҳар кӣ тарҳи кулаҳ каҷ  ниҳоду тунд нишаст,

Кулаҳдориву оини сарварӣ донад.

Масъалаи қудрати сиёсӣ мардумро ба гурӯҳҳо ва ҷиноҳҳо тақсим кард. Чунонки Ҷон Локк дар ин маврид менависад: «Бузургтарин масъала, ки дар ҳама асрҳо инсониятро азият додааст… на зарурати мавҷудияти қудрат, балки масъалаи ба кӣ тааллуқ доштани он будааст». Маҳз ҳамин масъаларо хеле моҳирона бо ҷалби ҷавонон, эътиқод ва сармоя ба маърази эҳсосоти ҷомеа кашида, мардумро ноором намуда, ба майдонҳо бароварданд.

Ба Тоҷикистон хунрезӣ, мотам, бераҳмӣ, ғоратгарӣ чун шабаҳи адӯ ворид гардида, дар натиҷа, беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дар маҷмӯъ, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид. Садҳо хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншоот харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он ҳазорҳо модарон аз фарзандонашон, ҳазорҳо занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Тоҷикистон аз марҳилаи рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба муҳлати 40-50 сол ба қафо партофта шуд.

Вазъият аз идора берун рафта, мақомоти марказии идораи давлатӣ фалаҷ шуда, қудрат ба дасти яроқдорон гузашт, таҷрибадорону пешвоён аз идораи давлат даст кашиданд. Фиғони модари тоҷик ба само печида, муноқишаҳои бародаркуши Тоҷикистон вирди забони воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон гардид. Миллати тоҷикро саргумӣ, давлати тоҷикро нестшавӣ, халқи Тоҷикистонро  парокандагӣ таҳдид мекард. Сару садоҳо, роҷеъ ба он ки тоҷикон давлатдорӣ карда наметавонанд, байни дӯстону душманон баланд шуд.  Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд.

Дар чунин вазъият ҷомеаи кишвар ба роҳбаре ниёз дошт, ки аз санъати давлатдорӣ ва иродаи қавии сиёсӣ бархӯрдор буда, ба хотири ба даст овардани манфиатҳои миллӣ, ки бешубҳа, афзалиятноктарини онҳо дар ин марҳила ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар буданд, қудрати барқарор намудани ҳокимияти устувори давлатиро дошта бошад.

Тавре сиёсатшиносони шинохтаи кишвар зикр кардаанд: «Чунин шахсиятро метавон бо вожаи «давлатмадор» унвонгузорӣ намуд. Ин мафҳум, ки мазмунан ба вожаҳои русии «государственник» ва «державник» ва то қадре бо истилоҳи англисии «statesman» ҳамвазн буда, чун маҳаки асосии баҳогузории фаъолияти сиёсатмадорон дар илми сиёсатшиносӣ маъмул аст, мутаассифона, имрӯз аз луғати сиёсии забони тоҷикӣ ва доираи истифодаи пажӯҳишгарони ватанӣ барканор мондааст. Франклин Делано Рузвелт, Уинстон Черчилл, генерал Де Гол, Жорж Помпиду, Маргарет Тэтчер, Индира Ганди, Дэн Сяопин ва силсилаи зиёди дигар чеҳраҳои сиёсии асри ХХ, ки барои таҳким ва тақвияти пояҳои давлатдории кишварҳои худ хизматҳои арзанда кардаанд, дар таърих ба ҳайси шахсиятҳои давлатмадор эътироф карда шудаанд». («Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон», Душанбе, «Ирфон», 2012. Ҳайати таълиф: Ҳ. Зарифӣ, Н. Зоҳидов, Д. Назриев, Х. Сафаров).

Иҷлосияи таърихиву тақдирсози  XVI Шӯрои Олӣ  дар пойтахти давлат не, балки дар шаҳри Хуҷанд даъват шуд. Имтиҳони таърихӣ дар назди вакилони Шӯрои Олӣ масъалаи мавҷудияти минбаъдаи давлатдории тоҷиконро гузошта буд. Масъалаи асосӣ ва марказӣ,  ки наҷоти миллат аз он вобастагӣ дошт, ин интихоби дурусти роҳбаре  буд, ки миллати парокандаро муттаҳид карда тавонад. Мушкилӣ он замон танҳо дар  дарёфти чунин шахс не, балки дар гирифтани масъулият низ буд, зеро на ҳама кас он замон, ки яроқ кишварро идора мекарду муштзӯрӣ воситаи рӯзгузаронии иддаи зиёде гашта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида буд, ҷуръат карда, зимоми идораи кишварро ба зимма мегирифт. Шукр, ки чунин шахс он замон пайдо шуд.

