Иштирок дар гузашти низомӣ

№66 (3367) 09.05.2015

Нуҳуми майи соли равон  бахшида ба 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки аз фоҷиаҳои мудҳиштарини таърихи инсоният маҳсуб ёфта,  қисмати аъзами кишварҳои оламро мувоҷеҳи мушкилот намуда буд, дар  давлатҳои зиёд чорабиниҳои гуногун баргузор гардид.

Гузашти низомӣ яке аз рукнҳои асосии таҷлили Рӯзи Ғалаба маҳсуб ёфта, дар сатҳи хуб ва сифати баланд баргузор шуданаш ба ҷашни фавқуззикр шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшад.

Ҳаштуми майи соли ҷорӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахт гузашти низомӣ баргузор гардид. Ёдовар бояд шуд, ки ҳаштуми май доир шудани чорабинии зикршуда ба сафари Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 70 –умин солгарди  Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  сурат мегирад, рабт дорад.

Омодагиҳо барои дар сатҳи баланд доир шудани ин чорабинӣ хеле хуб ҷараён гирифта, дар гузашти низомӣ зиёда аз 2000 нафар афсарону сарбозони ҷузъутомҳои Вазорати мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок карданд.

9 майи ҳамин сол  дар Майдони Сурхи шаҳри Москва гузашти низомӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии тантанавӣ сарварони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доштанд. Бино ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин гузашти низомӣ кишвари моро се нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Маҳбуба Турсунова, Ҳаким Ҳалимов ва Маҳмад Зардалиев намояндагӣ карданд.

Иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ  ваҷҳ ҷонбозиҳои  таҳамтанони майдони набардро фаромӯш накардаанд ва  Ҳукумати мамлакат низ дар ин ҷода собитқадам буда,  назарашро нисбати ин  фоҷиаи инсоният дигар накардааст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»