Идомаи сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

№99 (3245) 26.08.2014

14801783500_e89f13ffc8_o

Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофию атласбофии дастӣ

Бисту якуми августи соли 2014 дар ҳудуди Корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ, ки маҳсулоташ дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бешумор дорад, ба кор дароварда шуд.

Ин тадбири муҳим дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба эҳё намудани истеҳсолоти хонагии занону духтарон, ҳунарҳои милии  дастӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, кам намудани сафи занони муҳоҷир, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманду хонашин амалӣ шуда, боиси шодию  нишоти шавқмандони ин соҳа гардидааст.

Роҳандозии ин кори манфиатбахш чун иқдоми шоистаи навбатӣ, пас аз ташкили қолинбофии дастӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ, аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифт.

Дар назди Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҳунари мардумии адрасбофию атласбофии дастии Корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд 15 дастгоҳи дастӣ васл гардидааст.

Барои бо сифати баланд истеҳсол намудан ва минбаъд ба аҳолӣ ва хориҷи кишвар содир намудани адраси дастибоф  ҳафт мутахассиси соҳибтаҷриба аз ноҳияи Рӯдакӣ даъват карда шудаанд, ки давоми ду моҳ ба занону духтарони вилоят касби адрасбофии дастиро меомӯзонанд. Баъди ду моҳи омӯзиш ва супоридани имтиҳон ба хатмкунандагон шаҳодатнома дода мешавад. Тибқи нақшаи роҳбарияти корхона марҳила ба марҳила ин намуди ҳунари мардумӣ дар ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва хонаҳо ташкил карда хоҳад шуд.

Барои рушди ҳунарҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, адрасбофию атласбофӣ ва ҳавасманд гардонидани бонувони ҳунарманд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи умумии 200 ҳазор сомонӣ грант ҷудо карда шуда, се нафар бонувони ҳунарманди вилоят бо пешниҳоди лоиҳаи худ оид ба таъсиси коргоҳи адрасбофӣ ҳар яке сазовори грант ба маблағи даҳ ҳазор сомонӣ гаштаанд.

Ҳамчунин барои рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи истеҳсолоти хонагӣ тибқи қарори раиси вилояти Суғд озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» эълон ва  барои қадршиносии ғолибон аз буҷети вилоят  70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Дар Корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни навсозӣ ва афзунсозии иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди пилла бевосита шинос шуда, барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин корҳо ба роҳбарияти корхона дастуру ҳидоятҳои судбахш дод.

Тавре иттилоъ доданд, иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 500 тонна пиллаи хушк дар як сол мебошад.

Соли равон дар вилоят 750 тонна пилла истеҳсол гардид, ки аз он қариб 400 тоннааш аз ҷониби Корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» харидорӣ шуда,  мавриди коркард қарор гирифтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки истеҳсоли солонаи пилла дар вилоят ба 1,5 ҳазор тонна расонида шавад ва ҳам иқтидори Корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд низ афзун карда шавад, то ки дар он беш аз 500 нафар, пеш аз ҳама занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гарданд. Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ин корхона 200 нафар бо кор таъмин шудаанд.

Роҳбарияти корхона аз иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷорӣ намудани боҷи гумрукӣ аз содироти пиллаи коркарднашуда изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин амал  имкон медиҳад тамоми пиллаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар корхонаҳои ватанӣ коркард шавад.

Маҳз ҳамин иқдоми Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳибкори ватанӣ Муқим Неъматовро водор намуд, ки ба навсозии Корхонаи коркарди пилла ва таъсиси Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофию атласбофии дастӣ камар бандад.

14819984347_2aa6a14553_o

Иштирок дар чорабини идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд

Субҳи бисту сеюми августи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳри Хуҷанд омад.

Чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар ин майдони фарох дар масофаи қариб як километри кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд кишоварзони зарофар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анвои гуногуни харбуза, маҳсулоти занбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи намоишгоҳ бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти ҳамаи соҳаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи матлубот ва Иттиҳодияи «Хӯрокворӣ»-и вилоят ва соҳибкорони шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

Дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза» кишоварзони даҳ шаҳру ноҳияи вилоят ва «Иди асал» — ассотсиатсияҳои занбӯриасалпарварони вилоят аз 12 шаҳру ноҳия бо дастовардҳои худ иштирок намуданд.

Ба «Иди асал» 15 тонна маҳсулоти соҳа, аз ҷумла навъҳои гуногуни асал, прополис ва ғайра бо банду баст тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида пешниҳод гардид.

