Идомаи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

№128-129 (3113-3114) 12.10.2013

1184771_541656092571248_1841211513_n

ТАШРИФ БА ШАҲРИ ХОРУҒ

Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 9 октябр дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим идома ёфт.

Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ омад. Дар фурудгоҳи шаҳр меҳмони олимақомро бо самимияти олӣ ва шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва ободонии густурдаи ин гўшаи баландкўҳи Тоҷикистони азиз истиқбол гирифтанд.

САЙРИ БОҒИ БАДАХШОН  

Дар боғи наздикии фурудгоҳи Хоруғ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи бошукўҳи кишоварзию фарҳангӣ баргузор гардид.

1269090_541660572570800_1601349608_o

Дар маърази ин намоишгоҳи бузург намунаҳои тамоми маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, аз ҷумла меваю сабзавоти гуногун, аз қабили себ, нок, чормағз, тут, картошка, каду, помидор, гиёҳҳои сершумори шифобахш ва дорувории аз он омодашуда, анвои гуногуни нону кулча ва шириниҳои маҳаллӣ ба назар мерасид. Беш аз ҳама  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо себҳои хушлаззат, ки дар ин вилоят 67 намуди он  парвариш меёбад, картошкаи бенуқсон ва гиёҳҳои шифобахши худ шуҳрат дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкори ванҷӣ Васила Ғафурова, ки бо дорусозӣ аз гиёҳҳои шифобахши Бадахшон машғул аст, як миқдор доруворӣ харидорӣ намуд. Тавре зикр гардид, дорувории ин зани ташаббускори тоҷик, хусусан равған ва шарбати ангат, то ба давлатҳои Аврупо содир карда мешавад.

Чунонки аён гардид, коркарди саноатии меваю сабзавоти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ васеъ ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти онҳо, аз ҷумла меваи хушк, чормағз, тут ва ғайра, бо бастабандии муосири ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгўй ба хориҷи кишвар содир мегардад. Иттилоъ доданд, ки ҳалво ва тутпиз, ки аз тути хушлаззати ноҳияҳои Бадахшон омода шуда, дар коргоҳҳои хурди шаҳри Хоруғ чун шоколад бастабандӣ мешавад, дар Туркия, Италия, Олмон ва дигар кишварҳо аллакай бозори худро пайдо намудааст.

Қисмати муҳим ва ҷолиби ин намоишҳо, албатта, бахши фарҳангии он буд, зеро Бадахшон ҳамчунин бо санъати волои мусиқӣ ва рақсу сурудҳои дилнавозаш шуҳрати зиёд дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дидани ин ҳама маҳсулоти хушлаззату бенуқсони кишоварзӣ ва намоишҳои фарҳангии мардуми хушсалиқаи Бадахшон рўҳу илҳоми тоза гирифта, барои ҳифзи ин ҳама зебоию сарватҳо ва афзоиши бештари онҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

ОҒОЗИ БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ МАЪМУРИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон як зумра иншооти нави бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохташударо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони чанд бинои дигар оғоз бахшид.

Нахуст дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дидбонгоҳи нави марзбонӣ, ки бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ доданд, дар зарфи чор моҳи охир дар атрофи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ чорто чунин дидбонгоҳи марзбонӣ бо беҳтарин шароити хизматӣ сохта ба истифода супурда шуд. Се дидбонгоҳи дигари марзбонӣ дирўз аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қўшунҳои марзбонии кишвар ифтитоҳ ёфтанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки соли оянда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ боз чор дидбонгоҳи дигар, аз ҷумла сетоаш дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, бунёд карда шавад.

Зимни боздид аз дидбонгоҳи марзбонии Тишор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шароити хизматӣ ва маишии дар он бунёдёфта баҳои баланд дод.

Калиди рамзии бинои нави ин дидбонгоҳ ба сардори дидбонгоҳ Аскаралӣ Саидов аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд.

Аз ҷониби роҳбарияти Қўшунҳои марзбонӣ ва ҳайати шахсии ин дидбонгоҳ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи манораи дидбонии марзбонӣ ҳадя карда шуд. Сарвари давлат дастур дод, ки ин туҳфаи зебо ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон дастрас карда шавад.

Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави дидбонгоҳро ба марзбонони шуҷои Ватан табрик гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ЯК ҚАТОР БИНОҲОИ НАВ ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

Дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ иншооти нав, ки бо маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва ба сохтмони як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшида шуд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Шуғнонро ифтитоҳ намуд. Тавре аён гардид, дар ин бино беҳтарин шароити кору хизмат барои кормандони комиссариати ҳарбӣ муҳайё гардидааст.

Сипас, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави прокуратура, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин биноҳо шароити хеле хуб омода шудааст. Бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ин ноҳия, аз ҷумла толори барҳавои варзишӣ низ, ки барои кормандони ин соҳа басо муҳим аст, дорад.

