Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

№57 (3694) 23.05.2017

33962845334_06757ce105_o20 майи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Шоми 20 майи соли 2017 дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Миср мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот изҳор доштанд, ки ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ назари нек доранд ва Мисрро яке аз кишварҳои меҳварӣ дар минтақа медонанд.

Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ дар рафти мулоқот ба қобилияти сулҳоварию пешвоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: «мо ба шахсият ва ­талошҳои ибратбахши шумо эҳтироми хос дорем».

Ҳар ду ҷониб зарурати беш аз пеш фаъол намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмиро таъкид намуданд.

Бо дарназардошти захираҳои фаровони обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Бо ёдоварӣ аз зарарҳои ба ҳам монанде, ки ҳар ду кишвар аз терроризму ифротгаройӣ, сиёсатҳои дугона ва дахолатҳои хориҷӣ дар таърихи худ рӯ ба рӯ шудаанд, ҳар ду ҷониб ба табодули маълумоти махсус ва таҷрибаи фаъолияти зиддитеррористӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Дар охири суҳбат, ки дар фазои басо гарму дӯстона сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ даъват намуданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 21 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар Маркази ҳамоишҳои байналмилалии Шоҳ Абдулазиз баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

​Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд самимона истиқбол гирифт.

​Дар саммит сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 55 кишвари олам иштирок карданд.

​Қабл аз оғози чорабинӣ маросими аксбардории иштирокчиёни саммит баргузор шуд. ​Ҳамоиши сатҳи баландро, ки ба мавзӯи таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо, муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои глобалии ҷомеа — терроризму ифротгаройӣ бахшида шуд, бо сухани муқаддимавӣ Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ифтитоҳ намуд.

Сипас, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп суханронӣ кард.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмондиҳандагони чорабинӣ барои меҳмоннавозии олӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки зарурати баррасиву муҳокимаи мавзӯъҳое, ки боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҳамаро дар ин рӯз ҷамъ овардааст

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бори дигар терроризм ва ифротгаройиро, ки ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфтааст, маҳкум намуда, аз иштирокчиёни иҷлосия барои дарёфти роҳҳои муассири решакан кардани сарчашмаҳои дастгирии сиёсӣ, низомию молиявӣ ва пешгирии оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавии таҳдидҳои ҷаҳонӣ  даъват ба амал оварданд.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон истифодаи сиёсати «меъёрҳои дугона» яке аз омилҳои ба таври фарогир татбиқ нагардидани иқдомҳои ҳамоҳангшуда буда, бар асари мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар қарор гирифтаанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз ҷуғрофияи паҳншавии  терроризм ва ифротгаройӣ дар шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар, ки хатари аз байн рафтани кишварҳо, ҳалокати садҳо ҳазор нафарони бегуноҳ ва харобиву хисороти бемислро дар пай доранд, инчунин кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини ислом ва суиистифода аз номи поки он ёдовар шуданд.

Бо ёдоварӣ аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ин таҷриба бори дигар собит сохт, ки ҳама гуна неруҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш аз номи поки ислом суиистифода мекунанд, ҳаргиз мавриди пуштибонии ҷомеа қарор нахоҳанд гирифт.

Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ҳамчунин доир ба ноамнӣ дар кишварҳои алоҳидаи Ховари Миёна ва вазъияти мураккаби сиёсию низомии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои судманд иброз дошта, мавқеи  Тоҷикистонро  дар ҳалли мушкилот ва пешгирию маҳкум намудани хатарҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ таъкид намуданд.

Дар хотима Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ­рӯзафзуни гуфтугӯи тамаддунҳоро бар асоси баробарӣ, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулгароӣ, шаффофият ва ягонагии сухану амал бори дигар таъкид карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиш таъсиргузор ва ҷавобгӯи ормонҳои сулҳу суботи ҷомеаи кишварҳо хоҳад буд.

Дар доираи нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 22 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина Вазед мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои судманди байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки густариши муносибатҳои дуҷониба бо Бангладеш яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишварҳои Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон шароит барои фаъолиятҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва сармоя­гузориҳои мустақим фароҳам буда, дар ин замина доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Бангладеш метавонанд, ки бо ҳамтоёни тоҷики худ робитаҳои мустақим ва судманд барқарор намоянд.

Таъсиси Шӯрои соҳибкорон, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, корхонаҳои муштараки бофандагӣ ва дӯзандагӣ, коркарди биринҷ, пӯсти хом ва истеҳсоли пӯсти тайёр самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ шуд.

Хонум Шайх Ҳасина Вазед ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти ҳамгироӣ бо Тоҷикистон дар доираи СММ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ таъкид намуд.

Ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро низ аз самтҳои ояндадори муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ карданд.

Дар идомаи суҳбат масоили тақвияти ҳамбастагии ду давлат дар мубориза ба муқобили терроризму экстремизми байналмилалӣ, гурӯҳҳои ҷинояткори фаромарзӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории мустақими ниҳодҳои амниятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз Хонум Шайх Ҳасина Вазед даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Нимаи дуюми 21 майи соли 2017 дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот масоили ба вусъат додани робитаҳои судманди Тоҷикис­тону Ҷумҳурии Лубнон рабтдошта баррасӣ шуд.

Зимни вохӯрӣ, ки хеле самимӣ ҷараён гирифт, ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳию сармоягузорӣ, инчунин дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар иброз доштанд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгаройӣ ва дигар масъалаҳои доғро, ки ба амнияти минтақа ва кишварҳо таҳдид мекунанд, муҳокима карданд.

22 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони як қатор давлатҳои дигар, аз ҷумла Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Валиаҳди Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳаён, Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн Ҳамад бин Исо Олӣ Халифа ва Сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ мулоқотҳои судманду самимӣ ва созанда доир карданд.

Зимни суҳбатҳо, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидор ва мулоқот бо ҳамтоёни худ изҳори қаноатмандӣ карда, ин вохӯриҳоро таконбахши рушду густариши муносибатҳо маънидод намуданд.

 www.president.tj