Вакилон якдилона Раҳмонов Эмомалӣ  Шарифовичро интихоб карданд ва иштибоҳ накарданд. Ӯ ба хотири миллат, давлат ва халқи Тоҷикистон масъулияти вазнин ва сангинро ба дӯш гирифт. Замона бо гузашти ҳодисот, вақт бо муборизаҳои бешумор, таърих бо амалҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ собит сохт, ки интихоб саривақтӣ ва дуруст буд.  Кунун Тоҷикистон 24-умин баҳори истиқлоли давлатдории худро паси сар мекунад ва корҳои зиёде ба сомон расиданд.

Аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ агарчанде вақти зиёде аз лиҳози таърихӣ нагузашта бошад ҳам, вале зиёд аз ҳодисоти он аз мадди назар ва хотироти мардум дур шуд. Шояд ҷавоне, ки имрӯз акнун дар ҷое вазифаеро адо мекунад, бо дидани писараки хурдсолаш, ҷавонии худ ва беному нишон шудани падарашро ба ёд орад, ва ё нафаре, ки синнаш ба ҷое расидааст, аз бародари фавтидааш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёд кунад, албатта, ҳама дар доираи оила. Вале ҷанг аз тафаккури омма, аз маърази воситаҳои ахбори омма, аз майдонҳо  шукр, ки рафтааст. Мардум натарсида аз хонаҳои худ кадом вақте ки хоҳанд мебароянд, ба куҷое хоҳанд мераванд, шукр, ки садои тиру камонро ҳам касе намешунавад. Мағозаҳои холӣ пур шудаанд, марказҳои беодам макони дилхушии мардумони зиёд гаштаанд, роҳҳои холӣ аз  бардошти воситаҳои нақлиёт ва масҷидҳои беодам аз анбӯҳи одамон  ба танг омадаанд.

Мутаассифона, қабристони муҳоҷирони тоҷик дар он тарафи дарёи Панҷ дар хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то дергоҳ барои онҳое, ки наздиконашонро он ҷо ба хок супоридаанд, фаромӯш намешавад.

Яке аз иштирокчиёни раванди сулҳи тоҷикон, сиёсатмадори шинохта, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷмуҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров, ки дар мулоқоти Хосдеҳ ба ҳайси муовини раиси ҳайати ҳукуматӣ дар музокирот иштирок дошт, менависад: «Ин гуфтугӯи таърихӣ барои мо — тоҷикон сабақи бузург гашт, зеро профессор Бурҳониддин Раббонӣ ҳангоми имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз таҳти дил суханронӣ кард, ки ман гумон мекунам, барои ҳар кадоми ҳозирин таъсири амиқ гузоштанд. Номбурда изҳор карданд: «Аҳволи моро дидед, ки акнун чӣ ҳаёт дорем? Мо натавонис-тем зиндагӣ кардан, ақаллан шумо дар кишвари худатон созиш кунед ва тоҷиконро хор насозед. Тавре сулҳу ваҳдат бандед, ки касе дӯстии шуморо халалдор карда натавонад…».

Вале оё месазад, ки он солҳои мудҳишро бо чунин осонӣ аз хотираҳо дур созем?  Шояд фаромӯш кардан ҳам хубӣ дорад. Бузургон дуруст таъкид кардаанд, ки ёдоварӣ аз ҷанги дохилӣ то як муддати муайян ҷудоиро меафзояд, вале тарғиби ғалаба бо душмани хориҷ ваҳдатро зиёда месозад.  Ба ҳар ҳол, мо ҳоло ҷонибдори ёдоварӣ аз он солҳои мудҳиш ва харошидани дили шахсони наздикгумкардаро надорем, баръакс, ҳадафи мо хотиррасон кардани он, ки аз беаҳамиятӣ, тангназарӣ ва нашинохтани қадри Ватан — Модар, инсон ва миллатҳо ба чӣ балоҳо гирифтор  мешаванд.

