Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Туркманистон

№101 (4363) 05.08.2021

51357028873_8a27ca5c76_oСеюми августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар сафар Роҳбари мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Шоми 3 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Туркманистон — шаҳри Ашқобод шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод, ки бо парчамҳои Тоҷикистону Туркманистон ва сафҳои Горди фахрӣ ороста шуда буд, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар чаҳорчӯбаи барномаи сафари давлатӣ 4 августи соли ҷорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, масъалаҳои вобаста ба рушди муносибот ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлуи ҳар ду кишвар баррасӣ гардид.

4 августи соли 2021 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони «Истиқлол»-шаҳри Ашқобод оғоз ёфт.

Барои истиқболи меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони зебо бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта, Горди фахрии Туркманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф орост.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Маросими бошукӯҳи истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузашти сарони ҳар ду давлат аз назди ҷузъҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии кишвари мизбон, салом арза дош­тан ба афсарону сарбозони Горди фахрӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфта, бо гузашти низомии ҷузъҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ҳар ду давлат ба поён расид.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ ҳангоми ҳаракат аз майдони «Истиқлол» то Қасри «Оғузхон» автомашинаи меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро қаровули фахрии аспсаворон ҳамроҳӣ карданд.

Баррасии масоили ҳамкории ду кишвар 4 августи соли равон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Туркманистон идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба Сарвари кишвари мизбон — Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Туркманистон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикис­тон тарафдори рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад.

Таъкид гардид, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ-гуманитарӣ ба вуҷуд омад ва дар асоси дастовардҳо ҳамкории давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои кунунии ҳамкории ҳар ду кишвар, инчунин, бархе аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Изҳори умед карда шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди байни кишварҳо минбаъд низ ба нафъи халқҳои бародар фаъолона рушд хоҳад кард.

Барои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ ва тиҷоратӣ — иқтисодӣ роҳандозии тадбирҳо оид ба татбиқи «Барномаи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ то соли 2023», инчунин, ташкили «Харитаи роҳ оид ба зиёд кардани гардиши савдо барои солҳои 2022 — 2023 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон» зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки баҳрабардорӣ аз имконоти васеи соҳаҳои саноат, нақлиёт, ташкили мусофиркашонӣ дар роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавоӣ, ташкил ва боло бурдани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии боркашонӣ бо мошин ва роҳи оҳан тавассути Туркманистон, истифодаи бандари байналмилалии баҳрии «Туркманбошӣ» ҳамчун маркази логистикии борҳои транзитии Тоҷикистон, ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Зимни мулоқот оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, аз ҷумла, дар бахши зироаткорӣ ва чорводорӣ, бо истифодаи имконоту иқтидори мавҷуда табодули афкор шуд.

Рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои фарҳангӣ — гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла, байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ахали Туркманистон аз мавзӯъҳои дигари мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон буд, ки ҷонибҳо барои татбиқи онҳо омодагӣ ва ҳавасмандӣ изҳор доштанд.

Инчунин, ҷонибҳо ҳамкории судманди кишварҳоро дар чаҳорчӯбаи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар сохторҳо, баррасӣ карданд.

Ғайр аз ин, ба мушкилоти амнияти минтақавӣ, ба таҳдид­ҳои асосӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизм, радикализми динӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, қочоқи маводи мухаддир ва вазъи душвори муқовимати дохилӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманис­тон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мувофиқ бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

51355816942_b7e70e1723_oБаъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон имзо гузоштанд.

Сипас, 19 санади зерин ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон;

Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманис­тон барои солҳои 2021 — 2023;

Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва робитаҳои хориҷии Туркманистон дар бораи ташкили хонаҳои савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон;

Харитаи роҳ оид ба зиёд кардани гардиши савдо барои солҳои 2022 — 2023 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон;

Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Палатаи савдо ва саноати Туркманистон;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати сайёҳӣ ;

Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2024;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нефтӣ ва гази моеи карбогидридӣ;

Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманис­тон дар бораи эътирофи дутарафаи иҷозатномаҳо барои амалигардонии фаъолияти сохтмонӣ;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Туркманистон;

Созишномаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Ахали Туркманистон;

Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Туркманистон;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;

Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Турк­манистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 30 декабри соли 1999;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2021 — 2023;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон.

Баъд аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ оид ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ҳар ду кишвар барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста шуд.

Сарони ҳар ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Берди­муҳамедов бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд.

Нимаи дуюми 4 августи соли 2021 дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошта, арвоҳи гузаштагонро бо фотеҳаи нек шод карданд.

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба амал оварданд.

Дар майдони Маҷмааи «Ёдгории миллӣ» — и шаҳри Ашқобод ба таъриху тамаддуни мардуми туркман, дар назди муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа, қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шаҳидони заминларза дар шаҳри Ашқобод эҳтиром ба ҷо оварда, дар назди «гулхани абадӣ» гулчанбар гузоштанд. Дар маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон ҳамроҳӣ карданд.

Сипас, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳон ба Осорхонаи Туркманистон ба номи «Муқаддасоти Ватан» ташриф оварда, баъд аз шиносоӣ бо нигораҳои нодир дар китоби меҳмонони фахрӣ аз ташрифи худ дастхат ва соядаст гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадаф аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон расидан ба тавофуқоти зиёд дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатовар мебошад.

Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ сарони ҳар ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар баробари масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, инчунин, ҳадафҳои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои зиёди истифоданашударо баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки байни Тоҷикистону Туркманистон аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ беш аз 75 санади муҳими ҳамкорӣ мавҷуд буд ва боз 20 санади нав ба имзо расид.

5 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ашқобод бо Президенти Туркманис­тон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба шаҳри Туркманбошӣ ташриф оварда, аз Бандари баҳрии байналмилалии «Туркманбошӣ» боз­дид намуданд.

Дар даромадгоҳи бинои маъмурии бандар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти он самимона истиқбол гирифтанд.

Нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаъолияти бисёрсамтаи бандари баҳрии байналмилалӣ, имконоти техникӣ, ҳамкории тиҷоратӣ бо дигар кишварҳо ва паҳлуҳои гуногуни кори он маълумот доданд.

Зимни шиносоӣ бо бандари баҳрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти он ҷиҳати ташкили ҳамкории пурсамар оид ба интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон, истифодаи марказ барои баромадан ба бозорҳои кишварҳои дигар ва ба роҳ мондани воридоту содироти маҳсулоти Тоҷикистон суҳбати самимӣ доир карданд.

Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани робита ба воситаи Бандари баҳрии байналмилалии «Туркманбошӣ» яке аз омилҳои муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар самти ҳамкории соҳаи нақлиёт гардида, барои ҳар ду ҷониб судовар хоҳад буд.

www.president.tj