Дар ҷойи баргузории «Иди асал» хаймаҳо, нуқтаҳои гирифтани асал, ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.

Тавре зикр гардид, аз соли 2005 инҷониб, яъне аз давраи қабули Барномаи давлатии рушди парвариши занбӯри асал, шумораи оилаҳои занбӯри асал, занбӯриасалпарварон ва ҳаҷми маҳсулоти он қариб ду баробар афзудааст.

Ба «Сайри харбуза» зиёда аз 20 навъи ин маҳсулоти шаҳдбор, панҷ навъи тарбуз ва даҳ навъи каду пешниҳод шуд.

Дар ҷойи баргузории «Сайри харбуза» пирамида, хаймаҳо, чайла, катҳои миллӣ, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, маҳсулоти аз харбуза коркардшуда дар маъраз буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии маҳсулоти асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лӯбиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ аст, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол ба сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб қудрати содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Тоҷикистон метавонад дар бозори ҷаҳонии асал ва меваю сабзавот, хусусан бо зардолу ва олуи сиёҳи хушк, мавизи кишмиш, харбуза, ангур, помидору бодиринг, пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгоҳи намоён дошта бошад.

Дар доираи баргузории «Сайри харбуза» озмун ва мусобиқаҳо бо шарту шароити шавқовар гузаронида шуд. Аз ҷумла озмуни зуд хӯрдани харбуза миёни ҷавонон басо ҷолиб буд. Бозии шавқовари дигар бо тарбузу харбуза шашкабозӣ кардан буд, ки дар он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок намуд.

Устодони санъати вилоят ва ҷавонону наврасони ҳаваскор намоиши ҷолиби фарҳангӣ пешкаш намуданд.

Ба намоиш-фурӯш зиёда аз 50 номгӯй маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми қариб 300 тонна ворид гардид. Танҳо тарбузу харбуза беш аз 50 ҳазор дона буд. Ҳамаи ин маҳсулот бо нархҳои 50-60 фоиз аз бозор арзон ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуд.

Барои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд, ки ба намоишгоҳ омада буданд, оши палаву дигар хӯрокҳои миллӣ омода ва ба таври ройгон ба мардум пешниҳод шуд.

Машварати корӣ бо фаъолони вилояти Суғд

Нимаи дуюми рӯзи бисту сеюми августи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир намуд.

Зимни машварат, ки бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро дар ҳафт моҳи соли равон таҳлил намуда, роҳҳои ҳалли мушкилот ва бартарафсозии монеаҳои мавҷударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Чунонки зикр гардид, солҳои охир дар вилояти Суғд садҳо иншооту корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, ҳазорҳо гектар боғу токзори нав бунёд гардид ва шаҳру ноҳияҳо тадриҷан ободу зебо мешаванд. Ҳамаи ин ташаббусу ободкориҳо, албатта, ба сатҳу сифати зиндагии мардуми вилоят таъсири мусбат доранд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки бо вуҷуди шароити номусоиди обу ҳавои имсола ва вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки дар ҳафт моҳи соли равон фаъолияти худро дар доираи стратегияҳои рушд ва барномаву нақшаҳои қабулгардида ба роҳ монда, тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва уҳдадориҳои иҷтимоиро таъмин намояд. Аз ҷумла Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳафт фоиз ё худ ба андозаи 2,7 миллиард сомонӣ афзудааст. Ба ҳолати аввали моҳи август иҷрои Буҷети давлатӣ ба андозаи 102,7 фоиз таъмин гардида, ба он зиёда аз ҳафт миллиард сомонӣ ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 186,1 миллион сомонӣ ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 862,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар баробари ин, ҳамчунин зикр гардид, ки агарчӣ дар ин давра рушди умумии иқтисоди миллӣ таъмин карда шудааст, вале суръати рушд дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби соҳаҳои саноату кишоварзӣ, савдои чакана ва хизматрасонӣ 0,5 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Таъкид гардид, ки ба чунин ҳолат на танҳо вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, балки фаъолияти ҳамарӯзаи мақомоти давлатӣ барои иҷрои саривақтиву сифатноки вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоршуда сабабгор аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо вуҷуди афзоиши ҳаҷми маҷмӯи умумии маҳсулот дар вилоят ҳиссаи истеҳсоли мол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дар қаламрави вилоят дар ин давра 72 корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Барои ин ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур дода шуд, ки якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияи нав ва Агентии омор масъалаи зикршударо мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, аз натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат гузориши муфассал пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳон, минтақа ва кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят яқҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоятро барои солҳои минбаъда бо дарҷи имкониятҳои суръат бахшидани он таҳия намуда, ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Тавре зикр гардид, нақшаи даромади буҷети вилоят барзиёд иҷро гардидааст, аммо иҷрои босифати он пурра таъмин карда нашудааст. Масалан, нақшаи андоз аз арзиши иловашуда иҷро нагардидааст, ки аз ин ҳисоб буҷети вилоят дар ҳаҷми 8,1 миллион сомонӣ зарар дидааст. Ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки қисми зиёди амалиёти хоҷагидорӣ бо ҳисоботи оморӣ ва андозбандӣ фаро гирифта нашудааст.