Баъзан эҳсос мекунӣ, ки иддае аз ҷавонони мо бо ғурур сарҳади таҳаммулро убур карда, ба қадри тинҷию амонӣ нарасида, ҳатто аз амалҳои ғайриинсонӣ ва ифротӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Чаро? Чунки онҳо ҳанӯз нооромиро худ эҳсос накардаанд, бигузор ҳеҷ вақт эҳсос накунанд. Вале барои ин забони насиҳатгару ақли таҳлилгару хиради мардон зарур аст, ки бо онҳо дар мактабу маориф, воситаҳои ахбори омма,  масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ  пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд. Муҳимтар аз ҳама роҷеъ ба Ваҳдат ва дӯстӣ, аҳамияти он дар шаклгирии миллат ва давлати Тоҷикистон ҳарф зананд, зеро аз он ҷанг берун шудану то ба ин оромӣ расидан ҳама аз заҳмати Ваҳдату ваҳдатпарастон аст.

Дар қатори таҳлилу баррасӣ ва ислоҳи камбуду норасоиҳо, таҷриба собит менамояд, ки нақши қадршиносию шукргузории неъматҳо дар рушди давлатдорӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, қаҳрамонони миллат ва ёдоварӣ аз рӯзгори вазнини халқ воситаи муассири рушд ва низоми давлатдорӣ дар ҳама давру замонҳо будааст.  Дуруст гуфтаанд, ки «бенеъматӣ қадри неъматро баланд мекунад».  Ё «ба қадри нон дар вақти гушнагӣ бештар мерасанд».

Дар баробари ин, муҳим аст, ки қадри тинҷию амонӣ, Ваҳдати миллӣ ва оромии кишвар шинохта шавад. Дар ин самт дарки дуруст, ҳазми таърихӣ ва рӯзмарраи ғояи Ваҳдати миллӣ шарт ва зарур аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ бояд реҷаи кор, фаъолият ва асоси роҳбарикунандаи вазифаҳои хидматии мақомоти давлатӣ ва татбиқи ҳар меъёри қонун баромад карда, дар мактабу муассисаҳои илмӣ рукни муҳими арзиши афзалиятноки таълими миллӣ ва тадқиқотҳои омӯзишӣ қарор гирад. Мақом ва мартабаи қонунӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсию иқтисодии Ваҳдати миллӣ ба ҳадде бардошта ва муаррифӣ гардад, ки ҳеҷ як ихтилоф ва фитна, аз ҷумла  фитнаи мазҳабӣ, сиёсӣ ва миллӣ натавонад ба он зарар ворид созад.

Воситаи муассири шинохти ин неъматҳо қадршиносӣ аз раванди сулҳ ва пешвою қаҳрамони он аст, ки ҷони худро ба каф гирифта, ҳастии миллатро ҳифз кардаанд. Таърих собит менамояд, ки ҷангҳои шаҳрвандиро манфиатдорон оғоз  мекунанд, фитнагарон аланга медиҳанд, хиёнаткорон, балвогарон ва дуздон истифода мебаранд, танҳо халқи бечора, фарзандони хирадманд ва асили миллат  ва пешвои миллӣ ҷиҳати қатъи он мубориза мебаранд. Шинохтани ҳаққи халқ, фарзандони хирадманди миллат ба тинҷию оромӣ ва нақши пешвои халқ дар ваҳдату осоиштагии мардум низ аз омилҳои муҳими ваҳдатпазирии миллат аст.

Таҷрибаи давлатдории давлатҳои муосири миллӣ, ки таърихи аз 100 то 200 — сола доранд, собит менамояд, ки нуқтаи ибтидоӣ ва марказии рушди ин давлатҳо аз шинохти бунёдгузорони давлатҳо, эътирофи мақоми онҳо ҳамчун падарону асосгузорон ва минбаъд муттаҳид намудани миллат ва наслҳои оянда атрофи ғояҳои тарҳрезикардаи онҳо маҳсуб мешавад.

Мо — тоҷикон хеле дертар ба неъмати истиқлолият расидем, вале мо имкон дорем, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро бамавқеъ истифода намоем. Таҷрибаи асосӣ ва нуктаи ибтидоии рушди ин давлатҳо дар замони шаклгирӣ ва солҳои ояндаашон масъалаи  эътирофи нақши поягузорони давлатҳои миллӣ ва муттаҳид намудани  халқ дар атрофи ин сиёсат будааст. Роҷеъ ба он ки Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон нақши бунёдгузорро дорад, хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо барои гӯши шунавою чашми бино шарҳи иловагиро талаб надорад.