Аён гардид, ки сохтмони даҳҳо биноҳои нави маъмурӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон-шаҳраки Ваҳдат идома дорад. Танҳо аз соли гузашта пас аз супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо сохтмони 40 иншоот бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ оғоз ёфта буд.

Дар ҳамин ҷо имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сохтмони бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби Бонки саҳомии «Тоҷиксодиротбонк» бунёд хоҳад ёфт, оғоз бахшида шуд. Тавре зикр гардид, ин бино бо 32 хонаи истиқоматӣ дар давоми як сол сохта мешавад. Роҳбарияти бонки мазкур бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуд, ки 16 хонаи онро ба мақомоти иҷроияи Маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои тақсим кардан ба ходимони давлатӣ ҳадя намояд.

КУШОДАШАВИИ ФИЛИАЛИ ҶСК «АГРОИНВЕСТБОНК» ДАР НОҲИЯИ ШУҒНОН

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон филиали ҶСК «Агроинвестбонк» ифтитоҳ ёфт.

Зимни шиносойӣ бо ин бинои зебо, аз ҷумла зикр гардид, ки то ин вақт  ҶСК «Агроинвестбонк» дар  ноҳияи Шуғнон танҳо як маркази хизматрасонӣ дошт. Бо ифтитоҳи филиал шумораи кормандони ин бонк дар ноҳияи Шуғнон 12 нафар афзун гардид. Чунонки иттилоъ доданд, то ин вақт сандуқи қарзии ин бонк дар ин ноҳия аз 3,5 миллион сомонӣ иборат буд. Акнун ин нишондод низ бояд афзун гардад ва ба аҳолии ноҳияи Шуғнон, ки танҳо дар шаҳраки Ваҳдат 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, хизматрасонии босифат пешниҳод карда шавад.

МУЛОҚОТ БО МАРДУМИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи деҳқони асил Низом Шоҳабутолибов, ки дар як гўшаи шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон қарор дорад, бо роҳбарияту фаъолон ва мардуми сершумори ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва ободонии маркази нави маъмурии он  — шаҳраки Ваҳдатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои таъмини рушди минбаъдаи ин диёри кўҳистон супоришҳои мушаххас дод.

БОЗДИД АЗ НОҲИЯИ ИШКОШИМИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Нимаи дуюми рўзи 9 октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташриф овард. Меҳмони олимақомро дар ин ноҳияи баландкўҳи кишвар бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбекови ноҳия нахуст бо фаъолияти ибратбахши хоҷагии ёрирасони қисми низомии марзбонӣ бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, марзбонони дар ин ноҳия қарордошта дар майдони шаш гектар картошкаи навъи кардинал кишт намуда, умед доранд аз ҳар гектараш 250 сентнерӣ ҳосил ба даст оваранд. Ба андешаи роҳбарияти қисми низомӣ ин миқдор ҳосил имкон медиҳад, ки онҳо на танҳо талаботи худ, балки тамоми марзбонони дар ноҳияи Мурғоб қарордошта ва ҳам шифохонаи низомии шаҳри Хоруғро бо картошка таъмин намоянд.

Дар паҳлуи ин хоҷагӣ  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз замини картошкаи навъи Бадахшон 1, ки аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Муборакқадамов дар майдони 0,6 гектар кишт шудааст, дидан кард.

Тавре зикр гардид, ин хоҷагӣ дорои 125 гектар замини корам буда, дар 25 гектар картошка кишт намудаанд. Картошкаи навъи Бадахшон 1-ро бошад, дар ҳамкорӣ бо Пажўҳишгоҳи биологии шаҳри Хоруғ  дар майдони 0,6 гектар ба таври таҷрибавӣ кишт намудаанд. Ба ҳисоби ҳар гектар аз ин навъи картошка онҳо умед доранд, ки 260-300 сентнерӣ ба даст оранд ва 60 фоизи ин ҳосил тухмӣ хоҳад буд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо истифода аз захираҳои фаровони замин дар ин ноҳия майдони кишти картошка афзун карда шавад.

Деҳқонони картошкапарвари ноҳия арз карданд, ки шумораи трактор ва мошинолоти кишоварзӣ дар ноҳия барои вусъат додани ин ва дигар корҳои соҳа басанда нест. Тавре зикр гардид, ноҳия қариб се ҳазор гектар замини корам ва ҳамагӣ шаш трактор дорад. Ҳамаи ин тракторҳо бо мошинолоти заруриаш соли 2008 аз ҷониби Президенти кишвар ба кишоварзони ноҳия ҳадя шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки то оғози мавсими киштукори соли 2014 ба ин ноҳия боз 8 трактор бо тамоми мошинолоташ дастрас карда шавад.

