Навсозии роҳҳои маҳаллии Ҳисор дар авҷ аст

№96 (3242) 15.08.2014

роххо

Дар маркази ноҳияи Ҳисор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди авҷи навсозии роҳҳои маҳаллӣ гардид.

Чунонки иттилоъ доданд, бо роҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон танҳо аз ҷониби Ширкати ватании «Роҳҳои Тоҷик», ки роҳбараш соҳибкори маҳаллӣ Қурбонмурод Неъматов аст, дар ин ноҳия бояд 25 км роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои худи ин ширкат навсозӣ шавад. Қисмати зиёди ин кор то моҳи сентябри соли 2015 дар доираи омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор анҷом ёфта, боқӣ то соли 2016 ба поён хоҳад расид.

www.president.tj