Мо тасмим гирифтем, дар ин мақола ба чанд нуктаи бебаҳси ин сиёсат, ки далолати Пешвои Ваҳдати миллии тоҷикон будани ин шахсиятро собит менамояд, рӯшноӣ андозем. Масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа барои ҳар роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, муносибати шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳост. Агар ният суботи комил, оромии кишвар ва ваҳдат бошад, ӯ, албатта, ба мақсад мерасад, дар акси ҳол не, зеро таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд. Дар онҳо танҳо халқ ва ҳастии миллату давлат зарар мебинад. Дар шароите, ки садою нолаи модарон аз ҷонибҳо ба дуо баланд мешавад, дар замоне, ки тири ҷавонони чашмонашон хунгирифта дар милли камон интизори фишор аст, дар майдоне, ки мардум тир хӯрдаанд, наздиконашонро қатл кардаанд, даъват ба сулҳ ва оромӣ намудан  қаҳрамонӣ ва матонати хосаро талаб менамуд. Вале ин роҳи ягона буд, ки бо гузаштан аз бисёр манфиатҳо ба даст меомад. Онҳое, ки ҳавасманди созиш ва сулҳ набуданд, дар ҳар ду ҷониб зиёд буданд. Роҳбари ҷавон ният ва иродаи худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар чунин шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо нишасти сари зону назди рамзи озодии миллат — Парчами давлатӣ бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддаси худ эълон намуд.

Нахустин қонунҳои қабулкардаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба масъалаи ба Ваҳдати миллӣ овардани мардуми Тоҷикистон ихтисос ёфта буданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» бо вуҷуди он ки баъдан ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд, дар асл баёнгари азми қавӣ ва нияти неки роҳбарияти нави Шӯрои Олӣ  буд. Роҳбари ҷавон фаъолияти ваҳдатгароёнаи худро аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ дар мақоми нав ифшо намуда, мазмун ва муҳтавои фаъолияти Шӯрои Олиро ба самти нав: ҷустуҷӯи роҳҳои ба ҳам овардани миллати ҷангзада гардонда, ҳадафи олӣ, аввалин ва асосӣ «оташбас» — ро эълон кард. .

Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданаш дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.». (Эмомалӣ Раҳмонов, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди якум. Душанбе: «Ирфон», соли 2002, саҳ. 7.).

Умуман,  то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба Ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат ва пешвои миллат 80 маротиба  муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот кардааст ва дар ҳамаи онҳо бевосита аз ризоияти миллӣ, дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат карда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудааст.

Тавре Роҳбари давлат зикр намуданд: «Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфтанд, ба мо муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи худ 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расонем».

Роҳбар на танҳо ба савгандаш содиқ буд, балки ҷиҳати иҷрои он ҳар лаҳза ва пайваста кӯшиш карда, ин вазифаи муқаддаси худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекард. Ӯ  дар давраҳои мушкили давлатдорӣ, пеш аз ҳама, ба Офаридагор ва халқи азизаш такя мекард: «Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам».

Дар замоне, ки як қисми шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзанду тифлону навҷавонон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Ӯ ҳамчун Роҳбари давлат то расидан ба Ваҳдати миллӣ  ором набуд. Дар ҳақиқат, қаҳрамон буд, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми  Тоҷикистон  аст. Худованд, Табиат, Замона ва Таърих дер ҳам бошад, садои дили ин миллати азияткашидаро шунида, ба ӯ фарзанди асили бардорандаи бори таърих ва замонаро  дод.

Ӯ на танҳо дар суханрониҳои расмӣ, балки дар табрикоташ худро ором ҳис накарда, фикри баргардонидани гурезагонро намуда, мисли як фидоии Ватан ваҳдат ва суботи кишварро қарзи имонӣ ва виҷдонии худ медонад.

Дар табрикоти солинавӣ аз 31 декабри соли 1992 бо алам ба мардуми кишвар муроҷиат карда мегӯяд:  «Дар ин шаби Соли нав, дар ин шабе, ки ман бояд  ҳамаатонро бо ид табрик гӯям, аввалан ба ҳамаи онҳое, ки имшаб дар паҳлуяшон падарону модаронашон, бародарону хоҳаронашон, фарзандонашон нестанд ва бехонумон шудаанд, тасаллият гуфта, ҳамдардии хешро баён менамоям…». Ва таъкид мекунад: «Дилпурона изҳор менамоям, ки бо тезӣ дар мамлакатамон сулҳу салоҳ, якдигарфаҳмӣ амалӣ хоҳад гашт». (Эмомалӣ Раҳмонов, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди якум. Душанбе: «Ирфон», соли 2002, саҳ. 18).

