Ифтитоҳи Шифохонаи муосири хусусӣ дар дараи Ромит

№101(3247) 30.08.2014

шифохона

Бисту ҳаштуми августи соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба дараи зебоманзари Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Тангаӣ Шифохонаи муосири хусусии «Парастор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Чунонки аён гардид, ин шифохонаи зебою муосир бо 100 кати хоб барои беморон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холиқов сохта шудааст.

Бинои шифохона дуошёна буда, барои бунёдаш 11 500 000 сомонӣ масраф шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар бо кор машғул буд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур наздики 100 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Ҳоло ин шифохона дорои шуъбаҳои умумитиббӣ ва кӯдакона буда, барои хизматрасонии босифати тиббӣ наздик ба 80 ҳазор аҳолии чор деҳоти дараи зебои Ромит пешбинӣ шудааст. Соҳибкор Акрам Холиқов тасмим гирифтааст, ки оянда дар паҳлуи ин бино ҳамчунин як бинои сеошёнаи дигар барои шуъбаи муосири ҷарроҳӣ бунёд намояд. Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор уҳдадор шуд, ки оянда ба 50 нафар маъюбони ин минтақа ройгон хизмат расонанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор Акрам Холиқов барои ин иқдоми наку арзи сипос карда, ташаббуси ӯро намунаи ибрат номид.

Мардуми деҳоти атроф аз ин иқдоми соҳибкори маҳаллӣ басо хурсанд шуданд, зеро шифохонаи қаблии ин минтақа кайҳо кӯҳнаю фарсуда шуда буд.

www.president.tj