Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода

№32 (3669) 22.03.2017

ПРЕЗИДЕНТ21 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Пеш аз оғози чорабиниҳои фарҳангии наврӯзӣ аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода як қатор иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ гардид, зеро созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ аз оини нек ва хоси ҷашни Наврӯз аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи шаҳр сокинону фаъолон бо эҳтирому самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Аҳли ҳунар ва хонандагон ба хотири пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи зебову рангинро, ки фазилатҳои неки Наврӯзи бостониро бозгӯйӣ мекард, манзур намуданд.

Дар деҳаи Зарбдори деҳоти ба номи Турсун Туйчиеви шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти чанд хоҷагии деҳқонӣ, ки ба сабзавоткорӣ машғуланд, шинос шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии «Саховат-1»-ро аз назар гузаронда, ба кори кишоварзону саҳмдорон баҳои баланд доданд. Сарвари давлат ба меҳнаткашон барои рушди соҳаи афзалиятнок, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ, бахусус помидор ва бодиринг маслиҳатҳои муфид доданд.

Хоҷагии «Саховат – 1»-ро деҳқони ботаҷриба Абдуллоҷон Ҷӯраев роҳбарӣ мекунад. Гармхонаҳои хоҷагӣ дар масоҳати 0,50 гектар бунёд карда шудааст. Дар гармхонаи якуми хоҷагӣ, ки масоҳати он 0,8 гектар ва гармхонаи дуюм 0,12 гектарро ташкил медиҳад, помидори навъи «Белла F-1» шинонида шудааст.  Дар ҳар ду гармхона 5 ҳазору 800 бех ниҳоли помидор нашъунамо дорад. Обдиҳиву ғизодиҳии помидор ва бодиринг бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Масоҳати заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии «Саховат-1» 3,1 гектарро ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ баробари парвариши маҳсулот дар гармхонаҳо, ҳамчунин, дар майдони 2 гектар сабзавот, аз ҷумла 1 гектар пиёз, як гектар бодиринг ва 0,60 гектар ғалла кошта шудааст.

Дар деҳаи Зарбдор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба фаъолияти меҳнаткашони хоҷагиҳои деҳқонии «Доно», «Баҳодур» ва «Лочин» шинос шуданд. Саҳмдорони ин хоҷагиҳо низ ба парвариши сабзавоти барвақтӣ — помидору бодиринг, карам, пиёз, шалғам ва сабзӣ машғул мебошанд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Доно» дар масоҳати 0,10 гектар бодиринги навъи «Парма» ва беш аз 6 ҳазор бех ниҳоли помидори навъи «Мадина» шинонида шудааст. Тибқи маълумоти роҳбари хоҷагӣ Абдусалом Холбеков, аз соли 1996 саҳмдорони хоҷагӣ бо гирифтани ҳосили баланд, дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот, содироти онро ба хориҷ низ ба роҳ монда, даромади хуб мегиранд.

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашонро, ки дар он анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодиринг ва маҳсулоти мевагӣ буд, тамошо карданд.

Сокинони меҳнатқарини шаҳри Турсунзода барои дастгирӣ ва талошҳои пайваста баҳри беҳдошти шароити кору зиндагӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

Дар деҳоти «Регар» — и шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агросаноат» ба кишти зери плёнкагии пахта бо усули обмонии қатрагӣ оғоз бахшиданд.

Меҳмони олимақомро дар даромадгоҳи хоҷагии мазкур деҳқонони соҳибтаҷриба ва олимони соҳа гарму самимӣ истиқбол гирифта, бо иштироки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишти пунбадона шурӯъ намуданд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агросаноат» 500 нафар коргар ва 869 гектар замини корам дорад, ки 769 гектари он обӣ, 100 гектар лалмӣ ва бештар аз 2 гектари дигарро боғи интенсивӣ ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти хоҷагии мазкур истеҳсол, азхудкунӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошад. Дар фермаи ширию гӯштии хоҷагӣ, дар айни замон 437 сар гови хушзоти «Симинтал», ки аз давлати Олмон ворид карда шудааст, парвариш меёбад.

Дар ҳамон ҷо ба Сарвари давлат олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба истифодаи технологияи муосири обёрии қатрагӣ бо найчаҳои полиэтиленӣ дар парвариши пахтаи навъи ватании «Дӯстӣ-ИЗ» маълумот доданд. Ҳосили интизории ин навъи тухмӣ 50-55 сентнерро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳи обёрии қатрагӣ аз истгоҳи обкашӣ, таҷҳизоти обтозакунӣ, қубурҳои магистралӣ, тақсимкунанда ва хатти қатрадиҳанда иборат мебошад. Кишти пахта бо чунин усул дар шаҳри Турсунзода бори аввал ба роҳ монда мешавад. Афзалияти технологияи инноватсионӣ дар сарфаи об мебошад. Истифодаи нуриҳои минералӣ ва коркарди байни қаторҳо ҳам кам шуда, замин аз шӯршавӣ нигоҳ дошта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнаткашони хоҷагӣ суҳбати озоду самимӣ доир карда, ба онҳо барои баҳрабардорӣ аз ҳар ваҷаб замин бо истифода аз обу ҳавои мусоиди фасли баҳор маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои 6-ошёнаи истиқоматиро бо маркази хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти тозабунёд аз 4 қисм иборат буда, бо маблағи 11 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдуқаҳҳор Ғаффоров бунёд шудааст. Бинои мазкур аз 153 манзили истиқоматии 1, 2 ва 3 — ҳуҷрадор иборат мебошад. Масоҳати хонаҳои истиқоматӣ, ки бо тарзи миллии меъморӣ сохта шудаанд, 5 ҳазору 750 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонии бино бо маркази хизматрасонӣ дар ошёнаи якуми он соли 2015 оғоз гардида буд. Лоиҳаи бино аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АРХ Строй» тарҳрезӣ гардида, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Капитал АА-2014» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Соҳиб Дӯст» мебошанд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ то 50 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Саҳни бино ба таври муосир оро ёфта, барои фароғату бозии хурдсолон майдончаи нави варзишӣ  омода шудааст.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав дар маркази хизматрасонии он наздик ба 30 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин мегарданд. Минбаъд меҳмонону сокинони шаҳр метавонанд дар ин ҷо аз намудҳои гуногуни хизматрасонии ба талаботи замон ҷавобгӯй баҳравар шаванд.

Соҳибкор Абдуқаҳҳор Ғаффоров ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии пайваста ва таъмини шароити мусоид ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки дар ояндаи наздик дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳр боз 2 бинои баландошёнаи истиқоматиро бо ҷойгир намудани таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохти меъморӣ ва сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди бинои хуштарҳу замонавиро дар рӯзҳои таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯз туҳфаи арзанда ба сокинони саодатманди шаҳри Турсунзода маънидод карданд.

 Дар шаҳри Турсунзода баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок ва суханронӣ карданд.

Тантанаҳои асосии таҷлили Наврӯзи ҷаҳонии хуҷастапай дар варзишгоҳи марказии шаҳр баргузор шуд, ки дар он фаъолони кишвар, намояндагони зиёиёни мамлакат, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, меҳмонон аз кишварҳои хориҷ ва сокинони шаҳри Турсунзода ширкат варзиданд.

www.president.tj