Дар табрикоти солинавӣ аз 31 декабри соли 1993 мегӯяд:  «Масъалаи дигаре, ки моро ҳамеша ноором медорад, ин баргардонидани гурезаҳо мебошад. Мо ҳамаи чораҳоро меандешем, ки ҳамватанони бурунмарзиамон ба Ватан баргарданд. Дар анҷоми сафари Сарвари Давлати Исломии Афғонистон ҷаноби Бурҳониддин Раббонӣ ба ҷумҳурии мо дар қатори дигар масъалаҳои муҳим оид ба тақдири гурезагон бо якҷоягии намояндаи Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид аҳднома имзо кардем. Рост гуфтааст шоир: «Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност!». (Эмомалӣ Раҳмонов. «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат». Ҷилди якум. Душанбе: «Ирфон», соли 2002, саҳ.174).

Дар табрикоти солинавӣ аз 31 декабри соли 1995 аз баргаштани фирориён ба Ватан  ёдрас шуда, таъкид мекунад:  «Ин муваффақияти моро ҷомеаи ҷаҳон хуб медонад ва қадр мекунад. Боз такрор мекунам, ки то ба кишвар баргаштани охирин ҳамдиёрамон мо вазифаи ватандӯстонаи худро дар ин бобат аз хотирҳо фаромӯш нахоҳем кард». (Эмомалӣ Раҳмонов, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди якум. Душанбе: «Ирфон», соли 2002, саҳ. 425).

Соли 1996, дар соле, ки гуфтушунид бо мухолифин ба мушкилӣ пеш мерафт ва бандҳои Аҳдномаи ризоияти ҷомеа ба вазнинӣ роҳ ба ҳаёт меҷустанд, дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат гуфта буд: «Ман 11 декабр, пас аз баргаштанам ба Душанбе дар бораи бас кардани муқовимат дар водии Ғарм ва ноҳияҳои сарҳадӣ дарҳол фармон имзо кардам… Ризоияти миллӣ бошад, ормону талаби сокинони ҷумҳурии мост… Мо ба ҳар роҳ кӯшидем ва боз кӯшиш хоҳем кард, ки халқи мо аз ҳодисаҳои нангини мухолифати миллӣ наҷот ёфта, ба роҳи созандагӣ ва ободии Ватан дохил шавад». (Эмомалӣ Раҳмонов, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди дуюм. Душанбе: «Ирфон», соли 2002, саҳ. 85).

Ҳақ ба ҷониби Паёмбари ислом аст, ки гуфтааст: «Ҳама корҳо ба ният аст». Нияти ӯ, мароми ӯ нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид.  Ӯ мисли як ситораи бахт, як рӯшноии фараҳбахш аз миёни мушкилию монеаҳо, торикию зулмот на танҳо солим гузашт, балки бо ғами халқ, фикри мардум ва умеди наҷоти миллат шарик ва ҳамдастон шуда, аз рӯҳи ниёгони миллат ғизо гирифта, бо нияти неки худ аз мадади Худованд баҳраманд шуда, мисли офтоб зимистони қаҳратуни миллатро ба баҳори сарсабз табдил дод. Ӯ тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бевосита дар 16 муроҷиату суханрониҳои расмии худ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сулҳ ва ваҳдат даъват менамояд. Аз ҷумла дар шаш муроҷиатнома, як изҳорот, панҷ суханронии расмӣ (ду суханронӣ аз минбарҳои байналмилалӣ) бевосита ваҳдат ва оташбасро масъалагузорӣ намуда, дар чор мусоҳиба бо рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ роҳи ягонаи рушди Тоҷикистонро дар ваҳдат ва муттаҳидии мардумони он муаррифӣ карда, гузаштҳои муайянро барои расидан ба ин мақсади олӣ ба ҷонибҳо пешниҳод кардааст.

