Иштирок дар маросими ифтитоҳи нақби «Чормағзак»

№123 (3108) 03.10.2013

823347_538436586226532_726609068_o

Субҳи якуми октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Чормағзак»-ро, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, мавриди истифодаи умум қарор дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба нуқтаи идораи нақб ворид шуда, бо шароити корӣ дар он шинос шуд. Тавре зикр гардид, аз ин ҷо ҳаракати мошинҳо аз ду самти даромад ба нақб ва дар дохили он ва ҳамчунин кори шабакаҳои рӯшноидиҳӣ, ҳавокашӣ, зиддисӯхторӣ ва ғайра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти навтарини дигар назорат ва идора карда мешавад.

Нақби «Чормағзак», ки қариб 4,5 км дарозӣ дорад, бо буридани лентаи рамзӣ ва дуою фотиҳаи наку ифтитоҳ ёфт. Нахустин шуда, аз дохили он қатори мошинҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз шимол ба ҷануб убур намуда, аз оғози мавриди истифодаи умум қарор гирифтани он башорат доданд.

Тавре зикр гардид, ин нақб бо роҳҳои аз шимолу ҷануб ба он пайвастшаванда бо харҷи беш аз 300 миллион сомонӣ бо сифати баланди сатҳи байналмилалӣ бунёд ёфтааст. Дар якҷоягӣ бо роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара бошад, ки қитъае аз шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма-сарҳади Хитой мебошад, дар маҷмуъ 630 миллион сомонӣ масраф шудааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки то имрӯз бо ин иншооти муҳими нақлиётӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 31 км нақбҳои мошингард сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Ғайр аз ин, дар ин муддат 1700 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ бо 200 пули хурду бузург ва даҳҳо километр долонҳои зиддитармавӣ сохта ва навсозӣ шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии тантанавӣ дар шаҳри Норак, ки дар ҳузури анбуҳи зиёди мардум, аз ҷумла намояндагони аҳли зиёи кишвар, сурат гирифт, ифтитоҳи ин иншооти бузурги нақлиётиро ба кулли сокинони Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки акнун масофаи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб нисбат ба шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 км кӯтоҳ шуд.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки акнун бехатарии ҳаракати мошинҳо дар ин қитъаи кӯҳии роҳ хеле беҳтар мегардад ва бояд боиси коҳиш ёфтани шумораи садамаҳои нохуши нақлиётӣ шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин нақби навбунёд ба хотири гиромидошти яке аз қадимтарин воҳидҳои ҷуғрофии сарзамини аҷдодиамон Хатлон номгузорӣ шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як қатор бунёдкорони ин нақби мошингардро аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намуд.

Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони сершумори мардуми кишвар маҳфили пурсишу посух ва андешаронӣ баргузор гардид. Дар миёни мардум намояндагони зиёиёни эҷодкори кишвар, аз ҷумла Гулназар Келдӣ, Бозор Собир, Кароматулло Мирзоев, Камол Насрулло ва Абдулҳамид Самадов низ ҳузур доштанд.

www.president.tj