Аз ин хотир, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва Агентии омор супориш дода шуд, ки барои беҳтар намудани низоми ҳисобдорӣ дар кишвар пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Зикр карда шуд, ки барои дастгирии фаъолияти соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳафт моҳи соли равон зиёда аз як миллиарду 72 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 270 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар баробари ин, изҳори таассуф карда шуд, ки дар истифодаи сарфакоронаву мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.

Барои афзун намудани ҷойҳои нави корӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастур дода шуд, ки таъсиси корхонаҳои нав ва васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои амалкунандаро таҳти назорат қарор дода, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин самт чораҳои муассир амалӣ намоянд.

Дастуру супоришҳо ҳамчунин доир ба татбиқи босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, корхонаҳои коркарди дигар маҳсулоти кишоварзӣ, вусъат додани кишти такрорӣ ва бунёди боғу токзори нав ва дигар корҳои судбахш дода шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳаҷми маблағгузории соҳаи маорифи вилоят дар соли равон ба 522 миллион сомонӣ расида, афзоиши он 60 баробари ин нишондоди соли 2000-умро ташкил додааст. Танҳо аз аввали соли равон дар қаламрави вилояти Суғд ҳафт мактаби замонавӣ бунёд гардида, қариб 4000 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст.

Дар баробари ин, таъкид гардид, ки роҳбарону фаъолони вилоят ва дар навбати аввал, кормандону масъулони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, аҳли зиё ва умуман ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба хотири пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, хусусан байни наврасону ҷавонон кӯшиш карда, неруи онҳоро ба самти омӯхтани илму дониш, аз худ намудани касбу ҳунар ва созандагиву бунёдкорӣ густариш диҳанд ва нисбат ба ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои барои миллати мо бегона муҳити оштинопазир фароҳам оварда, дар ин раванд ба тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносиву худогоҳии миллӣ эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамчунин доир ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, суботу оромӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, терроризму экстремизм ва дар баробари ин фароҳам овардани шароити хуби хизмат дар қисмҳои низомӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва мунтазам хабар гирифтан аз аҳволи хизматчиёни ҳарбӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҷлили 23 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Конститутсияи кишвар ва Суруди миллӣ ба тақвияти ҳифзи ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва таъриху фарҳанги пурғановату омӯзандаи ниёгони сарфарози мо дар миёни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон, мусоидати фаъол мекунад.

Сипас, ахбори раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ шунида шуд. Тавре зикр гардид, пас аз фаъол шудани Корхонаи қолинбофии дастии «Шероз» ва ҷорӣ намудани ин таҷриба дар хонаҳои аҳолӣ 900 ҷойи нави корӣ, бахусус барои занону духтарон муҳайё карда шуд.

Тибқи ҳисобот, ҳосилнокии аксари зироатҳо, ғайр аз ғалладонагиҳо, дар вилояти Суғд зиёд карда шудааст.

Омодагӣ ба кишти тирамоҳии ғалладона ҳамаҷониба оғоз ёфтааст. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки танҳо тухмиҳои хушсифат корида, аз заминҳои обӣ на камтар аз 50 — сентнерӣ ҳосил рӯёнанд. Барои ин аз ноҳияҳои Данғара ва Исфара тухмиҳои хушсифати серҳосил дастрас карда мешаванд.

Зимни гузориши раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров, ба ӯ, аз ҷумла супориш дода шуд, ки майдони кишти картошка дар заминҳои ин минтақа ба се ҳазор гектар расонда шавад.

Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони сохторҳои дигари ҷумҳуриявию маҳаллӣ дода шуд.

www.president.tj