Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тавилдара

№121-122 (3106-3107) 01.10.2013

Бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тавилдара мавриди истифода қарор гирифт

27 сентябри соли 2013 дар доираи сафари кории худ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард.

ШКД ТАВЛИДАРА

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ба истифода супурдани бинои нави шуъбаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тавилдара иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти он расман оғоз бахшид. Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои кормандони мақомоти дохилӣ шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносойӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки сол то сол шароити моддию техникии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат беҳтар гардида, амалӣ кардани ин тадбир барои фаъолияти пурсамари кормандони соҳа мусоидат мекунад.Дар рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур то 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Бинои нав дар маҷмуъ дорои 30 утоқи корӣ ва як маҷлисгоҳ буда, бо тарҳи муосири санъати меъморӣ бунёд ёфтааст.

Президенти мамлакат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастуру ҳидоятҳо дода, таъкид намуд, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ садоқатмандона ва бо масъулияти баланд фаъолият намоянд.

 

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара ба истифода дода шуд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара ифтитоҳи расмӣ бахшид. Ин варзишгоҳ дар канори рӯди Хингоб дар масоҳати ду ҳазору 584 метри муррабаъ сохта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносойӣ аз ин иншоот ва суҳбат бо варзишгарон иброз дошт, ки дастовардҳои варзишии ҷавонони ноҳия бояд беҳтар шавад. Зеро дар ин макон барои тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам омадааст.

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара бо маблағи чор миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуда, дорои қариб чор ҳазор ҷойи нишаст мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангию маърифатӣ мувофиқ аст. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи иншооти сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонии он аз ҷониби ҶДММ «Умед» ба анҷом расонида шудааст.

Дар варзишгоҳ майдони асосии бозии андозааш 90 ба 60 метр, ду ҳуҷраи либосивазкунӣ бо ҳаммомҳо ва ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулини соҳа дастур дод, ки ба тарбияи варзишгарони касбӣ диққати махсус диҳанд.

Ҳоло дар ноҳияи Тавилдара 258 варзишгари касбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо бунёд ёфтани варзишгоҳи нав шумораи онҳо сол то сол зиёд хоҳад шуд.

Аснои суҳбати озоду самимӣ бо сокинон Президенти мамлакат таъкид кард, ки ҳар чӣ бештар ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонидани онҳо масъулиятшинос бошанд.

 

Шиносойӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Тавилдара

Дар маркази ноҳияи Тавилдара аз ҷониби кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.

Ҳангоми шиносойӣ аз ин намоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварди меҳнатии кишоварзон дар самти истеҳсоли картошка баҳои баланд дод.

Чунонки маълум гардид деҳқонони ноҳияи Тавилдара дар майдони 667 гектар навъҳои беҳтарини картошка кишт намуданд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 500 сентнериро ташкил дод.

Сарвари давлат бо кишоварзони ноҳия суҳбат намуда, доир ба афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани боғҳои мевадиҳанда, инчунин рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Ноҳияи Тавилдара аз ноҳияҳое мебошад, ки дар он вобаста ба шароити табиию ҷуғрофӣ истеҳсоли асали хушсифат мувофиқ аст ва бо дарназардошти ин сол то сол оилаи занбӯри асал зиёд карда мешавад. Алҳол дар ноҳия 11 ҳазору 800 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад.

Сарвари давлат ба деҳқонон дастуру маслиҳат дод, ки ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, бо ин восита дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

 

Оғози фаъолияти Кохи фарҳанг ва мулоқот бо фаъолони ноҳияи Тавилдара

Дар маркази ноҳияи Тавлидара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташами Кохи фарҳангро ба истифода супурд.

Пас аз буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат бо шароит ва имкониятҳои муҳайёгашта дар иншооти мазкур шинос шуд.

Кохи фарҳанги ноҳияи Тавилдара аз ду ошёна ва таҳхонаи дорои шароити мусоиди корӣ ва толори барҳаво барои қариб 500 ҷойи нишаст мебошад, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифатӣ пешбинӣ шудааст. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи иншооти сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонии он аз ҷониби ҶДММ «Наҷҷор» ба анҷом расонида шудааст.

Иншооти мазкур дар давоми ду сол бо харҷи шаш миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, дар ошёнаи якуми он китобхонаи марказии ноҳия низ ҷой гирифтааст.

Ҳангоми боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёди Кохи фарҳангро барои пешрафти фаъолияти кормандони соҳаи фарҳанги ин ноҳияи дурдаст муҳим арзёбӣ кард.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои Кохи фарҳанг бо фаъолони ноҳияи Тавлидара мулоқот анҷом дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат изҳор намуд, ки ноҳияи Тавилдара зода ва ҳамқадами замони истиқлолият буда, дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба ин гӯшаи диёр ва заҳмати софдилонаву ватандӯстонаи сокинон кӯчаву хиёбон ва раставу гулгаштҳои маркази ноҳия зебову дилкаш гардида, биноҳои зебову замонавӣ қомат афрохтаанд.

Дар солҳои истиқлолият, махсусан аз соли 1995 инҷониб, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тавилдара зиёда аз 118 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ қариб 107 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва сокинон суҳбати озоду самимӣ сурат гирифт. Дар зимн барои фаъолияти минбаъда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

www.president.tj