Дар боғи хушманзари ин мавзеъ  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳияи Ишкошим мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла шодоб гардидани 280 гектар замини навро дар ноҳияи Ишкошим натиҷаи хуби иҷрои супоришҳо доир ба аз худ кардани заминҳои бекорхобида номида, таъкид дошт, ки имконоти шодобгардонии заминҳо дар ин ноҳия ҳоло ҳам хеле зиёд аст. Чунонки зикр гардид, дар ноҳияҳои Ванҷу Ишкошим имкони аз худ кардани беш аз чор ҳазор гектар замини нав мавҷуд аст.

Супоришҳои мушаххаси дигар доир ба истифодаи босамар аз имконоти Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим ва дигар заминаҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии ояндаи ин ноҳия дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доир ба рушди заминаи сайёҳӣ дар ноҳияи Ишкошим супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки Ишкошим бо қарор доштанаш дар яке аз шохаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ва бо ёдгориҳои бешумори бостонии таърихию фарҳангӣ, обҳою гиёҳҳои шифобахш ва дигар захираҳои ғании табиияш дорои имконоти хеле фарох барои ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳону истироҳаткунандагон аз дохил ва хориҷи кишвар мебошад.

Масъулини соҳаи нақлиёту роҳсозӣ вазифадор гардиданд, ки дар муҳлати кўтоҳ тамоми роҳҳои маркази ноҳияи Ишкошимро пурра навсозӣ намуда, доир ба тармими дигар роҳҳои маҳаллӣ низ тадбирҳо андешанд.

Дастуру ҳидоятҳои дигар, ҳамчунин зимни посух ба суолу дархостҳои мардуми Ишкошим дода шуд, ки иҷрои босамари онҳо боиси пешрафту шукуфоии бештари ин минтақа дар оянда хоҳад шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои таъмини деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошим бо оби тозаи ошомиданӣ тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.

КӮМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН 

Бегоҳии рўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба кўдакону наврасони аз падару модар  ятиммондаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон кўмаки моддӣ расонд.

Тавре зикр гардид, дар тамоми қаламрави ин вилоят 183 нафар кўдаку навраси аз падар ва ҳам модар ятиммонда ба сар мебаранд. Дар ин ҷо 161 нафар аз шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рушон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб аз кўмаки моддии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бархўрдор гардиданд. Ба 22 нафари дигар аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ дар ноҳияи Дарвоз кўмаки моддии Президенти кишвар дирўз дастрас гардида буд. Кўмак аз маҷмўи пурраи сарулибоси зимистона, дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» бо як миқдор маблағи пасандоз барои оянда ва туҳфаҳои хотиравӣ иборат аст. Ба ятимони маъюб, ҳамчунин аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз кўдакону наврасони ятим даъват намуд, ки дилшикастаю рўҳафтода набошанд, зеро онҳо пайваста зери ғамхории Давлату Ҳукумат қарор мегиранд. Таъкид гардид, ки то хатми мактаби миёна ва муассисаҳои миёнаю олии касбомўзӣ ва ҳам бо кор таъмин шудан онҳо аз чунин ғамхорӣ бархўрдор хоҳанд буд.

БА ИСТИФОДА СУПУРДАНИ БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ БЕМОРИҲОИ СИЛИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дарВилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 10 октябри соли 2013 дар маркази маъмурии он – шаҳри Хоруғ идома ёфт. Нахуст дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ бинои нави Маркази бемориҳои сили вилоят дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.

Тавре зикр гардид, бинои пешинаи ин марказ хеле фарсуда шуда, шароити корию маишиаш ба талабот ҷавобгўй набуд. Бинои нав бо харҷи 10 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва гранти Хазинаи глобалӣ бунёд ёфта, дорои таҷҳизоти навтарини муоина, ташхис ва табобати беморони сил ва ҳамчунин шароити муосири маишӣ мебошад. Дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти муосири гаронарзиш, аз ҷумла рентгени рақамӣ, ки арзишаш 450 ҳазор доллари амрикоӣ аст, дастгоҳи маҷмуаи дандонпизишкӣ, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии кори дил, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра насб гардидаанд.

Марказ дорои чор шуъба – шуъбаҳои беморони сили мутобиқшуда, кўдакона, озмоишгоҳ ва дармонгоҳи озмоишӣ мебошад.

Дар маркази вилоятии бемориҳои сил ҳамчунин дастгоҳҳои тибби фосилавӣ васл гардидааст, ки тавассути он табибон бо ҳамкасбони худ аз шаҳри Душанбе, дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҳам хориҷи кишвар ба таври мустақим дар тамос шуда, машварат мекунанд.