Оид ба моҳияти Истиқлолият ва Ваҳдат Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳои худ чунин зикр намуданд: «Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати Истиқлолият ва Ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Ҳар қадар ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад». Тавре маълум гашт, ӯ қадам, ба қадам ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекард, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона, аз рӯҳи гузаштагону Офаридгори замину осмон талаби тинҷию оромии кишварро менамуд. Танҳо чунин шахс, чунин роҳбар қудрате дошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш созад.

Танҳо ҳамин дастовардаш қодир аст, ки ба ӯ ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром гузошта, эҳтироми ӯро ба мисли «Пешвои Ваҳдати миллӣ» ба ҷой орем. Пешвои Ваҳдати миллии тоҷикон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дарвоқеъ барои миллати тоҷик ва давлатдории навини мо хизматҳои арзанда кардааст. Хизматҳое, ки ӯ дар ҳаққи миллати решабатаърихи тоҷик дар замони нав анҷом додааст, бешубҳа, ӯро дар қатори нухбагони бузурги сиёсати ҷаҳонӣ  ворид менамояд.

Аломати муҳими нухбагони сиёсати ҷаҳонӣ, бунёдгузорони давлатҳои миллӣ ва шахсиятҳои таърихӣ, ки назди  онҳо на танҳо таърих дар марҳилаҳои муайян, балки халқу миллатҳо ва авзои суботи минтақаю кишварҳо бо урфу одатҳо, низоми ҳуқуқӣ, давлатдории бонизом бо фарҳангу маданияти  ба худ хос масъулиятҳо доранд (аниқтараш қарздоранд), дар он аст, ки онҳо тобеи як ҷаҳонбинӣ набуда, тафаккури онҳо дар паҳнои як мафкура ва ё усули  сиёсӣ маҳдуд нест. Онҳоро наметавон бо як ҳукм либерал, демократ, ислоҳатгаро, консерватор,  сотсиалист ва ғайра номид. Бузургии эшон дар он аст, ки тафаккури ҳаракаткунанда ва таҳлилгари онҳо дар ҳама ҳолатҳои ҳаётӣ усул ва тартиби беҳтарини интихоби арзишҳоро ба манфиати миллат, давлат ва минтақаи   боваркардашуда  дар даст доранд.

Эмомалӣ  Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои сиёсии замони нав аст, ки ӯро наметавон бо як таҳлил  либерал, сотсиал ва ё демократ номид. Ӯро дар ҳалли қазияи пешгирии оқибатҳои нобоби фарҳангию ғарбгароии бемантиқи ҷаҳонишавӣ ҳамчун консерватор, дар масъалаи низоми идора ва ташаккули сохторӣ ба ҳайси демократ, дар ҳимояи манфиатҳои мардуми кишвар аз таассуб, хурофот ва анъанаҳои замонавӣ  ислоҳотгаро, дар ҳифз ва таъмини табақаҳои ниёзманди иҷтимоӣ сотсиалист, дар коркарди асосҳои таҳдобии низоми ҳуқуқии кишвар гуманист ва татбиқи меъёрҳои қонун нормативист шинохтан ба ҳақиқат наздикӣ дорад. Дар баробари ин ҳама, ислоҳоти ҳаёти иҷтимоӣ бо қабули қонунҳои миллӣ аз ҷониби ӯ,  барои мо ҳуқуқшиносон ӯро мисли як асосгузор ва таҳиякарди қонуни миллӣ муаррифӣ менамояд.

Агар мо ба таърихи пурғановату қадимаи худ бо дидаи таҳқиқ мунсифона нигоҳ кунем, ба чунин хулоса мерасем: Агар Рӯдакӣ адабиёти порсиро поя гузошта, баъд аз араб зинда карда бошад, Исмоили Сомонӣ давлатдории миллии тоҷиконро бунёд намуда, устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикиро боз ба тахт нишонда, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ намуд, роҳи пуршебу фарози таърихии  халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид кард, Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор сохта, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, дар заминаи ин кӯшишҳо ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, Тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ, давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҳама корҳои неку писандидаи гузаштагонро бо диди нав ва дар шароити муосир ҷамъбаст сохт.

Ӯ шахсест, ки таҳти роҳбариаш давлати  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта,  Тоҷикистон ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифзу идома додан, эҳтиром ба роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон аст.

А. ХОЛИҚЗОДА, Ҷ. МАҶИДЗОДА, А. РАҲМОНЗОДА,  А. ДАМДОР, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон