Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон ва мулоқот бо тоҷикону ҳамватанони муқими Беларус

№ 26.10.2013

3L0X9332

Дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Беларусро, ки дар мавзеи хушбоду ҳавои як гӯшаи шаҳри Минск қарор дорад, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ҳамчунин садо додани Суруди миллӣ ва бардошта шудани Парчами Тоҷикистон аз ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус башорат дод.

Тавре аён гардид, бинои нави Сафорат сеошёна буда, дар он тамоми шароити корию маишӣ барои кормандон ва қабули меҳмонон муҳайё гардидааст. Бинои Сафорат дорои толори барҳавои маҷлисӣ, утоқҳои муҷаҳҳази корӣ, ошхона, ҳавлии зебо ва боғи дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафкан мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ роҳбарият ва кормандони Сафоратро бо ифтитоҳи бинои нав табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд самараи кори онҳо дар роҳи рушди муносиботи ҳасанаи Тоҷикистону Беларус бештару беҳтар мегардад.

Табрикоту таманниёти наку ба онҳо, ҳамчунин аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Анатолий Калинин баён гардид.

Дар боғи зебои Сафорати Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Анатолий Калинин яктогӣ ниҳоли себ шинонда шуд.

Дар толори маҷлисии бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Беларус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо наздики 100 нафар тоҷикону ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд. Тавре аён гардид, қисмате аз иштирокдорони мулоқот донишҷӯён мебошанд, ки дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии Беларус таҳсили илм мекунанд. Умуман, дар Ҷумҳурии Беларус ҳоло беш аз 200 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳсили илм доранд.

Сипас миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва тоҷикону ҳамватанони муқими Беларус маҳфили пурсишу посух баргузор гардид.

www.president.tj