Иштирок дар Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

19 майи соли 2013 дар шаҳри Чиангмайи Шоҳигарии Таиланд Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором дар мавзуи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об» ба кори худ шуруъ намуд.

Барои иштирок дар ин ҳамойиши бузурги минтақавӣ доир ба масоили об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳою ҳукуматҳо, намояндагони дигари воломақом аз кишварҳо ва созмонҳои сершумор ба ин ҷо ташриф овардаанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳамойиш ба ҳайси роҳбари кишвари пешоҳанг ва ташаббускор дар ҷаҳон доир ба ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба об даъват шудааст.

Тавре зикр гардид, ин ҳамойиш ва бисёр чорабиниҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ вобаста ба об дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об -барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», ки ҳар ду бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул ва эълон гардидааст, баргузор мегардад.

Муовини Сарвазир, раиси Комиссияи идораи об ва пешгирии офатҳои Шоҳигарии Таиланд Плодпрасоп Сурасвади изҳори сарфарозӣ намуд, ки бинои нави барои маҷлисҳои бошукӯҳ бунёдёфта бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, Эмомалӣ Раҳмон нахустин роҳбари давлати хориҷӣ аст, ки вориди ин бино шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ «ноил гаштан ба ҳадафҳо дар соҳаи об»-ро «роҳи асосии расидан ба дигар ҳадафҳои рушд» маънидод карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёӣ, хусусан Осиёи Марказиро ба ҳамкории созанда дар ин самт даъват намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба панҷ мушкили вобаста ба об дар Осиёи Марказӣ ишора кард, ки бартарафсозии онҳо мавқеъгирии судбахш ва ҳамкории созандаро тақозо мекунад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуд, ки «манфиатҳои кишварҳои болообу поёноб дар масъалаи истифодаи мавсимии захираҳои об на ҳама вақт бо ҳам мувофиқ меоянд ва боиси сар задани ихтилофоти муайян миёни онҳо мегарданд».

Тавре таъкид гардид: «Осиёи Марказӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва обӣ ва дар айни замон нигоҳ доштан ва беҳтар гардонидани сатҳи устувори муҳити зист имкониятҳои фаровон дорад. Вале, бинобар мавҷуд набудани ҳамкории кофӣ дар соҳаи об кишварҳои минтақа рӯ ба рӯйи мушкилоти мухталиф қарор доранд».

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар «ҷонибдории устувор»-и Тоҷикистонро «аз ҳаллу фасли мусолиматомези мушкилоти обӣ» таъкид дошта, изҳор намуд: «Мо барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҳамсоя ва дигар тарафҳои манфиатдор барои истифодаи муштараки захираҳои обии худ, ки ҳудуди 60 фоизи захираҳои обии минтақаро ташкил медиҳанд, омода ҳастем».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб иштирокдорони ин форумро ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки рӯзҳои 20-22 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар охир Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таманно намуд, ки бинои нави барои ин ҳамойиш бунёдёфта, ки имрӯз ифтитоҳ ёфт, ҳамеша макони ҳамгиройӣ ва тасмимгириҳои судбахши минтақавию ҷаҳонӣ бошад.

www.prezident.tj