Вохӯрӣ бо Сарвазири Давлати Кувайт

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Ҷобир Муборак Алаҳмад Ассабоҳ

Қабл аз музокироти сатҳи олӣ, ки бо иштироки сарони ду давлат баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 июни соли 2013 бо Сарвазири Давлати Кувайт  Шайх Ҷобир Муборак ал-Аҳмад  ас-Сабоҳ мулоқот намуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Шайх Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас-Сабоҳ аз ин хусус чунин изҳор дошт: «Боздиди навбатии Шумо ба Давлати Кувайт пурбаракат аст».

Зимнан ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои густариши чунин ҳамкорӣ муҳим дониста шуд. Доир ба роҳҳои татбиқи амалии лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ дар соҳаҳои роҳсозӣ, бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ, мусоидат ба бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Давлати Кувайт  Шайх Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас-Сабоҳ даъват намуд, ки моҳи августи соли равон барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба об ба шаҳри Душанбе ташриф биёрад.

www.prezident.tj