Дар ин бино, ки барои 45 кати хоб пешбинӣ шудааст, то 48 нафар табибон ва дигар кормандон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Тавре иттилоъ доданд, дар бинои куҳнаи марказ пас аз тармиму навсозиаш диспансери вилоятии бемориҳои сил ҷойгир карда мешавад.

МАВРИДИ ИСТИФОДА ШУДАНИ ДУ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ ВА ГУЗОШТАНИ ХИШТИ АВВАЛИ НАХУСТИН БИНОИ НУҲОШЁНА ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Даҳуми октябри соли 2013 дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои истиқоматӣ бо 44 хонаи барҳаво мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони нахустин бинои нуҳошёна дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон асос гузошта шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Мактаби президентии шаҳри Хоруғ, ки имрўз ба яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст, ташриф оварда, бинои истиқоматии дорои 20 хонаро барои омўзгорони ин мактаб мавриди истифода қарор дод. Инак, хонаводаи 20 омўзгори мактаби президентии шаҳри Хоруғ дар ин бино соҳиби хонаҳои зебою барҳаво ва дорои шароити хуби зиндагӣ шуданд. Калид ва санадҳои хонаҳо ба қисмате аз соҳибхонагон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд.

Тавре аён гардид, ин бино дорои хонаҳои ду ва сеҳуҷрагии басе васею барҳаво аст. Хонаҳои дуҳуҷрагии он аз 102 ва сеҳуҷрагӣ аз 120 метри мураббаъ иборат мебошанд. Тавре иттилоъ доданд, ин бинои муҳташам бо харҷи беш аз 7,5 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст.

Дар маркази шаҳри Хоруғ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони нахустин бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ дар қаламрави ин вилоят оғоз бахшида шуд. Чунонки иттилоъ доданд, ин бинои нуҳошёнаи иборат аз се қисмат ва 190 хона дар зарфи се сол бо харҷи беш аз 133 миллион сомонӣ бунёд хоҳад ёфт. Хонаҳои ин бино як, ду ва сеҳуҷрагӣ буда, бо нархҳои нисбатан арзону дастрас, пеш аз ҳама ба табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ пешкаш хоҳанд шуд.

Як бинои шашошёнаи истиқоматӣ бо 24 хонаи ду ва сеҳуҷрагӣ дар ҳудуди отряди сарҳадии шаҳри Хоруғ барои кормандони сохторҳои қудратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чунонки аён гардид, хонаҳои ин бино ҳам басо васею барҳаво буда, мутаносибан аз 102 ва 120 метри мураббаъ иборатанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ҳар ду бинои нави истиқоматӣ баҳои баланд дод. Чунонки иттилоъ доданд, то соли оянда дар ҳамин мавзеъ боз як бинои дигари истиқоматӣ бо 48 хона барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сохта ба истифода дода мешавад.

Дар ҳудуди отряди сарҳадӣ ҳамчунин як маркази таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои беҳтарин шароити таълимӣ, корию хизматӣ ва маишӣ мебошад. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин сохтмони бинои хобгоҳи ин марказ низ идома дорад, ки то охири соли равон бо шароити муосири будубоши доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

ИФТИТОҲИ БИНОИ КОРИИ МАҚОМОТИ ВИЛОЯТИИ ЧОР ИДОРАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ  

Дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ ёфт, ки дар он утоқҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд. Ин муассисаҳо Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷират, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббии иҷтимоӣ мебошанд.

Дар таҳхона ва ошёнаи чоруми ин бино ҳамчунин маркази таълимии калонсолон ҷойгир шудааст, ки дорои шароити хуб барои омўзиши касбу ҳунари гуногун мебошад. Дар ин марказ бештар мутахассисони коргарии соҳаи сохтмон ва ҳунармандони мардумӣ омода карда мешаванд. Дар ин ҷо шароити зарурӣ барои омўзиши ҳунарҳои дўзандагӣ, ҷўроббофӣ, тоқидўзӣ, заргарӣ, ороиши рўю мўй барои мардону занон ва ғайра муҳайё гардидааст. Тавре зикр гардид, танҳо дар ду соли охир дар ин марказ шаш ҳазор нафар калонсолон соҳиби касбу ҳунар шуда, ҳоло аз нисф зиёди онҳо дар сохтмонҳои сершумори шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бо кор таъмин гардидаанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки акнун бо муҳайё шудани шароити муосири кору таълим саҳми ин марказ дар омодасозии мутахассисони бомаҳорати коргарӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Ин бинои дорои 32 утоқи корӣ бо харҷи зиёда аз 4,2 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст.

 МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Дар боғи марказии фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ мулоқоти озоду ошкоро ва басо самимии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори аҳли ҷомеаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин гўшаи баландкўҳи Тоҷикистони биҳиштосоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои минбаъдаро муайяну мушаххас кард.

www.president.tj