Россия дар савдои хориҷии Тоҷикистон пешсаф аст

№93 (3573) 23.07.2016

нижегород19 июли соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Россия Валерий Шантсевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла робитаҳои байни минтақаҳои ду давлат дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

- Мо ба рушди марҳила ба марҳилаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Федератсияи Россия изҳори ҳавасмандӣ менамоем, — таъкид кард Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ҳамёрии кишварҳои моро муносибатҳои неки стратегии дуҷониба ва минтақавӣ таҳким мебахшанд.

Зикр гардид, ки Федератсияи Россия дар савдои хориҷии Тоҷикис­тон пешсаф буда, ба сегонаи кишварҳои бузурге шомил аст, ки ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва онҳо нисбатан афзун мебошад.

Дар мулоқот доир ба рушди ҳамкорӣ бо вилояти Нижегороди Федератсияи Россия дар соҳаҳои бештар афзалиятдоштаи саноат, кишоварзӣ, илму маориф ва туризм табодули афкори судманд доир гардид. Дар ҳамин замина ҷалби ташкилоту корхонаҳои саноатии вилояти Нижегород барои фаъолият дар минатақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ташкили содироти бештари меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба шаҳру вилоятҳои Россия ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таҳсил барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Россия аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба тақвияти муносибатҳо дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик табодули афкор намуданд.

www.president.tj