Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот баъди анҷоми гуфтушунид бо Алмазбек Атамбаев

№65 (3050) 01.06.2013

Қирғизистон,  27 майи соли 2013

 Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Сафари расмии ман ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва натоиҷи аввалини он аҳамияти бузургеро, ки ҷонибҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва мушорикати судманд медиҳанд, равшан намоиш доданд.

Мазмуни асосии сафар дар баробари имзои санадҳои дуҷониба, иборат аз табодули мутақобилаи судбахши афкор аз рӯйи доираи васеи масоили муҳими дорои хусусияти дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ буд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои худтанзимкунӣ, таҳким ва рушду густариш неруи ғаниро дороанд. Барои ин Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ ва ду комиссияи байниҳукуматӣ таъсис ёфта ва фаъолият доранд.

Бинобар ин, вазифаи мо он аст, ки барои истифодаи амалии неруи ғании ҳамкории мутақобилан муфид ҳамроҳи мушорикони қирғизамон ҳамаи имконотро рӯйи кор орем. Алалхусус барои он ки мо бисёр умумият, аз ҷумла сарҳади тӯлонӣ, шароити ба ҳам монанди табиию иқлимӣ ва сохтори иқтисодӣ дорем.

Мо нақшаҳои калони муштарак дорем, ки мақсад аз ҳуҷҷатҳои имрӯз ва солҳои гузашта имзошуда дар амал татбиқ намудани онҳоанд.

Мо тасмим гирифтем, ки роҳи истифодаи пурратари имкониятҳоро давом диҳем, то муомилоти афзояндаи дуҷонибаи амволро ба куллӣ афзун намоем, лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили «CASA- 1000» – ро дар амал татбиқ кунем, ҳамкории зичи мутақобилан муфидро дар ҳамаи самтҳо роҳандозӣ намоем.

Дар гуфтушунидҳо муносибату принсипҳои асосии ҳалли масоили мураккаби муқаррар намудани хатти сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои баҳсноки он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мо ба ҷонибдории дар рӯҳияи ҳамсоягии нек, ба таври судманд, тафовуқҳои оқилонаи ҳар ду ҷониб ва ба назари эътибор гирифтани манфиатҳои якдигар ба таври орому оқилона ҳал намудани ин масъалае, ки таърихан боқӣ мондааст, изҳори ақида намудем.

Дар ин манзар фаъолияти зич ва ҳамкории самарабахши сохторҳои дахлдорамон дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои имрӯза, аз қабили терроризм, ифротталабӣ, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар тақозои замонанд.

Ҳар ду ҷониб омодагию манфиатро ба танзими мавқею амал ва дастгирии якдигар дар чунин меъёрҳои бисёрҷонибаи муътабар, аз ҷумлаи СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ, СААД ва дар ҳошияи сохтору созмонҳои дигари байнидавлатӣ ва байналмилалӣ иброз доштанд.

Мо аз ҷараёну натоиҷи сафар розӣ буда, барои баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи мушорикати босуръату судманд дар соҳаҳои гуногун саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ медиҳем.

Ман Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Алмазбек Шаршенович Атамбаевро даъват намудам, ки муколамаи судманди байнидавлатии дар Бишкек суратгирифтаро ҳамчун ташрифи расмӣ дар шаҳри Душанбе давом диҳем.