Иштирок дар ҳамоиши «Муколама аз рӯи масоили таҳкими мушорикат дар бахши ҳамбастагӣ» дар ҳошияи саммити Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором

№132 (3278) 11.11.2014

1960839_737834546286734_7495942620914029698_o

Нимаи дуюми рӯзи 8 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳамоиши «Муколама аз рӯи масоили таҳкими мушорикат дар бахши ҳамбастагӣ» дар чаҳорчӯби ҳошияи саммити Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин оғоз ёфт.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш дар шаҳри Пекин роҳбарони давлатҳо ва ё ҳукуматҳо аз ҳашт  кишвари қитъаи Осиё – Хитой, Тоҷикистон, Покистон, Муғулистон, Бангладеш, Камбоҷа, Лаос, Мянмар ва ҳамчунин роҳбарияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ба ҳам омаданд.

Тавре зикр гардид, яке аз мавзӯъҳои асосии ин муколама ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим ва густариши робитаҳо миёни кишварҳои Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, пеш аз ҳама, ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин барои даъват ба ин ҳамоиш ва сатҳи баланди пазироию меҳмоннавозӣ арзи сипос кард. Ӯ ҳамчунин ба ташаббуси Хитой доир ба роҳандозии муколама бо кишварҳои ғайриаъзои созмони Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором баҳои баланд дода, онро нишонаи ҷаҳди ин давлат ба густариши ҳамбастагии ҳамаҷонибаи минтақавӣ номид. Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои иқтисодию нақлиётӣ дар чунин доираи васеъ барои Тоҷикистон барин кишварҳои осиёӣ, ки роҳҳои баҳрӣ надоранд, басо муҳим аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси роҳбарияти Хитойро доир ба ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим дорои аҳамияти таърихию тамаддунӣ номида, чунин изҳор дошт: «Мо инро боз як имкони ҳалли вазифаи стратегии рушди муштараки минтақавӣ мешуморем».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имзо шудани Созишномаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи муҳайёсозии шароити мусоид барои боркашонии автомобилӣ ва раванди мувофиқасозии Барномаи рушди ҳамоҳанги роҳҳои мошингарди давлатҳои аъзои ин Созмон ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки ташкили чунин ҳамкорӣ дар минтақаҳои аз ин васеъ ба нафъи кулли кишварҳои Осиё аст.